Бахшҳо
05 июл 2012 07:59Гузориш

Баҳси "гарм". Барои "Айнӣ"

Дар сурати ба ихтиёри Амрико гузоштани як гӯшаи фурудгоҳ Тоҷикистон метавонад маблағи зиёде ҳам талаб намояд...

Хуруҷи низомиёни НАТО аз Афғонистон авохири соли 2014 дар қатори мавзӯъҳои доғ ҷо гирифтааст. Коршиносон ва соҳибназарон дар ҳошияи ин хабар ва ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ пешгӯиву андешаҳои зиду нақиз доранд. Дар мавриди мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ сару садоҳо зиёданд, ҳатто Николай Макаров, сардори сарситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия   эълом дошт, ки маблағгузории пойгоҳ то замони рӯшан шудани сарнавишти он мутаваққиф хоҳад шуд. Аммо ҳоло сӯҳбат сари фурудгоҳи байнулмилалии мавсуф ба "Айнӣ"-и Душанбе аст…
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дуюми июл бо Соманаҳалли Малайя Кришна, ҳамтои ҳиндуяш дар Душанбе мулоқот кард. Сомонаи ВКХ менависад, ки зимни нишаст масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шудааст. "Ҷонибҳо ба масоили густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, технологияи иттилоотӣ, нақлиёту коммуникатсия ва туризм дахл карданд. Ҳамчунин, вазъи Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор низ дар дидори вазирони умури хориҷӣ матраҳ гардид",-гуфта мешавад, дар хабари манбаъ.
Қабл аз сафари кории Соманаҳалли Малайя Кришна ҳадс зада мешуд, ки аснои мулоқоти ӯ бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи истифода аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ", воқеъ дар 25 километрии ғарби шаҳри Душанбе мавқеи хосса хоҳад дошт. Зимнан, бархе аз расонаҳои хориҷӣ ҳатто навишта буданд, ки тавофуқномае дар ин маврид аз пеш баста шудааст. Аммо дар поёни дидораш бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки Ҳиндустон танҳо дар бозсозии фурудгоҳи "Айнӣ" кӯмак мекунад ва ҳеч навъ техника ва муҳимоти низомии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар пойгоҳи мазкур мустақар нашудааст.  

Қадами ду ва ё севу чор…

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ҳиндустон танҳо дар таъмиру тармими фурудгоҳ нақш дорад ва масъалаи ба ихтиёри низомиёни ҳинд додани фурудгоҳ матраҳ нест. Аз ин пеш Вазорати мудофиа чунин як иттилое пахш карда буд. Вақте дар моҳи декабри соли гузашта бархе расонаҳо аз мустақар шудани чанд тайёраи низомии Ҳиндустон хабар доданд, Вазорати дифои Тоҷикистон онро беасос хонд.
Хабарҳо дар мавриди фурудгоҳи низомии "Айнӣ" баъди боздиди кадом як мақоми баландпояи Ҳиндустон аз Тоҷикистон зиёд мешавад. Аммо ҳар навбат ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеч қарордоде дар ин замина баста нашудааст.
Декабри соли 2011 сомонаи World Politics Rewiew матлабе интишор дод, ки тибқи он гӯйё Ҳиндустон аз пойгоҳи "Айнӣ" истифода мебарад. Ин расона бо такя ба як мақоми ҳиндӣ, ки дар навсозии фурудгоҳи "Айнӣ" дар Тоҷикистон ширкат доштааст, дар бораи вуҷуди чунин тавофуқи ғайриошкоро байни Душанбеву Маскав ва Деҳлии нав хабар медиҳад. "Ба навиштаи нашрия, Ҳинд метавонад аз имконоти ин фурудгоҳ барои пӯшиши шимоли Афғонистон ва ҳатто шимолу Покистону ғарби Чин истифода кунад. Аммо муаллиф меафзояд, Душанбе зоҳиран ба далели ҳассосияти масъала барои Пекину Исломобод, аз шарҳи он худдорӣ мекунад",-навишта буд "Озодӣ".

Манбаъ ҳамчунин аз қавли  Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба ҳеҷ кишваре дар бораи истифода аз ин фурудгоҳ қарордод имзо накардааст.
Дар асоси тавофуқномаи даҳ соли пеш Ҳиндустон бозсозии фурудгоҳи Айниро бар дӯш гирифт ва моҳи сентябри соли 2010 коршиносони ҳинд аз анҷоми корҳои таъмиру тармим хабар доданд. Тибқи хабарҳои расида, Ҳиндустон барои корҳои барқарорсозии фурудгоҳи мазкур 70 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст. Гуфта мешавад, ки Ҳиндустон умед дошт, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани фурудгоҳ мустаққар шуданаш он ҷо осон мешавад, вале Тоҷикистон сари ин масъала сӯҳбат карданро барвақт мешуморад. Ҷои пӯшида нест, ки Русия ҳам ба фурудгоҳи мазкур "ҳавас" кардааст. Ҳатто тибқи навиштаи расонаҳо Кремл мисли пойгоҳи низомии 201-умаш мехоҳад дар фурудгоҳи "Айнӣ" ҳам 49 сол бимонад. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар гузашта гуфта буданд, ки ҷиҳати ба иҷора додани фурудгоҳи мазкур танҳо бо Русия музокирот хоҳанд кард. Коршиносон бошанд, иддао доранд, Тоҷикистонро зарур аст, ҳадди аққал дар масъалаи фурудгоҳи низомӣ фаротар аз Русия биравад. Зеро Маскав бо ҳар роҳу васила талош мекунад, ки ройгон ё ҳеч набошад бо қиммати ночизе он ҷо мустақар шавад ва аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ ҳам мебарояд. Мисоли рушан Маркази назорати кайҳонии "Окно" дар шаҳри Норак, талошҳо барои баргаштани марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва пойфишорӣ барои 49 соли ҳузури пойгоҳи низомӣ мебошад. Соли 2004 Душанбе "Окно"-ро ба Русия "ҳадя" кард. Акнун Кремл дар талоши ба таври ройгон наздики ним аср мустаққар намудани низомиёнаш дар Тоҷикистон ҳаст. Музокирот дар мавриди пойгоҳи 201-ум аз чанд соли қабл идома дорад. Моҳи сентябри соли гузашта Дмитрий Медведев, раисҷумҳури вақти Русия баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон эълон дошт, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия то 49 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик ин изҳороти президенти Русияро таҳқири мардуми Тоҷикистон унвон карда, тақозо карданд, ки ин мӯҳлат ҳадди ақал то 7 сол кӯтоҳ шавад.

Ҳамон вақт хабарҳои ғайрирасмие ҳам нашр шуд, ки Тоҷикистон мехоҳад бар ивази мустаққар намудани низомиёни рус 300 миллион доллар иҷорапулӣ бистонад, аммо таври маълум Маскав ба ҳеч ваҷҳ розӣ нахоҳад шуд. Ахиран, Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Русия дар Шӯрои Федератсия гуфт, ки "дар масъалаи пойгоҳи 201 Душанбе талабҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст, ки бо пешниҳодҳои Русия дар ихтилоф аст. Ҳолате пеш омада, ки шояд роҳи ҳал надошта бошад". Ба қавли Чиркин Тоҷикистон намехоҳад, ки 49 соли дигар мизбони пойгоҳи низомӣ бошад. "Душанбе ин мӯҳлатро то даҳ сол коҳиш доданист",-афзудааст номбурда. Ин изҳорот боиси сару садоҳои зиёде шуд. Аз ҷумла Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни сӯҳбати ихтисосие бо радиои Озодӣ онро воҳимаангез ва то ҷое бепояву асос хонд ва гуфт, музокираҳ дар фазои хуб идома доранд ва ба ҷуз таъини мӯҳлати иҷораи пойгоҳ, дигар ҳама масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд. Вазорати дифои Тоҷикистон бошад, изҳороти фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русияро "беназокатии сиёсӣ" унвон кард… Бархе соҳибназарон мегӯянд, изҳороти Чиркин супоришӣ аст. Ба қавли онҳо ин мақом ба ҳеч ваҷҳ наметавонад аз пеши худ чунин изҳороте бидиҳад. Балки бо амри Кремл чунин ҳарфе гуфта, то раванди тасвиби қарордодро тезонад, зеро ба қавли онҳо баъди ҳал шудани масъалаи пойгоҳ русҳо аз пайи фурудгоҳи низомии Тоҷикистон мешаванд.

Амрико ҳам бенасиб монданӣ нест

Ин дар ҳоле, ки "тақдир"-и фурудгоҳи низомии Айнӣ ИМА-ро ҳам бетараф нагузоштааст. Баъди аз хоки Афғонистон берун кардани нерӯҳо тамоми техникаи ҳарбиро ба Амрико интиқол додан ба манфиати Вашингтон нест. Беҳтар аст, ки дар кишварҳои минтақа ҷойгир шаванд ва беҳтарин вариант низ ҳамин фурудгоҳи Айнист. Дар сурати ба ихтиёри Амрико гузоштани як гӯшаи фурудгоҳ Тоҷикистон метвонад маблағи зиёде ҳам талаб намояд. Дар ҳоле, ки эҳтимол дорад, Русия бо пули кам ва ба мӯҳлати зиёд ин ҷо низ ҳузур пайдо кунад.
Коршиносон мегӯянд, Фаронсаву Бритониё ҳам имкон доранд, ки фурудгоҳи "Айнӣ"-ро ба иҷора бигиранд, албатта бо вақти муайян ва маблағи хуб.
Ба ҳар ҳол, баҳсҳо ҳарчанд рӯшод набошанд ҳам бо наҳва ва шеваи мухталиф сари фурудгоҳи мазкур идома доранд. Ку бубинем, Тоҷикистон ин дафъа барои кӣ ва чаро ва ба кадом сурат "гузашт" мекунуад. Вақт довари беҳтарин аст, маҳз ин ченак ҳамаро дар ҷои худии худаш хоҳад гузошт. Интизор мешавем?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)