PR-лоиҳаи «МегаФон», ки ба озмун пешниҳод шуда буд, аз маҷмӯи чорабиниҳо барои сокинони навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ иборат аст. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби маросими идона дар майдонҳоии марказии шаҳру ноҳияҳо базми рақсу шодӣ, «МегаДарс» барои хонандагони мактаб ва муаррифии барномаи маърифатӣ барои намояндагони ҳукуматҳо баргузор мешавад. Дар давоми соли 2012 ширкат дар 8 шаҳр ва 67 деҳаи Тоҷикистон 70 «Рӯзи МегаФон»-ро баргузор кардааст.
«Мо бори нахуст аст, ки дар чунин озмуни бонуфузу касбӣ иштирок кардем. Худи он далел, ки лоиҳаи мо ба қатори лоиҳаҳои беҳтарини озмуни «Камонвари нуқрагин» шомил шудааст, як пирӯзии бузург аст», - мегӯяд роҳбари Хадамоти PR-и ҶСП «ТТ мобайл» Кармен Эткеева. Дар баробари лоиҳаҳаи мо ширкатҳои бузург, ба монанди «Газпром», «Сбербанк», шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва дигарон иштирок доштанд, ки ҳарифони ҷидди ба ҳисоб мерафтанд. Бинобар ин ғолибияти мо аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам лоиҳаи «Рузи МегаФон» дар бахши мазкур аз бехтаринҳо буд ва он на танҳо соҳиби баҳои баланди ҳакамон шуд, балки барои иштирокдорони озун, ки аз кишварҳои мухталиф ҷамъ омада буданд мавриди писанд қарор гирифт. Қобили тазаккр аст, ки дар тӯли соли 2012 дар лоиҳаи «Рӯзҳои МегаФон» беш аз 100 000 нафар иштирок карданд».
«Лоиҳаи «Рӯзи МегаФон» дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ шудааст. Коркарди стратегӣ ва тактикӣ, дарки пурраи ҳадафҳо ва муносибати боинсофона нисбати истеъмолкунанда лоиҳаи мазкурро дар бахши худ муносиб гардонд, бинобар ин мо ҳангоми интихоби ғолиб ҳатто шубҳа ҳам надоштем», - изҳор дошт директори иҷроияи Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи рушди иртибот бо ҷомеаи «Камонвари нуқрагин» Надежда Явдолюк.
Ҷоизаи миллии «Камонвари нуқрагин» соли 1997 аз ҷониби Палатаи Савдо ва саноати Русия, Иттифоқи журналистони ФР ва Ассосиатсияи Русия оид ба иртибот бо ҷомеа бунёд шудааст. Дар соли равон ба озмун 114 лоиҳа пешниҳод шуда буд, ки танҳо 80 тои он ба даври ниҳои роҳ ёфтанд, яъне барои муаррифии лоиҳаҳои худ дар назди ҷомеа ва мутахассисон соҳа ҳуқуқ пайдо карданд. Дар анҷоми муаррифиҳо ҳайати ҳакамони озмун ғолибонро аз рӯйи бахшҳои «Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи бизнес-иртибот», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи иртиботи иҷтимоӣ ва хайриявӣ», «Лоиҳаи беҳтарин оид ба рушд ва пешбарии ҳудудҳо», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо», «Лоиҳаи беҳтарин оид ба пешбарии идеяҳои варзишӣ ва тарзи ҳаёти солим», «Беҳтарин иқдом дар самти рушди робитаҳои иҷтимоӣ», «Барои саҳми фарҳангӣ», «Устод» ва «Чеҳра» муайян шуданд.
Мӯҳр