Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ҳамоиши вижа доир гардид.
Ин семинар бо ибтикори вазорати маорифи Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Истиқлолият- таҳкимбахши давлати ҳуқуқбунёд» сурат пазируфт. Тавре ба «Озодагон» котиби матбуоти вазорати маориф Ноилшо Нуралиев хабар дод, ҳамоиши мазкурро муовини вазири маориф Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи «Маориф омили пойдории соҳибистиқлолии давлати ҳуқуқбунёд» баромад кард. Сипас устодону олимони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла «Рушди қонунгузории миллӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аҳамияти хизматрасонии иттилоотӣ дар таъмини амнияти шахсӣ», «Давлати ҳуқуқбунёд ва таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолият ва асосҳои ҳуқуқии ташаккулёбии он дар Тоҷикистон», «Таҷассуми соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таълимоти мактаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ оид ба масоили давлатдорӣ – заминаи субот дар кишвар ва рушди давлати ҳуқуқбунёд», «Омилҳои рушд ва хадамоти методӣ дар даврони Истиқлолият» ва «Адолати конститутсионӣ дар ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карданд.
Ҳамчунин вобаста ба ҳар як мавзӯъ музокира доир гардида, иштирокдорони ҳамоиш назару андешаҳояшонро иброз доштанд. Зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо аз манфиат холӣ набуда, метавонанд дар раванди демократикунонии ҷомеа ва рушду такомули илмҳои ҷомеашиносӣ боз ҳам заминаҳои мусоид фароҳам биёварад.