Соҳибмақомон, ба вижа амалдорони маҳалҳо умри азизи хешро дар тайи андешаҳои бемоҳияту пуч бар боди фано медиҳанд. Аслан, чаро эшон доиман дар мунҷалоби афкори дилзананда ва тарсу ҳаросбарангез ғарқа гардидаанд? Иддаи фаровони ин вазифадорони музофотӣ тайи солҳои сарварии худ дар мақоми раиси ҷамоату ноҳия ва ё шаҳр ҳеч амали чашмгиреро ба сомон нарасонидаанд. Дар минтақае, ки таҳти нуфузу тасаллути онон қарор дорад, як сехи хурд ё корхонаи кӯчаки истеҳсолӣ насохтаанд. Бо мардум на аз рӯи иззату арҷгузорӣ, балки бо шеваи амру фармон ва бонгу ниҳебу дағо муносибат кардаанд ва мекунанд. Тавре, ки ин райият ғулому бардаи зархариди онҳо маҳсуб меёфта бошанд.
(ё аз номи Президент кӣ гап мезанад?)
Мардумро метарсонанд, аз пешомадҳои нохоставу ногаҳонӣ ҳушдор медиҳанд. Чаро танҳо ба хотири дар курсии мансаб абадӣ мондан ин соҳибмақомони музофот райиятро бо ҳар роҳу шева тарсонидан мехоҳанд? Чаро аксар ҳангом дар ҷаласаву ҷамъомадҳо амру фармони худро зӯрану ҷабран ба сари заҳматкашон таҳмил додан мехоҳанд? Чаро "ман намояндаи ҳукумат ва вакили халқ" гӯён сухану афкори ягон гурӯҳи дигарро пазируфтану қабул кардан он тараф истад, ҳатто шунидан намехоҳанд? Ростӣ, вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки тоифае аз амалдорони маҳалҳо аз қавли мардумӣ "сояи худро басо бузург дида истодаанд", ки дар ҳар сархати баромадҳояшон танҳо аз мафҳуми "ман-ман" истифода мебаранд. Ту гӯӣ эшон раиси деҳа, ҷамоат ё ноҳияву шаҳр неву ягон авлиё ва пешвои тозазуҳур бошанд.
Инон ҳангоми ба вазифа ё мансабе баргузидани ину он шахс ошкоро ва қотеъона сари мардум арбада мебардоранд, ки "ҳар чӣ ки мо гӯем, хамон мешавад. Доду ҳангома набардоред касеро, ки ба вазифа ё мансабе пешниҳод ё таъин кардем, ҳамон одамро ҷонибдорӣ ва ба амру фармонҳояш итоат мекунед!"
Ва рафту нафаре аз мардуми деҳу музофот ба расми додхоҳӣ ва риояти қонунҳои демократӣ пешниҳоди хешро ба байн андохтанӣ шавад, як раиси деҳшӯро (фарзи мисол) дарзамон монеи сухани ӯ гардида, дар ғояти қаҳру ғазаб аз ину он қарор "донаму надонам" иқтибоси ғалатва дурӯғине оварда, варову дигар ҳозирбудагонро мулзам месозад.
Ин тӯдаи мансабхоҳону ҷоҳталаб дигар аз ҳеч расвоиву хиҷолат ва шарму ҳаё рӯ намегардонанд, ба хотири аз каф нарафтани суккони вазифадорӣ даст ба хамоқат мезананд. Вақтҳои ахир ин руасои деҳу музофот ба мардум бад-ин оҳангу шева сухан мегӯянд: яъне мо соҳибвазифаем ва бо ҳар афроде, ки ба ину он мансаб таъинаш кардаем, кор мебарем. Мо ба халқ коре надорем. Халқ бояд вазифаву рисолати худро амиқу неку донад. Вазифаи мардум иҷро кардани амру супоришҳои мост. Ҳолиё аҷаб айёрию ҳуққабозии дигаре аз ҷониби амалдорон оғоз гардидааст. Онон ҳатто як раиси деҳро намегузоранд, ки мардум худ интихоб кунанд, балки шахсеро ба ин вазифа таъин мекунанд. Як амали носавоби дигари онҳо сари ҳар сухани худ иқтибос овардан аз Президенти кишвар маҳсуб меёбад. Аммо онҳо ҳеч фаҳмидан намехоҳанд, ки сарвари давлат дар ҳар як вохӯриву боздидҳояш аз зердастони худ танҳо як даъват мекунад, ки :
"Бо мардум кор кунед. Талабу хоҳиши онҳоро иҷро намоед. Ҳисоботдиҳии бардурӯғро як сӯ монда, аз паи ободӣ шавед" ва монанд ба ҳамин суханҳо.
Вале ин амалдорон дар соле як дафъа мардуми минтақаи худро аз наздик мебинанд ё не, Худо медонад. Ва агар рафту ҳодисаи нохуше рӯй диҳад, якбора аз паи тафтишу тафаҳҳуси он "камари ҳиммат" мебандад. Зане дар кадом деҳе худкушӣ карда, ҳамон соату ҳамон лаҳза раиси занону бонувонро ҷеғ зада, даршаст варо ба он деҳ мефиристанд. Раиси деҳшӯро, ки ҷамъомаде баргузор намояду роҳҳои пешгирии ин ҳодисаи ба гуфти ӯ "нангин"-ро ҷустуҷӯ намояд. Ё дар мактабе хонандае муаллимро носазо гуфтааст, ҷанҷол калон шудаву кор то ба шӯъбаи милиса рафта расидааст. Раиси деҳшӯро раиси он деҳеро, ки дар мактаби он ҷо ин воқеа сар задаст, бо ҳамроҳии директори мактаб ба ҳузури худ даъват мекунад. Ва оҷилан супориш медиҳад, ки рафта дар мактаб бо иштироки кормандони шӯъбаи милиса, падару модарон, муаллимон ҷаласаи фаврӣ ва ғайринавбатӣ барпо намоянду рафтори он талабаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор бидиҳанд. Ҳамчунин волидони он хонандаро ба муҳокима бикашанд. Ва алатта, аз қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд" иқтибосҳо оварда, қарорҳои дахлдор қабул намоянд.
Ва ғайра ва ҳоказоҳо…
Ва бад-ин тартибу низом доиман аз пайи хостаҳои шахсии хешро амалӣ кардан аслан фикреву ёде аз боби ободиву шукуфоии деҳу рустоҳои минтақаи худ намекунанд. Дирӯз буд дар як ҷамъомади мардумӣ соҳибмақоме бо тафохур ва шӯру шаафи беинтиҳо аз хусуси тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ ба мардум сӯҳбат мекард ва боз ҳам аз роҳбари кишвар иқтибос меовард ва тавре вонамуд мекард, ки кулли ободию пешравиҳоро маҳз ӯ барин як раиси деҳшӯро анҷом дода бошад.
Аммо касе намепурсад, ки солҳои ахир ин амалдор, ки "ҷомаашро чаппа ба бар кардааст", кай ба ягон мактаб ҳадди ақал баҳри аз наздик шинос шудан бо вазъи таълиму тарбия ва мушкилоти ҷойдоштаи мактаб ва худи омӯзгорон қадам "ранҷа" кардааст? Кадом рӯзу моҳ ба як маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ сар "халонда", аз ҳоли пизишкону табибон иттилое гирифтааст?
Кай ба сари заминҳои соҳибкорон ташриф оварда, масоили мураккабу печида ва ҳалталаби ононро (аз қабили нокифоятии техника, норасоии об, набудани роҳҳои тахту ҳамвор ва ғ) бо ду гӯши худ шунидааст?
Ҷамеи ин мушкилотро мутаккабирона ба худи райият ҳавола карда, ҷор мезанад, ки "ҳамаи ин камбудиву норасоиро худатон ҳал ва саришта мекунед. Вазифаи мо таъин намудан ва ҷояш ояд, аз кор сабукдӯш намудани ину он раиси деҳи ноӯҳдабарост".
Ана ҳамин тавр, ёбеду гиред!
Ҳамакнун суоле ҷиддан ба миён меояд, ки то кай Ҳукумат як бахши аъзаму бузурги амалдорони беамалро дар шаҳру навоҳӣ, вилояту ҷамоатҳои деҳот аз боло таъин менамояд? Ин таҷиба нишон дод, ки ин гурӯҳ соҳибмақом бо райият кор ва муносибат карда наметавонанд ва зиёда аз ин, мардум онҳоро дӯст ҳам намедоранд.
Пас, такрор ва забонзад ҳам шавад, барои оянда пешниҳод мекунем:
-Раисони деҳ; ҷамоатҳо, шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо таъин не, аз ҷониби заҳматкашон интихоб карда шаванд.
Дар ҳоле, ки тибқи нишондоди Сарқонуни мамлакат Президенти кишвар бо додани орои кули шаҳрвандони Тоҷикистон интихоб (!) карда мешавад, чаро наметавонем, ки амалдорони сатҳи поёниро низ бо раъйи халқ интихоб намоем?!
Кунун замон ҳаминро талаб мекунад.Роҳи баргашт ба қафо вуҷуд надорад. Ё не?
Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр