Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ медиҳад, дар доираи ҷашни Рӯзи матбуот гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар назар аст. Озмунҳои вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Ватан, ишқи ту ифтихорам» байни журналистони ҷавон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ин қабил чорабиниҳои муҳим арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ «Бухорои Шариф» буда, он дар соли 1912 ба нашр расидааст.
Мӯҳр