Дар Душанбе ба беҳтарин сарояндаҳои эстрада ҷоиза супориданд. Маросими эътои ин мукофотҳо қаблан бо номи «Суруди сол» ёд мешуд ва ба як чорабинии маъруф табдил гашта буд. Он дар шакли озмун пешниҳод ва ҷамъбаст мегардид. Суруди беҳтарин аз тариқи овоздиҳии мухлисон ва баҳои ҳакамони вижа интихоб мешуд.
Аммо соҳибони ҷоизаҳои имсоларо худи ташаббускори чорабинӣ, вазорати фарҳанг интихоб намудааст.
Бархе иштирокчиёни чорабинӣ мегуфтанд, ки маъракаи имсола аслан ба «Суруди сол» шабоҳат надошт…
Дар гузашта маросими ҷоизасупорӣ гӯё як шукӯҳу шаҳомати хосае дошт, соли равон ба ҷуз аз ролики таблиғотие дар ТВ «Сафина», ки дар баргузории чорабинӣ ҳамкори вазорати фарҳанг унвон мешавад ва чанд овеза дар чанд гӯшаи пойтахт дигар чизе аз мавҷудияти чунин як чорабинӣ дарак намедод. Воқеан, як чунин овезаи таблиғотӣ дар назди бинои Сирк ба қавли як ҳафтанома чанд рӯз «пуштағелак» мерафту касе онро бардошта ба ҷояш дуруст нагузошт.
Киёми вазорати фарҳанг ва ё пешдастӣ аз «Қиём Интертеймент»
Ҷоизаҳо аз рӯи чанд номинатсия соҳибонашонро ёфтанд. Субҳон Саидов ва Анвар Қосимов ба дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин овозхони санъати эстрадаи тоҷик» мушарраф шуданд. Шоҳҷоиза-«Беҳтарин сарояндаи сол» бошад, насиби Садриддин Наҷмиддинов ва Ҷонибек Муродов гардид.
Ҳамчунин, Зикриоллоҳ Ҳакимов ҷоизаи «Беҳтарин оҳангсоз», Зайниддин Каримов «Беҳтарин танзимгари оҳанг», Эҳсон ва Манижа «Беҳтарин Дуэт», Гулру Табарова ва Зайнура Пулодӣ ҷоизаи махсус «Барои қадамҳои нахустин дар саҳна», Баҳроми Ғафурӣ «Беҳтарин клип» ва «Беҳтарин албоми сол», Фирӯза Ҳафизова «Беҳтарин албом», Ҷонибек Муродов «Беҳтарин клип», Валиҷон Азизов «Таваҷҷӯҳи тамошобин», Бахтиёр Иброҳимов,
Нигина Амонкулова ва Дилноза Каримова «Беҳтарин иштирокчии чорабиниҳои давлатӣ» (воқеан, ин ҷоизаро як намояндаи вазорати кишоварзӣ супурдааст. Шояд ояндаи наздик дар репертуари ин хонандаҳо таронаҳои «Пахта-пахта ҷон пахта», «Гандумо дарав шуд наомад ёрам», «Борон борад Ёвонба, алаф шавад говонба», «Баррача о, баррача» ва амсоли инҳоро фаровон мешунавем?)-ро соҳиб шуданд.
Гурӯҳҳои «Шамс» ва «Авесто» ҷоизаи «Беҳтарин гурӯҳи эстрадӣ»-ро ба худ ихтисос доданд. Ҷоизаи «Беҳтарин барномаи консертӣ» ба Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматулло супурда шуд. Беҳрӯз Зеваров, продюссери ширкати «JM» ҷоизаи «Продюссери беҳтарини сол»-ро ба даст овард.
Ансамбли «Гулрез»-и назди кумитаи ТВ ва радио «Беҳтарин гурӯҳи рақсӣ» шинохта шуд.
Вазорати фарҳанг, ташабускори аслии ин чорабинӣ нагуфтааст, ки аз рӯи кадом меъёрҳо соҳибони ҷоизаҳоро муайян кардааст.
Ёдовар мешавем, моҳе пештар овозаҳо атрофи «Суруди сол» гуши шоу бизнеси тоҷикро қариб ба карӣ расонд. Ҳамааш аз он оғоз гардид, ки гуфтанд, ширкати «Қиём Интертеймент» мехоҳад масъули баргузории «Суруди сол»-и Тоҷикистон бошад. Ин гапу гапчаҳо на ба сарояндаҳо ва на мухлисон нафорид. Дар назарпурсие, ки нашрияи «Овоза ва ҳақиқат» анҷом дод, аксари хонандаҳои эстрада гуфтанд, ки намехоҳанд, озмуни тоҷикиеро як ширкати хориҷӣ баргузор кунад. Шояд ҳамин сару садоҳо таъсир гузошт, ки вазорати фарҳанг худ масъулияти баргузории ин чорабиниро бар душ гирифт.
Баннерҳои бо Манижаву бе Манижа
Тақрибан аввалҳои моҳи июн дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе баннерҳои
таблиғӣ пайдо шуд, ки аз баргузории як чорабинии фарҳангӣ бо номи «Суруди сол» хабар медоданд. Таваҷҷӯҳро аксҳои қатори сарояндаҳо ба худ ҷалб мекард. Дар баннер миёни дигарон акси Манижа Давлатова низ буд. Хеле ҷолиб менамуд, ки чаро бонуи Манижа на дар барномаи консертии вижаи худ, балки «оливье» баромад мекунад. Аммо ин мавзӯи баҳси дигар аст. Аммо баъди чанд рӯз акси Манижа аз баннерҳо ғайб зад. Дар робита касе аз масъулин сабаб нагуфт.
«Суруди сол»-и вазорати фарҳанг моломоли булаҷабиҳо низ будааст. Инҷо ёддоштҳои як иштирокчии ин чорабинии фарҳангиро пешниҳоди хонанда мекунем.
«Суруди сол» ва ё «Масхараи сол»?
Ростӣ аз аввал ширкат дар консертҳои «оливье»-и Тоҷикистонро хуш надорам. Чунин консертҳо аз нигоҳи ташкиливу саҳнавӣ бисёр дар сатҳи поин баргузор шуда, бештар санъаткорони асил ба он роҳ намеёбанд. Аммо новобаста аз ин 27-уми июн ба Кохи Борбад роҳ гирифтам…
Консерт чун одати ҳамешагӣ 30 дақиқа дертар аз вақти муқарраргардида оғоз ёфт. Мардум дар такопу. Ҳама серҳаракат, касе ҷойи муаяйн надорад. Ниҳоят ровиёни консерт низ рўи саҳна омаданд. Фотима Аббосова ва Раҷаббек Илёсов, кормандони ТВ «Сафина». Дар робита зикр кардан ба маврид аст, ки хело хуб мешавад агар дастандаркорони барномаҳои консертӣ, ки худро продюссер меноманд, ҳангоми ба нақшагирии маҳфилҳо ба барандаҳо низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ намоянд, зеро ин хеле муҳим аст. Фаразан, дар Русия барои даъват кардани Яна Чурикова ва ё Андрей Малахов продюссерон моҳҳои дароз даву тоз мекунанд. Маълум аст, ин ду нафар маҳорати ҷалби таваҷҷӯҳи бинандаро дошта, ҳеч гоҳ аудиторияро хасташавӣ намемонанд. Аммо аз чӣ бошад, ки консертҳои Тоҷикистонро ҳар нафари «тасодуфӣ» ва бидуни маҳорати хосае ровигӣ мекунад. Барои мисол, бо оғоз гардидани консерти «Суруди сол» ду баранда чунон аз зинапоя поён фаромаданд, ки гӯиё онҳо дар «роҳрави сурх»-и Ҳолливуд қадам мезананд.
Комплиментҳои тоҷикӣ, мебахшед «номаълум»
Фотима Аббосова шояд бисёр мехост, ки бо тоҷикӣ роҳат сӯҳбат намояд, ки вожаву ибораҳои наве ҳам ихтироъ кард. «Фикр месозам» аз намунаи аввали таҷрибаи ӯ буд ва дар идомаи консерт чунин «масхарабозиҳо» нисбат ба забон ва аудитория дигар ҳисоб надошт. Барои мисол дар ҳеч кунҷи дунё таҷриба нашудааст, ки баранда иштирокдорони чорабиниро дар толор ва барои аудитория баҳогузорӣ ва ё меҳрубонӣ (комплимент) намояд. Фотима Аббосова ва Раҷаббек Илёсов талош мекарданд, ки «симпатия»-и хешро ба ин ё он сароянда нишон диҳанд. Барои мисол Раҷаббек бо дидани чеҳраи Фирӯза Ҳафизова гуфт: «Шумо имрӯз хеле қашангед». Аз ин сухан илҳоми Фотима Аббосова низ омад. Ҳангоми ҷоизасупорӣ ба Ҷонибек ва Садриддину боз чанд сарояндаи дигар Фотима бо садои боғурур мегуфт: «Шумо воқеан арзандаед»…
Иштибоҳкориҳо низ кам набуд. Барои мисол вақте баррандаҳо паси парда мерафтанд Фотима барои толор гуфт, ки феълан баромади Парвиз Пӯлодиро интизор шавед, аммо чанд қадам нагузошта бо садои писхандомез садо дод, ки на ҳоло баромади Шаҳроми Абӯбакр аст. Ҳамин гуна ду барандаи хушсалиқа Таҳмина Рамазонова, сарояндаи гурӯҳи «Авесто»-ро Таҳмина Ниёзова муаррифӣ карданд. Таҳмина Рамазонова дарҳол гуфт, ки насабаш Ниёзова нест. Аз чӣ бошад, ки баъди анҷоми баромади Таҳмина Рамазонова Фотима ба саҳна набаромад. Шояд намехост ғурурашро шиканад ва аз Таҳмина узрхоҳӣ намояд. Раҷаббек бо анҷом ёфтани фонограмма, э астағфируллоҳ суруди Таҳмина Рамазонова гуфт, ки пӯзиш мехоҳад, ҳамеша дар миёни духтарони зебо насабашонро фаромӯш мекунад…
Бошад, ки бошад
Бо ҳамин фурсати рӯи саҳна баромадани Муҳаммадрофеи Кароматулло расид. Вале, Фотима гуфт, ки намехоҳад сарояндаи навбатиро муаррифӣ кунад, чун ҳамеша дар муаррифӣ барои эълони номи ин сароянда ғалат мекунад ва дар паси парда «гап» мешунавад. Вале бо вуҷуди ин, Фотима ин навбат бисёр кӯшиш намуд, ки бидуни иштибоҳ ҳарф бизанад ва гуфт, ки ҳамакнун навбати Муҳаммадрафеъ аст, на Муҳаммадрофеъ. Қариб, ки фаромӯш шавад: «Бошад, ки чунин бошад». Яке аз ибораҳои дӯстдошта ва серистеъмоли барандагони ин консерт буд. Умуман, чунин баромадҳои дилбазани барандаҳо аудиторияро зиёд хаста мекунад.
Фотима ва Раҷаббек дар саҳна худро тавре намоиш медоданд, ки ба ин мазмун мешавад фаҳмид: «инҷо сарояндаҳо муҳим нест, мо аз ҳама асосием». Зеро, бо пайдо шудани сарояндаҳои бону дар саҳна Фотима аслан сухан намекард. Дар акси ҳол Раҷаббек риштаи суханро ба Фотима вогузор мекард…
Ин ҷо набояд аз ташкилкунандагони консерт фаромӯш кард. Ба назар чунин мерасад, ки консертро «сарам дилам» ташкил кардаанд. Тамоми нафароне, ки ба саҳна барои ҷоизасупорӣ даъват мешуданд ҳадди аққал либоси мувофиқи саҳнаро ба бар накарда буданд. Ҳунармандон, намояндагони вазорат, ки маъмулан тӯҳфаву ҷоизаҳоро ба сарояндаҳо тақдим мекарданд, бо ҳамон либоси «кӯчагӣ» ҳозир мешуданд, ба истиснои Ортиқи Қодир.
«Суруди сол» дар соли 2011 низ гузашт. Бо умеди дар соли 2012 дар сатҳи олӣ баргузор шудани ин маҳфил тамоми ҷоизадорони имсоларо муборак мегӯем.{jathumbnail off}
Мӯҳр