Бахшҳо

Донишҷӯёни муҳоҷир ва устодони «просоветӣ»

Сабукдӯш кардани мудирони кафедраҳо, муовин ва деканҳо танҳо ба хотири синну сол, аз рӯйи адолат нест. Зеро эшон таҷрибаи бузурги методӣ ва педагогӣ доранд, аммо ҷавонон бошанд, аз лиҳози донишу таҷриба ба онҳо баробар шуда наметавонанд…
Роҳбарияти донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) 23 нафар аз устодонеро, ки сину солашон ба нафақа расидааст ва дар асоси шартнома дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доштанд, аз вазифа сабукдӯш намуд.

Бино ба иттилои Абдуллоҳ Табаров, ректори донишгоҳ, ин амал тибқи як номаи расмии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Ба ҷойи эшон мутахассисони ҷавон интихоб ва таъин гаштаанд. Оқои Табаров афзуд, сабукдӯшгаштагон   як академик, 15 доктори илм ва 5 номзади илм мебошанд: «Аммо онҳо фонди тиллоии донишгоҳ мебошанд ва барои рушду пешрафту сифати таълим маъмурият аз кори эшон истифода хоҳад бурд. Яъне, ин устодон ҳатман ба кор фарогир мешаванд ва дар тарбияи донишҷӯён саҳмгузор мемонанд».

Амалиёти сабукдӯшкунии устодони кӯҳансол дар ДДК-ро коршиносон ҳар гуна баҳогузорӣ мекунанд. Баъзеҳо ба ин назаранд, ки сабукдӯш кардани мудирони кафедраҳо, муовин ва деканҳо танҳо ба хотири синну сол, аз рӯйи адолат нест. Зеро эшон таҷрибаи бузурги методӣ ва педагогӣ доранд, аммо ҷавонон бошанд, аз лиҳози донишу таҷриба ба онҳо баробар шуда наметавонанд.  

Дар ҳамин ҳол, бархе аз дигар соҳибаназарон мегӯянд, устодони кӯҳансол ҳарчанд доктору номзади илм ҳам бошанд, аммо самти фаъолияташон ҳанӯз «просоветӣ» мебошад, ки дар замони навин ва асри 21 тақрибан нодаркор мемонад. Аз ин хотир, ҷалби мутахассисони ҷавон дар вазифаҳои роҳбарӣ дар донишгоҳ саривақтӣ ва мувофиқ ба талаботи замон аст.

Гуфтанист, замони соҳибвазифа будани ин олимон, даҳҳо тан аз донишҷӯён дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар берун аз ҷумҳурӣ қарор доштанд, вале чун донишҷӯ аз курс ба курс мегузаштаанд. Ректорони собиқи ДДК баробари ба мансаб расидан, ин камбудиҳоро ошкор кардаву дар нишастҳои матбуотӣ барои журналистон аз он хабар ҳам медоданд. Аммо бо гузашти солҳо, ин мушкил ҳалли мусбати худро наёфт ва донишҷӯёни «муҳоҷир» ҳанӯз ҳам роҳат аз курс ба курс мегузаранду соҳиби диплом мешаванд.

Абдуллоҳ Табаров, ректори тозатаъини донишгоҳи мазкур мегӯяд, «тибқи санҷиши комиссияи махсус аз шӯъбаи таълимӣ муайян гардид, ки 21 нафар аз донишҷӯён дар муҳоҷиратанд, аммо номи онҳо дар журнали синфи сабт аст.


Аслиддин Достиев


РS: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (дар гузашта- Институти педагогии шаҳри Кӯлоб) соли 1947 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир  ин ҷо 350  омӯзгор ба 7 ҳазор донишҷӯ дарс медиҳанд. Ин мактаби олӣ 8 факултаву 34-кафедра дорад ва барои истеҳсолот аз рӯи 34 ихтисос корманд омода менамояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)