Аз соати 6-и субҳи имрӯз, то соати 17-10-и бегоҳ беш аз 100 мусофирони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-эйр» дар интизори хатсайри Душанбе-Истамбул буданд.
Аз интизории зиёд мардум асабонӣ шуда, даст ба эътироз заданд. Роҳатой Мӯъминова тоҷирзане, ки ба Туркия мебоист парвоз мекард, ба хабарнигори Озодагон гуфт: «Мо аз соати 6-и субҳ интизорем, ин ширкат моро хеле асабонӣ кард ягон нафар барои фаҳмондани мушкил ба назди мо наомад. Аз субҳ то ҳол бо баъзеҳо бо кўдакон гушнаю ташна шиштаем. Чанд маротиба ба назди утоқи маълумотдиҳии фурудгоҳ рафтем, мегўянд, ки баъди ним соат парвоз мешавад, аммо ним соат-ним соат 10 соат шуду то ҳол парвоз накардаем. Ман баъди бозгашт албатта ба ҷои зарурӣ шикоят мекунам».
Як модар, ки фарзандашро гусел мекард, ба мо ибрози назар карда афзуд, ки онҳо аз Қўрғонтеппа соати 2-и шаб баромадаанд то ба сабти ногм ва ба қайдгирӣ дер накунанд: «Писарам донишҷў аст, дар донишгоҳи Истамбул таҳсил мекунад, барои гуселаш омадам, то ҳол интизор шиштаем».
Ҳамзамон, Исмоил Ғафуров, директори тиҷоратии ширкати «Тоҷик-эйр» сабаби сари вақт парвоз накардани ҳавопайморо дар мушкили фаннӣ мебинад: «Аснои ташхиси техникӣ маълум гардид, ки тайёра нуқс дорад, аз ҳамин сабаб ҳавопаймо парвоз карда натавонист. Мусофирон дар ҳар тараф буданд, мо намефаҳмем, ки кӣ мусофири мо аст. Се нафар менеҷерҳои мо дар байни мусофирон кор карда фаҳмонданд, ки чунин мушкилӣ шудаст, баъди бартараф кардани мушкили ҳавопаймо парвоз мекунад».
Нилуфари КАРИМ
Аз идора: Чанд лаҳза қабл аз нашри матлаб, аз ширкати Тоҷик-эйр ба Озодагон иттилоъ расид, ки саворшавии мусофирон ба ҳавопаймои хатсайри Душанбе- Истамбул шурӯъ шудааст
Мӯҳр