Аллакай чунин ҳамойишҳои ҷонибдорӣ дар бархе аз шаҳрҳои Русия доман заданд ва акнун Маскав низ хостори таҳияи чунин ҳамойиш шудааст, ки бино ба ақидаи масъулинаш мардуми “бо садои қалбашон гӯшдода” ба ин ҳамойиш хоҳанд омад
Дар ҳамин арафа омӯзгорони аксари макотиб изҳор кардаанд, ки онҳоро маҷбур мекунанд ба ҳамойиши ҷонибдорӣ аз Путин ширкат намоянд.
Шикоят аз барои Путин
Тавре Всеволод Луховитский, ҳамраиси Созмони иттифоқи касабаи байниминтақавии кормандони соҳаи маорифи Маскав бо номи “Омӯзгор” ба рӯзномаи “Аргументи и факти” изҳор кардааст, аллакай чанд нафар омӯзгорон аз чунин амали масъулин шикоят кардаанд. “Мардум фақат як гапро мегӯянд. Аз Департаменти маорифи Маскав ба директорон супориш шудааст, то иштирок 10-15 нафар оимӯзгоронро дар ҳамойиш таъмин кунанд, вагарна дар мактаб мушкилӣ хоҳад шуд.
Ҳарчанд сарварони макотиб гирифтани чунин дастурро аз “боло” инкор мекунанд, аммо омӯзгорон гуфтаанд, ба онҳо сахт тавсия кардаанд то ба гирдиҳамоӣ бираванд.
Ин дар ҳолест, ки масъулини маорифи Маскав онро овозае беш намедонанд.
Котиби матбуоти департаменти маорифи Маскав Александр Гаврилов гуфтааст, “ин овозае беш нест, мо ба маъракаҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳ надорем, кори мо дигар аст”.
Аммо ёдовар мешавем, ки Тина Канделаки, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии шинохта ва узви Палатаи ҷамъиятии Русия чанде пеш унвони президенти ин кишвар бо мактуби кушода муроҷиат карда, дар хусуси ғайриқонунӣ, маҳз дар рӯзҳои тазоҳуроти оммавӣ аз сӯи масъулини маорифи Маскав роҳандозӣ кардани дарсҳои иловагӣ ва санҷишҳои хаттиро барои хонандагони синфҳои болоии маҳкум карда буд.
Расонаҳои хабарии аллакай рӯзи шанбеи гузашта аз тартиби ихтиёрӣ-маҷбурӣ кор гирифтани иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф барои баровардани беш аз 30 ҳазор кормандони ин соҳа ба ҳамойиши пушӣтибонии Путин ҳарф зада буданд. Ҳатто ин иттифоқ дар журнали зиндаи худ дар интернет зери суроғаи ЖЖtaki-net, дар гузорише аз ҷаласаи селектории соҳаи маориф қайд карда буд, ки беш аз 30 ҳазор нафар “фаъолон”-худро барои пуштибонии Путин ба майдон хоҳад баровард.
Тасмими «800 рубл» барои ВВП
Ҳамчунин сардамдорон, бо ин вуҷуд, ки инро инкор мекунанд, аллакай ба зердастонашон таъкиди “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” ба митинги тарафдории Путин рафтанро кардаанд. ВАО- и пропутинӣ бошад чанд рӯзи ахир чанд барнома ва ШОУ - ҳои телевизиониву родиёӣ ташкил кардаанд ва ҳар хоҳишманд маетавонад дар онҳо ширкат намояд ва 800 рубли русӣ (муодили чизе каму беш аз 130 сомонӣ) ҳақ бигирад.
Аз ин ҷост, ки ВАО- озоди Русия ва мухолифонаш қимати Путинро “800 рубл” эълон кардаанд.
Аз он ки дар Русия аллакай майдонҳои дутарафӣ мисли Киеви феълӣ ва Душанбеи аввали солҳои 90-ум шурӯъ шудан дорад, як тағйироти куллие дар ҳукуматдорӣ ва зиндагии ин мардум метавон интизор шуд ва Худо кунад, ки ин майдондориву рӯиҳамистии мардум ба сангарнишиниҳои ҷангӣ табдил наёбад, вагарна агар оташ баланд шуд, ҳам тар месӯзаду ҳам хушк. Ал амон!...
Муҳаммад Рашод, Маскав
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |