Даст ба қонуншиканӣ задани ҳомиёни қонун дар кишвари мо ҳарфи нав нест. Ба иттилои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия танҳо дар соли 2011 кормандони ҳифзи ҳуқуқ 137 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир намудаанд, ки ошкор гардидааст. Ҷиноятҳои ошкорношудаву ошкорношуданӣ низ дар ин миён ҳатман бояд, ки бошад. Ба замми ин шояд ҷиноятҳое низ содир намуда бошанд, ки ба ришвахорӣ иртибот надоштаанд. Аз ин рӯ, вазъи ҳуқуқии кишвар ба назари инҷониб фоҷеабор менамояд. Оё 137 ҷинояти вобаста ба ришвахорӣ содир намудан аз ҷониби муҳофизони қонун дар як кишвари кучак ба назаратон даҳшатнок нест? Ин омор пеш аз дастгир шудани як чанд кормандони боломақоми амнияту тартибот бо ҷурми даст доштанашон ба нашъаҷаллобӣ расонаӣ шуда буд. Ҳоло мавзӯи қочоқи маводи мухаддир аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки рисолати мубориза алайҳи ин падидаи нанговарро доранд сари забонҳост.
Бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудани шахсони маъули мақомоти қудратӣ ақидаи аз тарафи бархе "калонҳо" пуштибонӣ ёфтани тиҷорати маводи мухаддирро оё тасдиқ наменамояд?
Ҳоло ки чеҳраҳои аслии бархе аз ҳомиёни қонуну тартибот намоён мегардад, мардуми оддӣ пас аз ин ба кӣ бовар кунад? Арзи мушкили ҳуқуқиашро пеши кӣ барад?
Суоли дигаре, ки посухашро интизор аст, ин аст, ки чаро онҳое, ки ба қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, танҳо пас аз ишораҳои президент дар маҷлиси ҳукумат боздошт шуданд? Оё ин маънои онро надорад, ки баъзан сухани як нафар аз қонунҳо дар кишвари мо болотар меистад? Пас, маълум мешавад, ки қонун ва низоми қонуну қонунписандӣ дар кишвар ба ҳар ду по мелангад.
Ва дар охир: Бо ин шеваи кор куҷо меравему ба чӣ мерасем, агар Худо надонад, мутмаинам, ки бандаи хокӣ намедонад.
Азизи НАҚИБЗОД
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |