"Албатта ҳукумати Тоҷикистон ва парлумони кишвар пешниҳодоти моро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" ба инобат нахоҳанд гирифт. Вале мо кӯшиши худро идома медиҳем. Ҳадди ақал барои огоҳ кардани мардум аз ҳуқуқашон". Дар ин бора Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲУСДТ зимни баргузории мизи муддавар "Зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президентии ҶТ" дар манзили зисташ иброз дошт.
ҲУСДТ ҳизбе бидуни толор ё аҳзоби сиёсӣ муттаҳид нестанд?
Гуфта мешавад Раҳматилло Зойиров раҳбари ҲУСДТ чаҳор маротиба талош кард, то чорабинӣ дар яке аз биноҳои давлатӣ баргузор гардад, аммо муваффақ нагардид. Раҳматилло Зойиров бар ин бовар аст, ки чунин монеаҳо бо супориши мақомоти Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд. Дар ҳамин маврид Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари бунёди "Перспектива+" мегӯяд, ки агар воқеан ҳукумат монеи баргузории ин чорабинӣ дар биноҳои давлатӣ гардид, пас ин бар зарари онҳост. Чунки Зойиров яке аз чеҳраҳои мухолиф буда, ҳукумат ба ҷойи садди роҳ шудан, бояд ба ҳарфи онҳо гӯш бидиҳад.
"Надоштани як идораи корӣ ҳам барои ҳизбе чун ҲУСДТ қобили қабул нест. Ба ҳар сурат ҲУСДТ як ҳизби мухолиф мебошад ва аъзои зиёде ҳам дорад. Масъулини ҳизбро лозим аст, ки қабл аз ҳама барои худ идораеро пайдо намоянд. Дар сурати дигар даъват ва талоши онҳо аз ҷониби дигар аҳзоб ҷиддӣ қабул карда намешавад", гуфт Ойниҳол Бобоназарова.
Бояд гуфт, ки тибқи барномаи қаблии Раҳматилло Зойиров дар мизи гирд бояд раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ мекарданд. Аммо бо баҳонаҳои номуаяйн дар ин чорабинӣ намояндагони ҲХДТ, ҲКТ, ҲИИТ, ҲСТ, ҲАТ аз ширкат даст кашида, ҲНИТ ва ҲДТ-ро муовинонашон намояндагӣ мекарданд. Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ дар як сӯҳбати худ ба "Озодагон" гуфт, ки барои ширкат накардан дар ин чорабинӣ чанд омиле рӯйи даст дорад. Нахуст, ин ки макони баргузории ҳамоиш барои аҳзоби сиёсӣ хеле номусоид буд. Илова бар ин дар даъватнома мақсад ва мароми баргузории мизи гирд муаяйн нашуда, дар ин мааврид ҳадафҳои ҲКТ бо аҳдофи ҲУСДТ, ҲНИТ ва ҲДТ мувофиқат намекунад. Яъне, қабл аз ширкат дар кадом як чорабинӣ раҳбар ва муовини ҲКТ-ро лозим аст, ки ризоияти аъзои худро аз тамоми минтақа ба даст оранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳозир нашудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба мизи гирди "Зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" коршиносон мегӯянд, ки дар шароити Тоҷикистон ин падидаи манфӣ мебошад. Ҳизбҳои мухолифи сиёсиро лозим аст, ки ба ҷойи амал дар алоҳидагӣ муттаҳид шаванд.
Ҳадаф аз баргузории мизи гирд таъсир ба интихоботи соли 2013 нест
Бино бар гуфтаи иштирокдорони мизи гирд ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" ин таъсир расонидан ба интихоботи соли 2013 нест. Бузургмеҳр Ёров, узви коллегияи адвокатҳои "Сипар" гуфт, ки мақсади иштирокдорон ин фароҳам овардани шароит барои баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон мебошад. Зеро тамоми интихоботи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, ба ҷуз аз ИДМ мавриди интиқоди шадид қарор мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Маҳмадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, ки аз интихоботи Тоҷикистон одатан ду гуруҳи созмонҳо назорат мебаранд, ки онҳоро дар мисоли ИДМ ва САҲА метавон тасвир кард.
"Пӯшида нест, ки нозирони ИДМ дар тамоми маъракаҳои сиёсӣ танҳо рақсу бозӣ карда, дар натиҷа дилхоҳ интихоботро одилона ва шаффоф арзёбӣ мекунанд. Нозирони САҲА бошад дар гузоришҳояшон аз шеваи баргузории интихобот дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Вале мутаасифона, онҳо аз доираи пахши изҳорот набаромада, баҳогузории худро пайгирӣ намекунанд", мегӯяд Маҳмадалӣ Ҳайит.
Роҳи наҷот- муроҷиат ба давлатҳои хориҷӣ?
Дар ҳамоиши мазкур гурӯҳе бар он назар буданд, ки барои баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон дигар ҳеч созмоне ёрӣ расонида наметавонад. Аз ин хотир ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба давлатҳои хориҷ муроҷиат кунад. Дар ҳамин маврид Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки мардум набояд ба умеди давлатҳои хориҷ бошад. Вазъияти дохилиро ба ҷуз аз мардум дигар ҳеч гурӯҳе наметавонад иваз намояд. Ба гуфтаи номбурда барои беҳтар кардани фазои сиёсӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад. Бояд ҳар як фард аз ҳуқуқҳои худ огоҳӣ дошта, нагузорад то овози ӯ ба фоидаи номзади дигар ҳисоб карда шавад. Ойниҳол Бобоназарова бар ин бовар аст, ки ҳатто дар сурати муроҷиат ба давлатҳои хориҷ, онҳо ба ҷуз аз пахши изҳорот дигар қудрате барои иваз кардани вазъи Тоҷикистон нахоҳанд дошт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҳамоиш иштирокдорони мизи гирд Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ"-ро таъсис доданд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲУСДТ
Бузургмеҳр Ёров, узви коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон "Сипар"
Амният Абдулназаров, роҳбари ҷамъиятии "Демократия"
Ҳайбулло Абдуллоев, муовини раҳбари ҲДТ
Шералӣ Кенҷаев, муовини ҲСТ ҷиноҳи М. Назриев
Зариф Ғуломов, ҳуқуқшинос
Ҳикматулло Сайфуллозода, сармуҳаррири "Наҷот" ба ҳайати кумитаи шомиланд.
Ҳамоиши навбатии Кумитаи тадорукот нимаи дуввуми 25-уми сентябр баргузор гардида, дар рафти он раҳбари кумитаи аз ҳисоби нафари беҳизбӣ интихоб хоҳад гашт.
Ҳоло пешниҳоди аслии кумитаи тадорукот ин аст, ки меъёри ҷамъи имзо аз 5 дарсад ба 2 фоиз поён рафта, қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳудуди макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ берун ҷойгир карда шаванд.
Гуфта мешавад, қонун "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" соли 1994 қабул шуда, то имрӯз тағйир наёфтааст. Соли 2004 бо ширкати ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони парлумон бо сарпарастии "САҲА нусхаи тағйирхӯрдаи қонун таҳия гашта, аз ҷониби ҲХДТ дастгирӣ наёфт. Соли 2007 таҳти сарпарастии IFES - Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфт. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъият ва шароити дохилии Тоҷикистон коршиносон ба эътибор гирифтани пешниҳодоти аҳзоби сиёсии кишварро баъид медонанд. Ба бовари онҳо талошҳои Раҳматилло Зойиров ба зудӣ фаромӯш хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, нахуст таърихи 13-уми сентябр Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ, ки тобеи Вазорати умури хориҷа аст бо "сабаби" пеш омадани чорабиниҳои вазорат хоҳиши Зойировро рад намуд. Пас аз ин раҳбари ҲУСДТ эълон дошт, ки мизи гирд 18-уми сентябр дар толор меҳмонхонаи "Каён" баргузор хоҳад гашт. Рӯзи 18-уми сентябр вақте иштирокдорони мизи гирд ба назди меҳмонхонаи "Каён" ҳозир шуданд, дари онро маҳкам ва мӯҳрзада пайдо карданд. Дар ҳамин маврид ҷаноби Зойиров гуфт, ки барои ҳарду толор 150 долларӣ маблағ пардохт карда буд. Баъдан кӯшишҳои Зойиров барои гузаронидани ин мизи гирд дар Иттифоқи касаба ва Институти осори хаттӣ ва дастхатҳо низ бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳамин тавр мизи гирд таърихи 22-юми сентябр дар манзили зисти раҳбари ҲУСДТ, дар утоки кориаш баргузор гардид.
Чаро қонуни интихобот тағйир намеёбад?
Тааҷубовар аст, ки чаро бо ташаббуси парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон қонунҳо тағйир дода мешавандва қонунҳои наве ҳам ба миён меоянд, ки мавриди қабули мардум нестанд, аммо чаро 18 сол аст, ки бо вуҷуди исрори аҳзоби мухолиф ҳукумат ва парлумон барои тагйири қонуни интихобот ҳатто кӯшише намекунанд. Мантиқан ин қонун ба манфиати ҳизби ҳоким ва ҳукумати Тоҷикистон хизмат мекунад ва онҳо намехоҳанд, ки бо тағйири ин қонун ба аҳзоби мухолиф дар интихобот шонси иловагӣ диҳанд.
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр