Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулини ҳукумати шаҳр ва раисони навоҳии Душанбе баргузор шуд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сухангӯи райиси пойтахт Шавкат Сайидов иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ҷаласаи мазкур ба баррасии масъалаи ҳолати воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии ҳудуди фарогири онҳо бахшида шуд. Зимни нишаст дар асоси санҷиши анҷомдодаи гурўҳҳои махсуси кории зери роҳбарии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо супориши раиси шаҳр таъсисёфта аз вазъи кўчаҳои мавриди таваҷҷўҳ наворҳои таҳиягашта бо иштироки роҳбарони соҳибтавозуни иншоотҳо, ки корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолият дар онҳо бо дермонӣ сурат гирифтааст, ба риштаи таҳлил кашида шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интиқод аз фаъолияти анҷомдодаи раисони ноҳияҳо дар ин самт ва роҳбарони субъектҳои соҳибтавозун бо ироаи дастурҳои қатъӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ду ҳафта мўҳлат муқаррар намуда, гурўҳҳои кориро муваззаф сохт, ки бо анҷоми санҷишҳои ҳамарўза унвонии раиси шаҳр ахборот манзур созанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр