Сониҳаи нақлиётӣ дар ҷануби Тоҷикистон бойис ба марги як нафар шуд.
Бино ба иттилои Нодирҷон Муродов, масъули дафтари матбуотии РБДА, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон, автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» таҳти идораи Маҳмадсолеҳ Одинаев, аснои ҳаракат ба самти шаҳри Қӯрғонтеппа, дар километри 95-уми ҷода аз роҳ берун шуда, ноболиғ Исмоил Абирови 8- соларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ ҳамзамон афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди мамлакат 4-садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зимни рух додани ин ҳаводис 1 нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр