Бузургтарин Қуръони тиллокӯби ҷаҳон дар бистумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузури Саидмуҳаммади Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.
Ин Қуръони нафис дар 604 сафҳа нигориш шуда ва вазни ҳар барги он 114 грамм, замони китобати он тайи 114 рӯз, замони тазҳиби он тайи 114 шаб, вазни мусҳаф бо ҷаъба 114 кило, теъдоди баргҳои тилло дар ҳар сафҳа 114 барг ва абъоди он 100 дар 70 аст.
Алиризо Беҳдонӣ, ҳунарманди хушнависи ин асар гуфт: «Соли гузашта пас аз дидор бо мақоми муаззами роҳбарӣ тасмим ба нигориши ин Қуръони нафис гирифтам ва ибтидои соли ҷорӣ кори китобат оғоз ва 21-уми тирмоҳи 1391 поён ёфт. Ҳамчунин ин Қуръон бо пешниҳоди Маркази табъу нашри Қуръони Карим ба равиши тайиншуда тавассути ин марказ китобат ва нигориш шуд».
Алиризо Беҳдонӣ, ҳунарманди хушнавис мутаваллиди соли 1971 дар шаҳри Машҳад ва фориғуттаҳсили риштаи адабиёти донишгоҳи Бирҷанд аст. Вай дар соли 1993 аввалин мусҳафи худро китобат кард ва то кунун 45 мусҳаф бо расмулхатҳои гуногун китобат кардааст. Ҳамчунин вай дар солҳои 2004 ва 2005 Қуръонҳои тиллокӯби худро ба мақоми муаззами роҳбарӣ эҳдо кард.
Саидмуҳаммади Ҳусайнӣ дар ин маросим гуфт: «Қиссаҳои Қуръонӣ идеяи муносибе барои сохти бозиҳои роёнаӣ (компютерӣ) аст ва бо истифода аз ин идеяҳо дигар ниёзе ба сужаҳои ғарбӣ дар тавлиди бозӣ надорем. Ҳузури бошукӯҳи мардум дар Намоишгоҳи Қуръон муҷиби дилгармии фаъолони қуръонии Эрон аст ва ҳунармандоне, ки дар ин арса талош мекунанд, бо ҳимояти мардум бо ангезаи зиёд ба кори худ дар ин замина идома медиҳанд».
Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ёдовар шуд, ки «ба ҳар ҳол ба ҷои ин ки қиблаи омоли мо ба бозиҳои роёнаии Ғарб бошад ва аз ин бозиҳои роёнаӣ копибардорӣ кунем, метавонем аз сужаҳои хуби эронии исломӣ истифода кунем, ки ин амр дар солҳои ахир иттифоқ афтодааст».
Ҳусайнӣ идома дод: «Чунон чи идеяҳои исломии муносиб дар ихтиёри бозисозон қарор гирад, дигар ниёзе ба истифода аз сужаҳои ғарбӣ нахоҳем дошт. Мо ба тавҳид муътақидем, аммо Ғарб ба инсон нигоҳи моддӣ дорад ва фарҳанги мо бо Ғарб мутафовит аст».
Вай гуфт агар ба қиссаҳои зебои Қуръонӣ чунон чи ба дурустӣ пардохта шавад, ба бозиҳои ҷаззобе табдил хоҳанд шуд. Вай ёдовар шуд, ки «агар мо хоҳони иззат ҳастем, роҳе ҷуз расидан ба илму дониш надорем ва ин дар ҳолест, ки Ғарб намехоҳад Эрони исломӣ ба дониш ва фановариҳои рӯз даст ёбад ва роҳи гурезе аз фановариҳои навин нест ва имрӯз фазои маҷозӣ барои мо як воқеъият аст».
Мӯҳр