Бахшҳо
30 апр 2012 03:50Гузориш

Тоҷикистон-Амрикои асри XXII?

Тасаввур кунед, ки ҳоло як литр сӯзишворӣ 6 сомонист ва арзиши як литр об дар баъзе кишварҳо ба 12 сомонӣ баробар аст, вале баъди чанд соли дигар як литр об ба 2 ҳазор доллар мерасад. Яъне, агар нархи тилло 1700 доллар бошад, пас қимати об аз тилло ҳам болотар мешавад. Ин бовар накарданист.

Аз рӯи маълумотҳо захираҳои нафту гази кишварҳои ҷаҳон баъди 50 соли дигар тамом мешавад ва қимати об аз арзиши тилло ҳам боло меравад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар чунин марҳила кишваре, ки дорои захираҳои зиёди об бошад, барои пешбурди иқтисоди миллияш имконияти бештареро рӯи даст хоҳад дошт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми солонааш ба парлумон иброз дошт, ки дар 15-20 соли оянда оби нӯшиданӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Раисиҷумҳур суол кард, ки куҷоянд соҳибкорони боғайрат, ки технологияи навро ворид карда, лӯлаи об насб созанд ва обро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот намоянд? Вай гуфт дар баъзе кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ об нисбат ба сӯзишворӣ 2 баробар гаронтар хариду фурӯш мешавад.

Ахиран Созмони миллали муттаҳид гузориш дод, ки афзоиши аҳолии дунё боис шуда, ки ҳар 10-умин инсон дар сайёра аз оби нӯшиданӣ бенасиб гардад. Ирина Бокова, дабири кулли ЮНЕСКО дар як баромади худ гуфт, соли 2050 талаботи аҳолӣ ба ғизо то 70% меафзояд ва талаботи соҳаи кишоварзӣ ба об 19 дар сад боло меравад. Дар ин ҳолат барои қонеъ кардани талаботи аҳолӣ 90 дар сади захираҳои оби фачи ҷаҳон истифода мешавад. Вай афзуд, истифодаи оби ифлос кори оқилона нест, вале оянда масъалаи зистан рӯз то рӯз норӯшан мегардад ва риск ҳам зиёдтар мешавад.

Коршиносон мегӯянд, бо назардошти ҳамин омил аст, ки аз ҳоло муборизаҳо барои об оғоз шудааст. Бархе аз кишварҳо сари мавзӯи об ба низову ҷангҳои лафзӣ пардохтаанд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар як гузориш гуфт, ки имконияти ҷангҳо барои об баъд аз соли 2022 аз гумон ба яқин табдил хоҳад ёфт. Дар гузориши ӯ ҳамчунин омадааст, кишварҳое, ки алҳол ба гуфтушунид ва созиш сари захираҳои муштараки об бовар доранд, мумкин ба самти чораҳои начандон осоишта майл кунанд. Махсусан, дар Африқои Шимолӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиши аҳолӣ, камбуди об, селу хушксолӣ ва фишори бештари тағири иқлим сабабу баҳонаҳои ҷанг хоҳанд шуд.

Дар сурати ба охир расидани захираҳои нефту газ арзиши об аз нархи тилло ҳам баланд мешавад ва эҳтимол меравад, ки дар 100 соли оянда оби Тоҷикистон аз нафту гази Амрикову Русияву Арабистон бо қимати чанд баробар зиёд фурӯхта шавад. Пас оё гуфтан мумкин аст, ки бо доштани ин қадар захираҳои бузурги обиву энергетикӣ Тоҷикистон дар асри XXII дар сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор мегирад?

«Об додан савоб» масали замони гузашта
Тасаввур кунед, ки ҳоло як литр сӯзишворӣ 6 сомонист ва арзиши як литр об дар баъзе кишварҳо ба 12 сомонӣ баробар аст, вале баъди чанд соли дигар як литр об ба 2 ҳазор доллар мерасад. Яъне, агар нархи тилло 1700 доллар бошад, пас қимати об аз тилло ҳам болотар мешавад. Ин бовар накарданист. Дар Шарқ, ба хусус дар Тоҷикистон як мақоли машҳур ҳаст, ки мегӯянд «об додан савоб аст». Аммо ин масал кайҳо дар ҷомеаҳои исломӣ, ба хусус кишварҳои арабӣ арзиши худро аз даст додаст. Зеро шароит водор сохтааст, то дигар об доданро савоб нашуморанд, балки ҳар кас мехоҳад ташнагии худро шиканад. Бояд барои оби нӯшидааш пул диҳад. Гарчанде тоҷикон ин масалро бисёр истифода мебаранд, вале дур нест рӯзе, ки худи мардуми Тоҷикистон ҳам, ки ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд, обро бо пул бихаранд. Ин раванд аллакай дар шаҳрҳо ба назар мерасад. Ширкатҳои алоҳида оби нӯшокии тозаро дар қуттиҳои хӯрд ҷой карда, ба фурӯш гузоштаанд.

Обанбори «Роғун» мушкили камобиро бартараф мекунад
Тоҷикистон аз ҷиҳати дастрасӣ ба захираи оби тоза дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар ҷои аввал меистад. Дар Тоҷикистон то соли 2005 ҳудуди 14 ҳазору 509 пиряхи хӯрду бузург мавҷуд буданд, ки масоҳати умумии онҳо 11 ҳазору 146 километри мураббаъ ва захираи ҳаҷми оби нушиданияшон ҳудуди 845 км мураббаъро ташкил медод. Бузургтарин пиряхи Тоҷикистон Федченко буда, тӯли он 77 км, бараш то 3100 метр ва ғафсии миёнаш 1000 метр мебошад. Вале ба гуфтаи Султон Раҳимов, муовини авали вазири мелиоратсия ва захираҳои об то имрӯз дар натиҷаи тағирёбии иқлим ва гармшавӣ ҳудуди 1000 пирях нобуд шудааст. Забонаи пиряхи Федченко 400 метр фурӯ рафтааст. Ба бовари Султон Раҳимов сохтани обанбори нерӯгоҳи «Роғун» мушкили норасоии обро бартараф карда, ба ҳар чӣ бештар захира шудани об мусоидат менамояд. Дар обанбори «Роғун» 13 миллиард метрии мукааб об ғунҷоиш меёфтааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон чашмаву рӯдҳои зиёде мавҷуданд ва танҳо дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд 930 адад буда, дарозиашон дар маҷмӯъ ба 28 500 км мерасад. Дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 2000 кӯл, 300 сой ва обанборҳои хурду калон мавҷуданд. Бузургтарин кӯлҳо Сарез, Рангкӯл ва Искандаркӯл ҳастанд. Ҳамчунин муҳимтарин обанборҳо ин обанори Баҳри тоҷик, Норак, Сарбанд, Бойғозӣ, Мӯминобод, Фарҳод ва Даҳанасой ном бурда мешаванд.  

Вале бо ин ҳама гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба оби нӯшокӣ зиёд аст. Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло вазъи таъмини беш аз 1 миллион аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар кишвар беҳтар гаштааст. Дар ҳамин ҳол вазъи дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби нӯшокӣ нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. СММ гузориш медиҳад, ки 60%-и аҳолии дунё дар Осиё зиндагӣ мекунанд, вале танҳо аз се як ҳиссаи захоири обро дар ихтиёр доранд. Дар ҳоли ҳози ҳудуди 884 миллион нафар ба оби нӯшокӣ ва беш аз 2,6 миллиард сокинон ба оби қубур (водопровод) дастрасӣ надоранд. Ҳудуди 1,5 миллион кӯдаки то 5 сола аз ҳисоби истифодаи оби ифлос ҳамасола ба касалиҳои гуногун гирифтор шуда, мефавтанд.

Ҳамасола аҳолии Тоҷикистон бо далели адами обанбор ва набудани имкони захираи нерӯи барқ дар фасли зимистон бидуни барқ мемонад. Кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон бо вуҷуди он ки оби дарёҳои Тоҷикистонро ройгон истифода мебарад ва ҳатто раҳмат ҳам намегӯяд, лекин боз ба таври ногаҳонӣ газро қатъ мекунад ва барои бунёди обанбори «Роғун» монеа эҷод менамояд. Ҳарчанд, ки Ӯзбакистон захираҳои зиёди нефту газ дорад ва метавонад бо ин роҳ рушди иқтисодашро таъмин намояд, лекин шояд ҳасад мебарад, ки агар Тоҷикистон «Роғун»-ро созад, ҳам бозори энергетикии минтақаро ба даст мегирад ва ҳам ба фурӯши об шурӯъ мекунад, ки ин ба нафъи он кишвар нест. Аз ин рӯ ҳамеша мухолифи бунёди обанбор ва нерӯгоҳи «Роғун» аст. Зеро намехоҳад, ки баъди 50-60 соли дигар, ки захираҳои нефту газаш тамом мешаванд, вобастаи энергияву оби Тоҷикистон бошад. Агар Тоҷикистон обанбор насозад, об ҳамеша ба поён ҷорӣ аст ва Ӯзбакистон метавонад аз он ройгон истифода кунад ва дар ин сурат шанси вобаста набудан ба Тоҷикистон бештар аст. Аммо агар обанбори «Роғун» бунёд нашавад ва гармшавии иқлим идома пайдо кунад, дар ин сурат хавфи хушксолӣ ё камобӣ тамоми кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, захираи обу энергетикии Тоҷикистон беш аз 527 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад, ки феълан танҳо 5%, яъне 25 млрд. кВт соат истифода мешавад. Тоҷикистон 12,2 фоиз квота дорад, ки бояд барои обу обёрӣ дар қаламраваш истифода кунад. Аз ин миқдор ҳамасола ҳатто 2 километри мукааб обро истифода намекунад ва ин об ройгон ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад. Обанбори «Роғун» тақрибан 13 километри мукааб обро ҷой мекунад ва дар сурати пур кардани ин обанбор Тоҷикистон ҳар сол 1 километри мукааб обро истифода мекунад, ки аз квотаи муқаррарӣ се баробар камтар аст. Гарчанде вобаста мондани Ӯзбакистон ба Тоҷикистон баъди 50-60 соли дигар зери суол бошад ҳам, лекин як чиз яқин аст, ки агар дар ин муддат Тоҷикистон тавонад,  нерӯгоҳи «Роғун»-ро бунёд кунад ва фурӯхтани обро ба роҳ монад, ба монополияи Ӯзбакистон дар нисбати худ хотима мегузорад.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)