Тафтиши шиносномаҳо барои пайдо кардани Маликаву Сабина
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани Малика ва Сабинаи ноболиғ тафтиши шиносномаҳоро дар Душанбе оғоз кардааст.
Як манбаъ аз ВКД гуфт, “дар ин рейд, кормандони шӯъбаву дастгоҳҳои умури дохилии ноҳияҳои пойтахт ва маҳаллаҳои шаҳр ба манзилҳои зист рафта, шумораи истиқоматкунандагони манзилҳоро мушаххас мекунанд иззи ангуштҳои онҳоро низ мегиранд.”
Ин дар ҳолест, ки бархе аз ронандагони таксиҳо дар маҳаллаи “Садбарг”-и пойтахт ба Озодагон гуфтанд, аз ҳоло маъмурони пулис изи ангуштони онҳоро гирифтаанд.
Аз бедарак шудани Малика ва Сабина, ки яке чорунимсола ва дигаре шашсолаанд, 17 рӯз пушти сар шуд. То ҳоло маълум нест, ки оё онҳоро касе дуздидааст ва ё раҳгум задаанд. Ахиран вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов пайдо накардани ин ду духтари ноболиғро фаъолияти заифи гуруҳи оперативӣ номид.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои мобилӣ низ бо ирсоли смс ё паёмакҳо аз сокинони кишвар хостаанд, дар сурати дидани ин ду духтари ноблиғ ба рақами “02” занг зананд. Барои пайдо кардани Малика ва Сабина гуруҳи бузурги ихтиёриён низ ҷалб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |