Бахшҳо
14 дек 2012 09:33Ҷавонон ва варзиш

Thailand the land of smiles

Аз Тоҷикистон рафтан ба кившаре чун Тайланд таассуроти наверо ба кас падид меорад. Бо мушоҳидаи расму фарҳанг, одобу русум, шеваи зиндагӣ, вазъияти мамлакат ва ғайра маълум мешавад, ки кишварҳо дар кадом сатҳ қарор доранд. Чизҳои ҷолибе дар Тайланд ҳаст, ки диққати одамро ба худ ҷалб менамояд. Дар сафаре, ки ба Банкок пойтахти Тайланд доштам, маро таассуроте фаро гирифту инак онро пешкаши хонандагон мегардонам… Зиндагӣ дар сарзамини хандаҳо зебост Тайланд сарзамини хандаҳост. Пас дар Тайланд фақат лабханд бизанед. "Номи Тайланд худ маънои лабхандро дошта, дар асл номи мамлакати мо Тайланд неву чизи дигарест" -Роҳбаладамон баъд аз ин суханон номи аслии Тайландро, ки 1 дақиқа гуфтанаш тўл кашид, баён намуд. Ҳамин ҳангом Борис Филипов намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки қодир ба такрор намудани номи аслии Тайланд нест ва агар касе метавонад, такрор кунад ва албатта касе аз ҳамроҳон натавонист номи воқеии ин мамлакатро ба забон орад. Дар сафари панҷрўзае, ки аз 17 - ум то 21 - уми ноябри соли ҷорӣ ба Банкок пойтахти Тайланд доштам, меҳмоннавозии гарм ва лабханди Тайландӣ ман ва тамоми ҳамсафаронамонро мутаассир сохт. Дар ҳақиқат ҳам муносибати мардуми Тайланд бо меҳмонон ва туристон ҳар касеро таҳти таъсир қарор медиҳад. Тайландиҳо муносибати бисёр хубу аҷоибе бо меҳмонон доранд. Барои Тайландиҳо бисёр муҳим аст, ки ҳамон одам боз як бори дигар ба кишварашон биёяд. Новобаста аз он ки онҳо аз он турист ё меҳмон ягон фоида мебинанд ё на, дар аксар вақт кўшиш мекунанд, ки меҳмоннавозияшон ба беҳтарин шакли мумкин бошад. Назму тартибе, ки дар Тайланд, фурудгоҳаш, кўчаҳояш, дар ҳотелу ресторану дигар маконҳои ҷамъиятияш ҳаст, нишон медиҳад, ки мардумаш ба низом арҷ мегузоранд. Фурудгоҳи Байналмилалии Тайланд қобилияти 76 парвоз дар солро дорост ва метавонад 45 миллион мусофирро ҳамроҳ бо 3 миллион тон бор ҳамл кунад. Бо вуҷуди вусъату бузургии фурудгоҳи байналмилалии Тайланд "Suvarnab-humi", ягон зарра беназмӣ дар ин фурудгоҳ дида намешавад. Вақте дар фурдгоҳи "Suvarnabhumi" - и Тайланд будам, фурудгоҳи Душанбе ёдам омад,тарзи суханронӣ ва лаҳни кормандони ин ниҳод ҳамроҳ бо сатҳи одобу маданияти онҳо, назми набуда дар фурудгоҳи Душанбе, ки сабаб шуда, то ҳама кўшиш кунанд, корашонро зуд ҳал намоянду бенавбат гузаранд. Издиҳоме, ки дар фурудгоҳи Душанбе мешавад ҳамроҳ бо доду фарёдҳои ҳамешагӣ, дар сатҳи боло қарор надоштани ин фурудгоҳ, замонавӣ набудани технологияҳои он ва ҳирфаӣ набудани кормандони ин ниҳодро намоиш медиҳад. Фақат Тайландӣ мегиред! Дар Тайланд, теъдоди зиёди ҳайкалҳои будои Тайландӣ диққати касро ба худ ҷалб мекунад. Дини мардуми Тайланд будоӣ буда, беш аз 95 дарсади аҳолии ин мамлакат пайрави дини будо ҳастанд. Ҳайкалҳои гуногуншакли будояшонро метавон дар тамоми манотиқи Банкок пойтахти ин кишвар мушоҳида намуд. Тайландиҳо барои дини будояшон эҳтироми хосе қоиланд, чунончи вақте назди ҳар буташон меомадам, медидам, ки чанде аз мардуми ин кившар машғули ибодату парастиши ҳайкалҳои будояшон ҳастанд ва дар назди онҳо гул мегузоранд. Ҳатто дидам, ки духтарони ҷавону навҷавон низ назди бутҳояшон омада, ибодат мекунанд. Тавре Тайландиҳо бутҳояшонро мепарастиданд, нишон медод, ки ин мардум дар диндорӣ ва ибодати Худоҳояшон аз самими қалб иқдом менамоянд. Чанд рўзе, ки дар Тайланд будам, на тасодуфе дидам на садои ҷангу ҷанҷол меомад. Дар маҷмуъ Тайландиҳо дар одобу ахлоқ ва эҳтиром ба арзишҳову фарҳанги худ, пештозанд. Дар Тайланд барои шаҳрвандонашон беш аз як зан гирифтан манъ аст ва онҳо ҳақ надоранд бо атбоъи хориҷӣ издивоҷ кунанд. Зеро вақте издивоҷе дар ин кишвар сурат мегирад, мард бояд то охири умр дар баробари истиҳкоми ин пайванд масъул бошад. Дар ҳақиқат Тайландиҳо бо ин муқаррароташон масъалаи издивоҷро ба танзим дароварда, аз фурупошии оила ва бадбахтшавии занон ҷилавгирӣ мекунанд. Насли худро низ густариш дода, аз рангоборанг шудани он пешгирӣ менамоянд. Тайланде, ки бо биринҷу туризм пеш рафтааст Тараққиёти иқтисодии ҳар мамлакате, инсонро ба омўхтани сабабҳои он мекашонад. Ҳеч чиз ҳам ҷолибтар аз он нест, ки ба инкишофи иқтисодии мамлакатҳо пай барем. Рушди иқтисодии марокизи тиҷориву сохтмонҳои бошукуҳ дар ақсои нуқоти Тайланд ва камбизоатии 10% дар ин кишвар, то ҳудуде самту сўи иқтисоди ин кишварро нишон медиҳад. Бо ин ки Тайланд 67 миллион аҳолӣ дораду танҳо дар Банкок пойтахти ин сарзамин 13 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, аммо шаҳрҳои ин мамлакат дорои назму тартиб буда, низоми муайянеро ба худ дорост ва ҳар чизе дар ҷои худаш қарор дорад. Мошинҳо ҷои муаяне дошта, ошуфтагӣ дар порк кардани мошинҳо дида намешавад. Зеро махсус барои ҳамин мошинҳо поркинг ҳаст, ҳатто биноҳои 10 то 16 табақа, фақат барои порк кардани мошин. Барои рафтан аз ин сў ба он сўи хиёбон дар Банкок шарт нест, ки ҳатман аз пиёдарав убур кунед, гузаргоҳҳои ҳавоӣ ҳастанд, ки тамоми хиёбонҳоро ба якдигар муттасил мегардонанд. Ин ҳам баҳри бехатарии мардуми ин кишвар ва онҳое, ки мусофири ин сарзамин мешаванд. Бо вуҷуди зиёд будани матотсикл ва мошин дар Тайланд, шоҳиди раҳбандон дар ин кишвар нашудам. Роҳҳои Тайланд низ ҳамаашон ободанд ва як кишвари замонавиро ба маърази тамошо мегузоранд. Гумон мекардем Тайланд монанди Ҷопон мошинҳои сабукрав истеҳсол мекунад, ки то ин дараҷа пешрафт карда аст.Аммо роҳбалад гуфт, ки колои асосии содиротии Тайланд биринҷ аст ва дар дунё биринҷи Тайландӣ беҳтарин мебошад. Бо ин ки биринҷ колои содиротии ончунон гаронбаҳое нест, вале дар содироти ин кишвар ҷои аввалро ба худ ихтисос медиҳад. Албатта рушди иқтисоди Тайланд, заминаҳои дигаре ҳам дорад минҷумла туризм ё гардишгарӣ, ки яке аз аслитарин манобеъи даромади Тайланд ҳаст. Зеро Тайланд яке аз беҳтарин кишварҳои ҷаҳон барои гузаронидани таътилот буда, ҳавои дам ва гарм ба туристон иҷоза медиҳад, то дар ҳар замоне аз сол озими ин кишвар шаванд. Роҳбаладамон, ки худ як зан аст, ба мо гуфт, аз соли 1999 мо фаҳмидем, ки бе кор кардан наметавонем кишвари худро тараққӣ диҳем. Аз ин рў, аз он сол ба баъд теъдоди занҳо дар машоғили Тайланд зиёд шуд. Акнун низ дар бештари бемористонҳо, ресторанҳо, ҳотелҳо, фурудгоҳ ва гумрук теъдоди занони шоғил аз мардон бештар аст. Масҳи тайӣ (тайский массаж) худкифоии тайландиҳо Бояд эътироф кард, ки ҳеч чиз ба монанди масҳи тайи таваҷҷуҳи ҳамсафарони мо ва тамоми онҳоеро, ки ба ин кившар меоянд, ҷалб накардааст. Дар ҳақиқат ин мардум аз ҳеч барои худ сарчашмаи даромад сохтаанду масажи худро миллӣ кардаанд, ки ин як ҳунар аст барои Тайландиҳо. Масҳи онҳо чизи ғайриоддӣ ва аҷиб нест. Вале аз ҳисоби ҳамин масҳ, мардуми Тайланд даромади зиёде дарёфт мекунанд. Ин масҳ бештар як ҳунари шифобахш аст, то як масҳи оддӣ. Дар масҳи тайи масҳгар бар рўи нуқоти фишори бадан тамаркуз мекунад, ҷое, ки неруи зиёде нуҳуфта аст. Озод кардани ин энержӣ ва ба таври баробар тавзеъи он дар саросари бадан барои эҷоди таъодул, асоси масҳи тайиро ташкил медиҳад. Бо мушоҳидаи тараққиёти Тайланд, фикре дар сари ману бисёре аз ҳамсафаронам пайдо шуд, ки чаро Тоҷикистон то ҳол натавонистааст, ба сатҳи 50 дарсади тараққиёти ин кишвар бирасад. Ба эътиқоди ҳамсафарони мо, далели то ин дараҷа тараққӣ кардани Тайланд, меҳнатӣ будани мардуми ин кишвар мебошад, ки ба дурустӣ аз калаи худ истифода мекунанд. Аммо ҳунару устоии мардуми тоҷик фақат дар кофтани шахсиятҳост, ки нишон аз беҳунарист. Зиёд будани гапу иддаоҳо ва тарҷеҳ додани муҳоҷират ба ҳаргуна зиндагии арзандаи дигар, аз ҷумлаи дигар ҳунарҳои мардуми тоҷик будаву ҳаст. Ба назар ҳам мерасад, ки дар меҳнат кардан шояд ҳеч миллате ба андозаи мардуми Ҷопон, Чин, Тайланд, Кореяи ҷанубӣ ва ба ин монанд кишварҳо фаъол набошад. Бароям ҷолиб буд, ки дар кўчаву паскучаҳои Банкок ҳама машғули савдо ҳастанд. Соҳибкории хурд ва тиҷорат дар Тайланд хеле рушд кардааст, ба тавре, ки камтар касеро мебинӣ дар ин сарзамин бекор бошад. Сиёвуш ҚОСИМЗОДА, Душанбе - Банкок - Душанбе
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)