Бахшҳо

Номаи хонанда: Дидор бо донишманди тоҷик дар ғурбат

Имрӯзҳо ба унвонии торнамои “Озодагон” даҳҳо номаи хонандагон мерасанд, ки яке аз пешрафтҳои донишмандони тоҷик ва дигаре аз мушкили ҷомеа ҳикоят мекунад. Мо ҳамаи онро бо навбат ва бидуни таҳрир нашр хоҳем кард. Ҳоло як матлаберо, ки Замониддин Насриддинов, аспиранти соли сеюми бахши сангшиносии шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия, ба мо фиристодааст, пешкаши Шумо мекунем.


“Фарҳод Ғафурзода хатмкардаи факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия, муаллифи зиёда аз 150 мақола, китоб, дастурамал ва матлабҳои илмӣ, кашшофи минералҳои наве чун «Файзиевит» ва «Александровит», ошкоркунандаи минералҳое чун титантарамелит ва барилит дар қаламрави Тоҷикистон мебошад. Ин донишманди тоҷикро дар лабораторияи минералогия ва тадқиқоти геологии ба номи Ферсмани шаҳри Маскав, ҳангоми гузаронидани омӯзишҳои термобарокимиёвӣ барои омода кардани рисолаи докториаш вохӯрдам. Сӯҳбати мо хеле гарм сурат гирифт. Дидор бо чунин инсони наҷиб барои ман як рӯзи ид буд. Саволу ҷавоби мо аз соати шаши бегоҳ то ёздаҳи шаб давом кард, инчунин ҳангоми хайрухуш то метро зери борони баҳорӣ. Фишурдаи сӯҳбатҳоро меорам, то хонандагони азиз аз кору фаъолияти ин инсони наҷиб огоҳ шаванд.

-Устод, кадом минералҳоро кашф кардед ва ин минералҳо дар куҷо ёфта шудаанд?

-Банда дар ҳамкорӣ бо олимони русу конодоӣ ду минерали нав (файзиевит ва александровит), ки дар ҷаҳон бори нахуст аз пайдоишаш сухан меравад ва ду минерали дигар (титантарамелит ва барилит)-ро, ки дар сарзамини тоҷикон бори нахуст ошкор гардидааст, кашф кардем. Аҷоибаш он аст, ки ҳама минералҳои кашфкардаву ошкоркардаи мо, маҳз дар мавзеи Дараи Пиёзи ноҳияи Рашти Тоҷикистон дарёфт шудаанд. Воқеан, мавзеи мазкур дар қисмати Тоҷикистони Марказӣ чойгир гашта, аз лиҳози минералогӣ, сохти геологӣ ва чандин хусусиятҳои хоси дигараш дар миқёси ҷаҳон ҳамто надорад. Дар ин мавзеъ, дигар олимони варзидаи русу ҷаҳонӣ, зиёда аз 30 минерали нав ва навъҳои онҳоро кашф карданд. Дар ҷаҳон агар тахминан зиёда аз 3000 минерал мавҷуд бошад, фикр кунед, ки зиёда аз 30-тоаш маҳз дар Ватани мо – Тоҷикистон кашф шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки мавзеи мазкур дар миқёси чаҳон яке аз мавзеъҳои беҳамто шинохта шудааст. Бояд зикр кард, ки минералҳои наве, ки маҳз дар ин мавзеъ ошкор гардидаанд, бисёриашон номҳои маҳалҳои Тоҷикистон, олимони номвари тоҷикро доранд. Масалан ба номи академик Р. Б. Баротов минерали баротовит, ба номи мавзеи мазкур минерали дараипиёзит, дар хусуси мутааллиқ будан аз лиҳози геологӣ ба минтақаи Туркистон минерали туркистонит, вобастагӣ ба дарёи Сурхоб минерали сурхобит, вобаста ба оне, ки олими тоҷик Дӯстматов В.Ч. дар мавзеи мазкур корҳои илмии назаррасе кардаанд ва саҳми худро дар омӯзиши минералогияи ин мавзеъ гузоштаанд (имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд), минерали дӯстматовит ва ғайраҳо номгузорӣ шудааст. Минералҳое чун авиценнит, тоҷикит, тиёншонит ва дигар низ дар ин мавзеъ ошкор гардидаанд.

-Ба ҷаҳониён исбот кардани ин минералҳои нав чӣ мушкилиҳо дошт?
-Ҳеҷ мушкилоте надошт. Зеро он чизе, ки мо омӯхтем, таҳлилҳои гуногуну замонавӣ доштанд ва исбот кардем, ки чунин минерал дар ягон минтақаи олам дар чунин шаклу сохт ва ассотсиатсияаш дучор наомадааст.

-Чанде пеш Шумо дар омӯзиш ва номгузорӣ кардани минерали наве ба номи фарзанди шоистаи точик – академик Файзиев А.Р. иштирок доштед, дар ин бора чӣ мегӯед?

-Вақте мо дар мавзеи Дараи Пиёз бо олимони рус дар пайи таҳқиқот будем, ҳар қадами мегузоштаи мо дар омӯзиши ин мавзеъ як навгоние буд дар илми геологияи тоҷик! Зеро дар мавзеи мазкур ҳар як пораи маъдан як сирре дар худ ниҳон дорад. Онро бояд омӯхт аз худ кард! Зеро мавзеи Дараи Пиёз аз лиҳози геологӣ, минералогӣ, пайдоиш ва ғайра кам омӯхта шудааст. Пас аз итмоми корҳои саҳроӣ мо ба таҳқиқоти лабораторӣ машғул шудаву бозёфтҳои худро омухтем. Ва яқин кардем, як фазае, ки миёни карбонатитҳо дучор омад, ҳамаро ба фикр водор сохт ва ба хулосае омадем, ки он бояд фазаи нав - минерали наве бошад!? Пас аз омӯзишу тадқиқоти амиқи кимиёиву физикӣ ва дигар усулҳои замонавии тадқиқотӣ минерали файзиевит рӯи кор омад. Аввал онро барои тасдиқ ба Комиссияи умумируссиягӣ (Санкт-Петербург) фиристодем. Пас аз тасдиқи худро ёфтан онро ба комиссияи байналхалқие, ки дар Амстердам ҷойгир аст, фиристодем. Аз он ҷо ҷавоби мусбат гирифтем. Ба хотири оне, ки устод Файзиев Абдулҳақ Раҷабович олими варзидаи соҳаи геологияи тоҷик асту чандин ҷавонони тоҷикро ҳамчун мутаххасис ба воя расонидаву тарбият кардааст, инсони комил асту шахси воломақом ва намояндаву раиси чандин комиссиюни байналхалқӣ оид ба минералогия ва геология дар Точикистон, мо ба қароре омадем, ки ин шахс лоиқ ба номгузорианд ва ба ифтихорашон номи минерали навро ниҳодем – файзиевит!

-Чӣ навгоние боз барои хонандагон ва донандагони геология гуфтаниед?
-Аҷоибаш он аст, ки то ба имрӯз бештари олимони варзида бар он ақидаанд, ки Дараи Пиёз мавзеи пегматитӣ (аз лихози генезис) аст. Пас аз омӯзишу тадқиқот бар онем, ки дар ин мавзеъ пайдоиши карбонатитӣ низ ҷой дорад. Яъне, ошкор гардидани пайдоишоти карбонатитӣ худ як навгонии тоза аст, барои донандагони илми геология.”


Дар акс: Замониддин Насриддинов
Мӯҳр
Интизорем, ки рузе мерасаду минерали нав бо номи Замонит низ кашф хохад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)