Имрӯз дар пойтахти Русия шаҳри Москва ба муносибати 20 солагии ташкилёбии кишварҳои ИДМ намоишгоҳи байнидавлатӣ баргузор гардид.
Ба иттилои маркази матбуотии палатаи савдо ва саноати кишвар, барои иштирок дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ сафарбар шудааст, ки Оқил Оқилов, сарвазири кишвар гурӯҳи мазкурро роҳбарӣ мекунад. Дар ин намоишгоҳи байнидавлатӣ аз 4 минтақаи Тоҷикистон- ВМКБ, Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ молу маҳсулот ба маърази тамошо гузошта шудааст, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр