Корхонаи «Пахтаи Кӯлоб» аз андози давлативу фонди ҳифзи иҷтимоӣ, гузашта аз ин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ садҳо ҳазор сомонӣ қарздор асту вале ин ба қавле пинаки касеро вайрон намекунад. Дари ин корхона ҳамеша баста асту соҳибмулкро бо «микроскоп» ҳам ёфта намешавад.
Дар семоҳаи аввали соли равон аз 22 корхонаи саноатии шаҳри Кӯлоб 2 –тоаш умуман фаолият накарда, 3 корхонаи дигар ба миқдори ниҳоят кам маҳсулот истеҳсол кардааст.
Бино ба иттилои Баҳром Садиров, мудири бахши саноат, энергетика ва алоқаи комуникатсионии ҳукумати шаҳри Кӯлоб, 22 ташкилоту корхонаҳои саноатии шаҳр дар якчоягӣ бо 31 нафар аз соҳибкорони инфиродӣ дар семоҳаи аввали имсол ба миқдори 30 миллиону 316 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, 2 корхонаи дар гузаштаи начандон дур бузургу сердаромад- «Корхонаи хонасозӣ» ва «Хатлон» умуман фаолият надоштаанд. Корхонаҳои «Пахтаи Кӯлоб», «Заводи консервабарорӣ» ва ҶДММ «Шавқ-К» ба миқдори мутаносибан 199, 13 ва 5 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд. Иллати бефаъолиятӣ ва кам гаштани ҳаҷми маҳсулотро ҷаноби Садиров дар камбуди маблағ ва бепарвогии соҳибмулкон унвон кард. Гуфта мешавад, корхонаҳои мазкур муддати зиёдест, ки фаъолияти густардае ба роҳ намондаанд. Гузашта аз ин ҳамасола ҳаҷми истеҳсолияшон коҳиш ёфта, дар ҳоли аз фаъолият бозмондан ҳастанд.
Марҳум Асадулло Ғуломов замони муовини аввали сарвазири чумҳурӣ буданаш бо нигаронӣ аз фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ба шаҳрдорӣ супориши қатъӣ дода буд, то ин гуна корхонаҳоро муфлис эълон карда аз нав ба савдо бароранд. Вале шаҳрдори вақт Ҳамид Абдуллоев ҳарчанд дар ҷамъбасти ҳар семоҳа низ фаолияти ин корхонаҳоро ғайриқаноатбахш унвон мекарду тарси муфлисшавӣ медод, аммо ҳамоно барои баровардани қарори муфлисшавии онҳо ҷуръат намекард. Воқеан, тибқи хабари расида, сардори яке аз ин корхонаҳо- заводи консервабарорӣ, ки бо заҳмату маблағгузории саноатчиёни вилояти Суғд ба истиқболи 2700 солагии Кӯлоб бунёд ёфта буд, ҳамсабақи раиси собиқи шаҳр будааст, ки бо дархости чаноби раис муфт соҳиби корхона гардид. Чун шаҳрдорӣ аз фаолияти корхона пурсиш ба амал намеовард, сардори корхона ҳам аз он бепарво буд. Таҷҳизоти замонавии корхона, ки мутахассисони суғдӣ васл карда буданд, ахиран аз бемасъулиятии роҳбарон пурра аз кор монд. Инчунин, бо карори махсуси раиси шаҳр баҳри таъмин намудани ҳамин корхона бо маҳсулоти сабзавотӣ аз қабили помидору бодирингу пиёз 10 гектар замини корами обӣ ҷудо шуд, ки низ тайи солҳои дароз дар он умуман ягон намуди зироат кишт нашудаву ҳосиле нарӯёндаанд. Ҳамакнун, муддати зиёдест, ки аз роҳбари корхона дарак нест. Баҳром Садиров мегӯяд, ӯро на дар Кӯлоб дарёфт карда мешаваду на дар Душанбе. Ба зангҳои телефонӣ ҳам ҷавоб намедиҳад.
Ба ҳамин монанд, корхонаи бузурги дигари саноатӣ- корхонаи пахтатозакунии «Пахтаи Кӯлоб» соҳибмулкаш Лашкарӣ Мирзоев дар 12 моҳ ҳамагӣ ба миқдори 199 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 3 миллион сомонӣ кам аст. Корхонаи мазкур аз андози давлативу фонди ҳифзи иҷтимоӣ, гузашта аз ин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ садҳо ҳазор сомонӣ қарздор асту вале ба қавле ин пинаки касеро вайрон намекунад. Дари ин корхона ҳамеша баста асту соҳибмулкро бо «микроскоп» ҳам ёфта намешавад.
Бино ба иттилои масъули бахши саноати шаҳр Баҳром Садиров, ба ҳамин монанд соҳибмулкони дигар корхонаҳои камфаъол ва камфаъолро низ дарёфт кардан мушкил будааст: «Дар ин маврид бо як мактуби расмӣ ба раиси шаҳр муроҷиат кардем, то ба хотири рушди саноати шаҳр ҳамин соҳибмулконро ҷамъ оварда, ба як хулосаи зарурӣ бароем»,- афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, соҳибмулконе ҳастанд, ки хушбахтона фаъолияти густардаро ба роҳ мондаву дар рушди соҳа ва буҷаи маҳал саҳми арзанда доранд. Корхонаи тозатаъсиси «Тиллои сафед» дар муддати камтар аз 1 соли фаъолияташ, тавонист дар семоҳаи аввали имсол ба микдори 3 миллиону 698 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд. Корхонаи «Зарҳам» 1 миллиону 275 ҳазор сомонӣ ва «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» 947 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки агар вазъи корхонахои саноатии Кӯлоб ҳар чӣ зудтар тағир нахӯрад, дар гумон аст, ки дигар ин соҳа дар пешрафти минтақа нақше бозида тавонад. Ин дар ҳолест, ки аксари соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва масъулини соҳа дар ҳукумати маҳаллӣ ба истилоҳ ашхоси тасодуфӣ ва дур аз соҳа будаанд.
Аслиддин Достиев
Мӯҳр