Дар расонаҳои минтақа ва берун аз он, ба хусус расонаҳои русӣ доман задан ба мавзӯи "мухолифати мусалмонони Тоҷикистон ба ҷашни соли нави мелодӣ", ҳикоят аз ин воқеият дорад, ки истифода аз мазҳаб ҳамчун василаи фурӯзон кардани оташи низоъҳо дар Тоҷикистон мебошад...
Имсол низ мисли чанд соли охир, дар арафа ва рӯзҳои нахустини соли нав масъалаи ҷашн гирифтан ё нагирифтани соли нави мелодӣ, тақрибан ба аслитарин мавзӯи сӯҳбату гуфтугӯҳои мардум ва ҳамчунин расонаҳо дар Тоҷикистон табдил шуд.Дар ин миён нуктаи ҷолиб он аст, ки дар ҳама ҳолатҳо чеҳраҳои ошною ноошнои динӣ ба арсаи баҳс кашида мешаванд ва дини ислом ба унвони мухолифи аслии чашнгирии соли нави мелодӣ муаррифӣ мешавад. Иттифоқан, шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавоне будам, ки мегуфтанд "фалон мулло гуфтааст, ҳар кас, ки барои соли нави мелодӣ ҷашне баргузор кардааст, бояд зани худро аз нав никоҳ кунад, зеро никоҳаш ботил шудааст". Ин суханҳо шояд дар назари аввал хандаовар бошанд, аммо то ҳадди зиёде сатҳи маърифати динии ҷомеаи моро нишон медиҳанд ва гувоҳи онанд, ки чӣ тавр ноогоҳона ва шояд дониста ва мақсаднок, иддае савори мавҷи таблиғотии душманони ислом шуда, ин дини мубинро ҳамчун неруи тундрав ва иртиҷоӣ нишон додан мехоҳанд.
Ҳадафмандона ба арсаи баҳс кашидани уламо
Имрӯз дар сатҳи байналмилал чабҳаи азими исломситезӣ вориди амал шудааст, ки ҳадафи аслии он зарба задан ба ҳаракатҳои исломхоҳии мардумони нуқоти мухталифи чаҳон ва албатта ноором кардани кишварҳои исломӣ аст.Дар ин росто ҳамон шиори санҷидашудаи олами истисмор "тафриқа биафкану ҳукумат кун", дар дастури кор қарор дорад.Дар кишварҳое, ки заминаи чунин коре ҳаст, низоъи байни шиъа ва суннӣ ба роҳ монда мешавад ва дар кишварҳои назири Осиёи Марказӣ бо ҳар роҳу василаи мумкин, ислом дар муқобили давлатҳо қарор дода мешавад ва бо тарсондани давлатҳо аз хавфи рӯи кор омадани исломгароёни тундрав, хостаҳои худро ба ин давлатҳо таҳмил мекунанд.Ҷашн гирифтан ва ё нагирифтани соли нави мелодӣ аз чумлаи фурсатҳое аст, ки роҳро барои неруҳое ки дар пайи ноором кардани Осиёи Марказӣ ҳастанд, ҳамвор кардааст.Ин мавзӯъ, ки ба худии худ ҳеч робитае ба эътиқодоти динии мардум надошта, ҳамчун як чорабинии давлатӣ, мероси замони шуравӣ аст, то касби истиқлол дар ҳамаи кишварҳои он абарқудрат таҷлил мегардид.Дар солҳои аввали фурӯпошии СССР дар Тоҷикистон соли нави мелодӣ бе ягон ҳассосият чашн гирифта мешуд, аммо ба тадриҷ ва дар пайи густариши исломситезӣ дар ҷаҳон, ин мавзӯъ ба василае барои иртиҷоӣ, тундрав ва ифротгаро ҷилва додани дини ислом табдил шуд. Имрӯз дар Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки аз ҳар тариқе хитоба, ибрози назар,баёния, маъвиза ва дар кул суханони шахсиятҳои гуногуни динӣ мунташир мешаванд, ки дар онҳо бо шадидтарин лаҳн таҷлили соли нави мелодӣ маҳкум карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тақвими мелодӣ роиҷ аст ва бар асоси ин тақвим иваз шудани сол як муносибат аст ва қонуни ин кишвар таҷлил аз онро танзим кардааст.
Ҳузури камранги мардум дар гирди арчаи солинавӣ
Албатта ин ҳақиқат пӯшида нест, ки манзури уламои дини ислом аз таҷлили соли нави мелодӣ ҳамон шеваи роиҷ дар ин ҷашн, яъне базми шаробу кабоб аст, ки ба беназмиҳо ва ҳатто расвойиҳои ахлоқӣ низ ҳамроҳ будааст. Бо ин ҳол дар ҷамъи хонаводаҳо ва бе бадмастӣ даври ҳам нишастан дар ҷашни ивазшавии сол низ то ҳадде ба як суннат дар миёни мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шуда аст.Бисёре аз хонаводаҳо ин муносибатро ҳамчун баҳонаи даври ҳам нишастан қарор дода, гузаштани як сол аз умри худро ёдоварӣ мекунанд.Дар ҳоли ҳозир ба ғайр аз соли нави мелодӣ, дигар чашнҳои боқимонда аз даврони шуравӣ ҳамчунон дар ҷомеаҳои мусалмони Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд, ки "рузи энергетикҳо", "рӯзи коркунони тиб", "рӯзи мухобирот" ва ... аз ин ҷумлаанд. Албатта, ин муносибатҳо имрӯз ранг бохтаанд ва ё бо тағйири ном бо шаклҳои дигаре боқӣ мондаанд.
Он чӣ ба баҳси соли нави мелодӣ бармегардад, талош барои коштани баҳри нифоқу кина дар ҷомеа аст.Зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки сол ба сол ҳузури мардум дар "гирди арчаҳои солинавӣ" камтар шуда, фақат дар сатҳи хонаводаҳо ва дӯстон ивазшавии сол таҷлил мегардад. Ин падида агар аз як сӯ ба бедории миллӣ ва динии мардум баргардад, аз сӯи дигар ҳосили рӯйдоди нохушест, ки дар Душанбе барои як "бобои барфӣ" иттифоқ афтод (шаби соли нави гузашта (31-уми декабри соли 2011) ҷавоне, ки либоси бобои барфӣ ба тан дошт, кушта шуд).Дар ин миён таблиғоти бархе гурӯҳҳои тундрав низ бетаъсир набуда, ки мардумро аз ҷашни соли нави мелодӣ барҳазар доштааст. Рӯшанфикрони тоҷик ағлаб ба ин нукта ишора мекунанд, ки бозгашт ба тақвими ҳиҷрии шамсӣ, мисли дигар кишварҳои форсизабон, худ ба худ баҳси соли нави мелодиро аз байн мебарад.Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки чашни Навруз низ иртиботе ба дини ислом надорад, ин дидгоҳ низ ҷой дорад, ки дар чунин ҳолат ҳамин гурӯҳҳои тундрав боз "баҳси оташпарастӣ" будани Наврӯзро матраҳ мекунанд ва оташи тафриқаафканиро ҳамчунон рӯшан нигоҳ хоҳанд дошт.Ҷонибдорони ин дидгоҳ мегӯянд, имрӯз фирқаҳои гуногуне дар ҷомеа нуфуз кардаанд, ки аз хориҷ пуштибонии молӣ мешаванд ва ҳадафашон заминасозӣ барои низоъҳои ақидатӣ дар Тоҷикистон аст.Зеро имрӯз масъалаҳои хурд, мисли пӯшидани шалвор, шустани дасту рӯй ҳангоми таҳорат, риш ва амсоли инро васила қарор дода, талош доранд мардумро аз омӯзаҳои аслии дини ислом, ки эҷоди ваҳдату ҳамдилӣ, бародарию дустӣ дар миёни инсонҳо аст, дур кунанд.Ин ҳамон чизе аст, ки бадхоҳони давлату миллати тоҷик дар пайи он ҳастанд.
Густариши фирқаҳои гуногун дар Тоҷикистон
Масъалаи ҷашни соли нави мелодӣ дар шароите иддае аз мақомоти точик ва рӯҳониёнро дар муқобили ҳам қарор додааст, ки ҷомеаи тоҷик шоҳиди нуфузи ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ дар миёни мусалмонон мебошад.Ин ҷараёнҳо дар бисёре аз масъалаҳои динӣ ихтилофи назарҳои шадиде бо ҳам доранд, ки талош барои ҳалли ин ихтилофот то имрӯз бенатиҷа будааст.Ҳизби наҳзати исломии Точикистон, ки фаъолияти қонуниро пеш мебарад, натавонистааст, ихтилофи назар миёни шахсиятҳои мазҳабиро аз байн бибарад, ҳатто худ низ мавриди ҳамалоти таблиғотии гурӯҳу ҷараёнҳои мазҳабӣ қарор гирифтааст.Интизор мерафт, ки ин ҳизб бо касби иҷозати қонунии фаъолият, фазои динии кишварро ба самти якорчагию ҳамдилӣ ҳидоят хоҳад кард.Аммо ҳаргиз ин интизорро бароварда накард, ҳатто дар ҳолатҳое афроди он боиси густариши ихтилофот низ шуданд.Давлат низ ба ин андеша, ки густариши фирқаҳои мухталифи динӣ, пеши роҳи тақвияти ҳизби наҳзати исломиро хоҳад гирифт, густариши ҷараёнҳои мазҳабӣ дар кишварро ҷиддӣ нагирифт.Имрӯз натиҷа он аст, ки дар миёни мардуми мусалмони тоҷик, рукнҳои динӣ бо шеваҳои мухталиф иҷро мешаванд ва ин масъала ҳатто ба бархӯрдҳои физикӣ низ мунҷар шудааст.
Набудани барнома барои ҳалли ихтилофоти ақидатӣ
Дар мавриди ин ки чӣ ихтилофи назарҳое миёни шахсиятҳои динии тоҷик вуҷуд дорад, зиёд гуфтаанд, аммо он чӣ хатароти билқуввае дар пай хоҳад дошт, ҳамсуии бархе ҷараёнҳо бо доираҳои исломситези хориҷӣ аст.Ин ҷараёнҳо бо ворид шудан ба баҳсҳое, ки дар беруни марзҳои Тоҷикистон идора мешаванд, ба дини мубини ислом чеҳраи тундрав, ифротӣ, иртиҷоӣ медиҳанд ва ба осиёби неруҳои фурсатталаб об мерезанд.Ин амр табиӣ аст, ки мавҷи бедорӣ дар миёни мусалмонони ҷаҳон ҳаргиз хушоянди дунёи истисмор нест ва талош мешавад бо дар нооромӣ нигоҳ доштани кишварҳои мусалмон, роҳи пешрафту тараққиёти онҳо барои ҳамеша гирифта шавад.Ба баҳсҳои мухталиф андармон кардани ҷомеаҳо осонтарин ва камхарҷтарин роҳест, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон шоҳиди амалӣ шудани он ҳастем. Мутаассифона на ҳизби наҳзати исломӣ ва на сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барномаи мушаххасе барои идора кардани фазои кунунии идеологии ҷомеа надоранд.Ҳамин мавзӯъ андешидани тадбир барои решакании ихтилофоти ақидатиро ба мушкил рӯ ба рӯ карда, корро дасти фурсатталабон додааст.
Дар расонаҳои минтақа ва берун аз он, ба хусус расонаҳои русӣ доман задан ба мавзӯи "мухолифати мусалмонони Тоҷикистон ба ҷашни соли нави мелодӣ", ҳикоят аз ин воқеият дорад, ки истифода аз мазҳаб ҳамчун василаи фурӯзон кардани оташи низоъҳо дар Тоҷикистон, як барномаест, ки тавассути неруҳои мухолифи якпорчагӣ ва таҳкими давлати точикон ба таври ҷиддӣ пайгирӣ мешавад. Муқобилаи ҷиддӣ бо ин фароянд масъалаест, ки фардои амният ва бақои кишвари Тоҷикистон то ҳадди зиёде ба он бармегардад.
Аъзами Хуҷаста
Мӯҳр