Таҳримҳои нафтии Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико барои таҳти фишор қарор додани Эрон идома дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба фишрҳои ворида ба Обама, Амрико нисбат ба идаоҳои Натаняҳу дар бораи Эрон шак дорад.
«Экономист» менависад: «Мумкин аст ҳамзамон бо талоши нахуствазири Исроил дар ҷиҳати таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон ва муайян кардани хати сурх, таҳримҳо дар ҳоли таъсиргузорӣ бошанд.
Ғарб дар канори мардуми Эрон
Мавзӯи эъмоли таҳримҳои сахт алайҳи Эрон шаш сол пеш матраҳ шуд. Он замон Амрико ва Аврупо ба дунболи роҳе буданд, то Эронро водор ба шафофсозӣ дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии худ кунанд. Ба гуфтаи Ғарб, онҳо бо мардуми Эрон хусумате надошта ва ҳадаф аз таҳримҳо ҳукумати Эрон аст. Ба гуфтаи Ғарб, Теҳрон ба дунболи сохти бомби ҳастаӣ ва дастёбӣ ба дониши фаннии лозим барои тавлиди он аст. Бо ин ҳол пофишории Эрон бар мавзеи худ сабаб шуд, то мардум бори таҳримҳоро ба душ кашанд.
Коҳиши баҳои риёл дар баробари доллар
Дар аввал ва дуюми моҳи октябр шоҳиди суқути арзиши риёл дар муқобили доллар будем. Бо вуҷуди иқдомоти давлат дар ҷиҳати тасбити қиматҳо ва ҳимоят аз ақшори камдаромад, қимати маҳсулот монанди мост, панир, нон, биринҷ ва сабзиҷот дар як соли гузашта ду баробар гарон шудааст. Гуфтанист, дар сеюми моҳи октябр дар пайи ноустуворӣ дар қиматҳо, бозори Теҳрон таътил шуд.
Таҳрими ҳавзаи энергии Эрон
Метавон уфти феълии иқтисоди Эронро бо вазъи таҳримҳо бар ҳавзаи энергии ин кишвар вобаста донист. Гуфтанӣ аст, ҳавзаи энергии Эрон 80 фоиз аз даромади содироти ин кишварро ташкил медиҳад. Таҳрими нафти Эрон тавассути Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи июл, канор гузоштани Эрон аз муоҳидоти иқтисодии байналмилалӣ ва мамониати ширкатҳои суғуртаи аз бимаи каштиҳои Эрони, таъсироте бар ин шароит дошта аст.
Натиҷаи ниҳойии таҳримҳо номушаххас аст
Ҳанӯз бисёр зуд аст, ки аз таъсиргузории таҳримҳо бар тасмими мақомоти Эрон бигӯем, мумкин аст таҳримҳо сабаби худдории Эрон аз идомаи фаъолиятҳои ҳастаӣ шавад ва мақомоти Эрон иҷозатномаи бозрасии бозрасони ожонс аз таъсисоти ҳастаии худро содир кунанд (то сулҳомез будани барномаҳои ҳастаии Эрон исбот шавад). Музокирот миёни Эрон ва аъзои аслии шӯрои амният ва Олмон, мавсум ба 5+1 ба бунбаст расида аст.
Таъкиди роҳбар бар иқтисоди муқовиматӣ
Аз суханҳои Маҳмуди Аҳмадинажод ин гуна бардошт мешавад, ки вай тамоюл дорад барои поён додан ба буҳрони иқтисодии Эрон музокира кунад. Бо ин ҳол поёни даврони риёсати ҷумҳурии вай наздик буда ва ӯ қодир нест пас аз ду давраи риёсатҷумҳурӣ, муҷададан номзади ин интихобот шавад. Илова бар ин мумкин аст ҳамзамон бо поёни даврони президентии Маҳмуди Аҳмадинажод бисёре аз наздикони вай маҷбур ба канорагирӣ аз мақоми худ шаванд. Бо ин вуҷуд, роҳбари Эрон бар иқтисоди муқовиматӣ ва коҳиши вобастагии кишвар ба нафт, таъкид меварзад.
Иқдоми тамасхуромези Натаняҳу дар Созмони милал
Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил аз ҷумлаи афроде аст, ки нисбат ба таъсиргузории таҳримҳо шак дорад. Ба гуфтаи вай, Эрон бетаваҷҷӯҳ ба таҳримҳо ба фаъолияти ҳастаии худ идома хоҳад дод. Ба бовари вай танҳо роҳи таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон, гузинаи низомӣ аст. Дар ин росто 27 сентябр, Натаняҳу дар ҷарёни суханронии худ дар маҷмаи умумии Созмони милал, дар иқдоми тамасхуромезе тасвире аз як бомби кортониро дар муқобили чашми сарони кишварҳо ба намоиш гузошт, то шояд аз ин тариқ ҳимояти ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оварад. Дар идома Натаняҳу бо истифода аз можики (фломастер) сурх хатеро дар наздикии даҳонаи бомб кашид.
Ба гуфтаи вай, ин хат замони дастёбии Эрон ба ғанисозии урони 20 фоиза ва омодагии ин кишвар барои сохти силоҳи ҳастаиро нишон медиҳад. Натаняҳу ҳамзамон бар нокоромадии таҳримҳо таъкид кард. Ӯ бо истинод ба гузориши нозирони Созмони милал ва созмони байналмилалии энергияи атомӣ, ҳадди аққал замони лозим барои омодагии Эрон ҷиҳати тавлиди силоҳи ҳастаиро шаш моҳ донист.
Натаняҳу муҷаддадан барои тарсими хати сурх дар қиболи Эрон таъкид кард ва изҳор дошт: «Ҳади аксар то баҳор ё тобистони соли оянда, Эрон омодагии лозим барои сохти силоҳи ҳастаиро хоҳад дошт. Ин мавзӯъ ба манзалаи убури Эрон аз хати сурх буда ва заминаи ҳамлаи низомии муштараки Исроил ва Амрико ба Эронро фароҳам месозад».
Ҳарфҳои Натаняҳу ва осудагии хотири давлати Обама
Суханони Натаняҳу то ҳудуде боиси осудагии хаёли мақомоти давалти Обама шуд. Сарони давлати Обама нигарони баҳрабардории Натаняҳу аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва водор кардани Амрико ба вуруд ба ҷанг бо Эрон буданд. Бо камранг шудани дурнамои Мит Ромни (ки аз дӯстони бисёр наздики Натаняҳу маҳсуб шуда ва иштироки фаровоне дар мавриди мавзӯи Эрон бо вай дорад), нигарониҳо дар мавриди адами ҳимояти Амрико аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, афзоиш ёфтааст. Ихтилофи дидгоҳи Амрико ва Исроил бар сари сохти бомби ҳастаӣ аз ҷониби Эрон ва муайян кардани хати сурх дар қиболи ин кишвар мебошад. Обама мудаӣ аст, ки ҳар кореро барои мамониат аз дастёбии Эрон ба бомби ҳастаӣ анҷом медиҳад.
Ихтилофи дидгоҳи Натаняҳу ва Обама
Натаняҳу, ки аз сӯи ҷумҳурихоҳон ва Мит Ромни ҳимоят мешавад, аз тавоноии Эрон барои сохти бомби ҳастаӣ сухан мегӯяд. Ба эътиқоди онҳо, ғанисозии 20 фоиз дар Эрон ин заминаро фароҳам месозад. Аз ҷониби дигар, Обама дастёбии Эрон ба дониши фаннии лозим барои сохти бомби ҳастаӣ ва гирдоварии тамоми таҷҳизоти техникии лозимро меъёр қарор медиҳад. Ин маворид шомили ғанисозии 20 фоизи уран, табдили он ба оҳан, дастёбӣ ба меконисми лозим барои эҷоди инфиҷори атоми ҳамзамон бо исобати мушак ва дастёбӣ ба мушаки боластик бо қобилияти бурнани кулоҳаки ҳастаӣ аст.
Шубҳаи Амрико нисбат ба замонбандии Натаняҳу
Амрико ҳамчунон нисбат ба замонбандии Натаняҳу дар мавриди ғанисозии урани лозим тавассути Эрон барои сохти бомби ҳастаӣ дар як соли оянда шак дорад. Ба бовари онҳо ҳадди аққал 2 сол тул мекашад, то Эрон ураниюми лозим барои сохти 3 ё 4 бомби ҳастаиро фароҳам созад. Ба ибораи дигар, Эрон бо дастёбӣ ба урани лозим барои сохти як бомб, иқдом ба сохти он намекунад.
Авомили муассир дар таъини гузаштани Эрон аз хати сурх
Амрико дар пайи нишонаҳои убури Эрон аз хати сурх аст. Марк Фитез Патрик, коршиноси афзоиши силоҳи Муассисаи байналмилалии мутолиоти роҳбурдӣ дар Лондон мегӯяд: «Бояд се омили муассир дар ин заминаро дар назар гирифт. Нахуст ихроҷи бозрасони ожонс тавассути Эрон ва нақзи муоҳидаи NPT. Омили дуюмӣ, ғанисозии урониюм бо ғанои беш аз 20 фоиз аст. Мумкин аст, Эрон мудаии тавлиди доруҳо ё сухти ҳастаӣ шавад. Бо ин ҳол, ин фаъолиятҳо шубҳанок хоҳанд буд. Омили сеюм, қотеияти талоши Эрон дар ҷиҳати сохти силоҳи ҳастаӣ барои хадамоти иттилоотии ғарбӣ хоҳад буд. Гуфтанист, ин хадамот дар соли 2003 ба фаъолиятҳои Эрон шак карданд. Бо дар назар гирифтани масъалаи Ироқ, истинод ба чунин гузоришоте коре чандон соддае нест. Бо ин ҳол хадамоти итилоотии ғарбӣ тақозои иқдомоти лозимро анҷом диҳанд (Натаняҳу бо ин дидгоҳ мухолиф аст).
Тавофуқи Натаняҳу ва Обама бар сари муайянкунии хати сурх дур аз зеҳн нест
Оё Натаняҳу ва Обама бар сари таъини хати сурх дар қиболи Эрон ба тавофуқ хоҳанд расид? Дар сурати интихоби муҷаддади Обама, фурсати 6 то 9 моҳ барои наздикии дигоҳи ду тараф кофӣ хоҳад буд. Ин ба маънои идомаи таҳримҳо то 9 моҳи оянда аст. Ин имкон вуҷуд дорад, ки Эрон низ барои таҳаммули фишори иқтисодӣ ва таҳамули мардум, хати сурх таъин намуда бошад.
«Экономист». Таҳияи хабаргузории «Форс»
Мӯҳр