Нахустин конфронси шӯрои сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ иттилоъ доданд. Бино ба гуфти шӯъбаи иттилоотии ин ниҳод, ҷаласаи муштараки соҳибкорон рӯзи 27-уми июн дар бӯстонсарои «Пуғус» оғоз гардида, дар ин нишаст намояндагони беш аз 30 ширкати мухталифи Арабистони Саудӣ, ки барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд, бо ҳамтоёни тоҷики худ ва мақомоти зирабти кишвар зарфияти тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишваррро баррасӣ мекунанд.Сарчашмаи хабар афзуд, дар миёни ҳайати сармоягузорони Арабистони Саудӣ ширкатҳои истеҳсоли плостик, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бахшҳои ҳавонавардию ҷаҳонгардӣ низ ҳастанд. Масъулони ин конфронс мегӯянд, ҳадаф аз баргузории ин нишаст ошно кардани соҳибкорон ва тоҷирони араб бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, зарфиятҳои захоир барои ҳамкориҳои судманд ва тарҳҳои мавҷудаи судманди сармоягузорӣ ҳаст.{jathumbnail off}
Мӯҳр