Бахшҳо
26 май 2012 06:28Ҷавонон ва варзиш

Вокунишҳо ба саховати ҲНИТ

То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон 64 рӯзи дигар монд. Варзишгарони тоҷик то имрӯз ба дарёфти 13 роҳхат муваффақ шудаанд. Дар ин миён як бонуи қашанг ҳам барои медали олимпӣ талош мекунад. Дар қиёс ба олимпиадаҳои гузашта ба назар мерасад, ин навбат таваҷҷӯҳ ба ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик бештар шудааст. То имрӯз хелеҳо эълон доштанд, ки барандагони Олимпиадаи Лондонро қадр хоҳанд кард. Аз шахсони алоҳида, то ширкату ниҳодҳои давлатӣ. Аммо гирди номи ҳеч кадоми онҳо ин қадр сару садоҳо чарх назад, ки атрофи ҲНИТ баланд мешавад. Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки зимни суханронӣ дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ эълон кард, ки барои ҷоизадорони Олимпиада манзили дуҳуҷраӣ тақдим хоҳанд кард.

Тасмими ҲНИТ дар мавриди қадрдонии варзишгарони тоҷик дигарбора номи ин ҳизб ва мавзӯи олимпиадаро расонаӣ кард.

Аслан, ҳунармандони гурӯҳи ҳаҷвии "Ғарибшо & Ко" сабаб шуданд, ки вакили Маҷлиси намояндагон ба мавзӯи Олимпиада дахл кунад. Дар саҳначаи ҳаҷвие Ташриф Халилов, ки худро гуштигири номдору варзида муаррифӣ мекард, гуфт бо сарпарастии ҲНИТ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кардаву қаҳрамониҳо нишон додааст. Ва вақте ба Муҳиддин Кабирӣ сухан доданд, иброз дошт, ки воқеан ҳаҷвнигорон ишораи нозук кардаанд. ӯ афзуд, идеяи ҳавасманд намудани варзишгарон хеле пештар пайдо шуда буд, аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна сару садоҳо онро эълон накарданд: "Шояд сару садоҳое ҳам баланд мешуд, ки акнун варзишро ҳам ба сиёсат мекашанд. Ба ҳамин хотир чизе нагуфтем, вале агар аҳли толор розӣ бошад, мо варзишгаронеро, ки бо медали олимпӣ ба ватан меоянд, қадр мекунем". Баъди ин ҳарфҳои роҳбари ҲНИТ толор бардавом кафкубӣ кард ва Кабирӣ эълон дошт, барои ҳар нафаре, ки дар Лондон ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро ишғол мекунад, аз номи ҳизб манзили зисти дуҳуҷраӣ ҳадя мешавад. "Ҳадафи аслии ин иқдом пуштибонӣ кардани варзиши тоҷик ва ташвиқи дигар сохторҳо, ҳизбҳо ва шахсиятҳо барои кумак ба варзишгарон дар чунин лаҳзаҳост",- афзуд номбурда. Воқеан, ҷои гуфтан аст, ки ҲНИТ ягона ташкилоти сиёсӣ аст, ки эълон дошт, ғолибони Олимпиадаи Лондонро қадр мекунад. Аз сӯи дигар ба ҷуз аз ҲХДТ вазъи молии аҳзоби дигари кишварро хуб арзёбӣ намекунанд.     

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки ҲНИТ омода аст, бархе аз ҳаводорони аслии варзишро аз ҳисоби худ ба Лондон фиристад. Ба қавли вай бо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ дар ин замина сӯҳбат ҳам кардааст ва дар сурати пешниҳоди "квота" ин иқдомро амалӣ хоҳанд кард.
Баъди нашри ин хабар дар интернет шарҳҳои мухталифе зери он пайдо шуд. Баъзеҳо он гуна ки Кабирӣ тахмин зад, навиштаанд бо ин роҳ ҲНИТ барои худ "хол"-и зиёдатӣ кор карданист. Гурӯҳе ҳам ба интихоботи президентии соли 2013 ишора кардаанд. Бо ин ҳол нафароне низ ин мавзӯъро холисона баҳо додаанд. Қадршиносии варзишгаронро набояд ба сиёсат пайванд дод. Аслан чӣ бадӣ дорад вақте як ташкилоти сиёсӣ барои номбардорони ватан ҷоиза муқаррар мекунад?

Гурӯҳе аз шарҳнависон бошанд, муболиға кардаанд. Ба қавли онҳо тасмими ҲНИТ сабаб шуда, то дар Душанбе маросими қадрдонии ду варзишгар, ки ахиран роҳхати олимпӣ гирифтаанд, баргузор шуд. Аммо гуфтан ба маврид аст, ки аз ин пештар низ мақомоти давлатӣ ба варзишгарони дигар тӯҳфаҳо дода буданд. Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз моҳи феврал амре содир кард, ки тибқи он ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ хоҳанд гирифт. Дар сомонаи раисиҷумҳур гуфта мешавад, ки ба ҳар варзишгаре, ки медали тило мегирад, 300 ҳазор мукофотпулӣ тақдим мешавад. Барои нишони нуқра 250 ҳазор ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев,  раиси шаҳри Душанбе зери қароре имзо гузошт, ки тибқи он барандагони медалҳои тилои Бозиҳои олимпӣ бо манзилҳои дуҳуҷраӣ ва унвони "Шаҳрванди ифтихории Душанбе" қадр мешаванд. Онҳое, ки аз Лондон бо медали нуқра бармегарданд, 45 000 сомонӣ дода мешавад. Ғолибони ҷойҳои сеюм 35 000 сомонӣ хоҳанд гирифт.

Аммо ин ба маъние нест, ки варзишгаронро танҳо дар сурати пирӯзӣ дар Лондон қадр мекунанд. Дарёфти роҳхатҳо низ шарафи бузургест ва ба ин хотир варзишгарони тоҷик аллакай туҳфаҳое гирифтанд. Масалан, 21-уми май дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ду дорандаи роҳхати олимпӣ бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд. Аз номи президенти кишвар ба Мавзуна Чориева як сабукрави "ВАЗ-2107" тақдим гардид. Мавзуна Чориева ягона бонуи тоҷик аст, ки соҳиби роҳхати Бозиҳои тобистона олимпии Лондон шуд. ӯ ахиран дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар вазни то 60 кило, ки дар Хитой гузашт, ҷои сеюмро ишғол кард. Маҳз дар ҳамин сабқат ӯ соҳиби роҳхат ба Лондон шуд. Ба Мавзуна Чориева намояндаи ширкати "Вавилон-Мобайл" сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард. Ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" бошад, ба ӯ телефони "Айфон-4" супурд. Ҳамчунин ширкати "Султони Кабир" ҳам мукофоти пулӣ тақдим кард.
Дар ин маросим ҳамчунин ба Парвиз Собиров, ки дорандаи роҳхати олимпӣ аст, тӯҳфа супориданд. Парвиз роҳхати худро аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар вазни то 90 килограмм, ки  дар шаҳри Тошканд гузашт, ба даст овард. ӯ барандаи медали нуқра шуд. Кумитаи миллии олимпӣ ба Парвиз 5 ҳазор сомонӣ дод.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфт, ки ҳамчунин ба суратҳисоби паҳлавонони шинохта Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, ки ҳарсе дар риштаи гуштии озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд, ба ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ интиқол шуд. Бо чунин маблағ, ҳамчунин, гурзандоз Дилшод Назаров, таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, муштзан Анвар Юнусов, гуштигири тарзи озод Искандари Рустам, дзюдочӣ Расул Боқиев, муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Собирҷон Назаров низ сарфароз шуда буданд.
Ҷамъияти саҳҳомии "Ориёнбонк" ҳам тасмим гирифта, ки ба варзишгарони Тоҷикистон ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шаванд, мувофиқи зинаҳои касб намудаашон бо навъҳои мошини сабукрави тамғаи "Лексус" сарфароз гардонад. Бовар ҳаст, ки ин охирин ваъдаҳо нест ва ҳатман афроди ҷудогонаву ширкатҳои хусусӣ ва ниҳодҳои давлатӣ барои ғолибони олимпиада ҷоизаҳо таъсис хоҳанд дод. Муҳим нест, ки ҷоизаро кӣ ваъда мекунад, асос қадршиносӣ аз заҳмати паҳлавонҳои кишвар аст, ки номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Пас, дуо кунед, ки варзишгарони тоҷик дар Лондон муваффақ шаванд!

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)