Сармоягузорони хусусӣ, шайхҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дар бахши хусусии дигар кишварҳо сармоягузорӣ намоянд, аммо фазои сармоягузории Тоҷикистон барои ин кор комилан омода нест. Ва аз ин рӯ ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ суст ҷараён мегиранд…
Фиттаи райиси тоҷик ба дипломати араб
Ахиран дар Душанбе мулоқоти Саид Шариф, раиси палатаи савдо ва санаоти Тоҷикистон бо Бандер Ҷамил, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон сурат пазируфт. Ҳадафи аслӣ ва меҳварии ин нишаст, шинос намудани сафири Арабистони Саудӣ бо фаъолияти палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳо унвон гардид. Саид Шариф барои доктор Бандер Ҷамил, самтҳои фаъолияти утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишварро муаррифӣ карда, зарурияти ҷалби сармояро ба саноати коркард дар Тоҷикистон таъкид кард ва гузашта аз ин ба сафири Арабистон фиттаеро, ки аз ҷониби
кормандони ПСС омода шудааст, тақдим намуд. Дар ин фиттаи роҳнамо тамоми маълумотҳои барои сармоягузори хориҷӣ зарур сабт шудааст. Бандер Ҷамил дар навбати худ, зарурати хатсайри ҳавоии доимӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудиро таъкид карда, афзуд, ки ба наздикӣ мулоқоти ҳайати кории ин кишварҳо баргузор мегардад. Ба қавли ҷаноби сафир, соҳибкорони кишвари ӯ, ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, - энергетика, хоҷагии қишлоқ ва саноат таваҷҷӯҳи хоса доранд.
Ҳамкорӣ: Ҳоҷиёни тоҷик ва зиёрати Каъба
Алиназар Мискинов, масъули шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалии палатаи савдо ва саноат, ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ дод, ки феълан дар кишвар ду монеаъ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вуҷуд дорад. Яке набудани хатсайри ҳавоии мустақим ва дигаре роҳандозӣ нагардидани раводид миёни ин ду кишвар. Номбурда афзуд, зимни вохӯрии ҷонибҳо ба ҳалли ин ду мушкилот дар ояндаи наздик таъкид гардид. Гузашта аз ин,таъсис додани корхонаҳои муштарак ва роҳандозии ҳайати махсуси тиҷоратӣ барои мубодилаи молу коло низ дар ин мулоқот аз ҷониби намояндагони ҳар ду кишвар садо дод. Ин ҳама дар ҳолест, ки Маҳмадмурод Аслиддинов, сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалии вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, то ҳол Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар ягон соҳа ҳамкорӣ надорад ва бинобар ин гардиши мол миёни ин ду кишвар низ вуҷуд надорад. Ӯ мегӯяд, акнун баъди мулоқоти сафири давлати Арабистони Саудӣ, мушаххасан маълум мешавад, ки дар кадом бахшҳо ҳамкориҳо шурӯъ хоҳанд гашт.
Аммо Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик, дар робита ба ин, иброз намуд, ки Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад ва ҳоло тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳоро боз ҳам густариш диҳад:
-Бубинед, Арабистони сауди дар кишвари мо сафоратхонаи худро дорад, ки мантиқан гирем ин бозгӯкунандаи ҳамкориҳои ин ду кишвар аст. Барои мисол сафари ҳоҷиён ба ин кишвар як далели ҳамкориҳост. Гузашта аз ин, дар дигар самтҳо низ ҳамкориҳо ба назар мерасанд.
Асали тоҷикӣ барои арабҳо ва ғарбиён
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, ин гуфтаҳоро тақвият бахшид ва афзуд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо дар бахши фарҳангӣ, яъне сафарбарнамоии ҳоҷиён, ҳамкориҳо дар ҳоли рушд ёфтан аст. Зеро аз замони ба дастовардани истиқлолият алоқамандии мардуми ин кишвар ба мусалмонони кишвари мо хубтар шуд ва онҳо дар давлати худашон бисёр имкониятҳоеро ба мардуми мо фароҳам овардаанд, мегӯяд ҳамсӯҳбатамон. Ба қавли Зулфиқори Исмоилиён, феълан дар бахши тиҷорат ҳамкорие, ки дар сатҳи давлатдорӣ бошаду воқеӣ бошад надорем, ки сабабаш мухолифат кардани фазои сармоягузории Тоҷикистон ба хоҳишу тасмимҳои тоҷирони бахши хусусии сармоягузории Арабистони Саудӣ мебошад:
- Дар он ҷо бештари сармоягузорон, сармоягузорони хусусӣ, шайхҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дар бахши хусусии дигар кишварҳо сармоягузорӣ намоянд, аммо фазои сармоягузории мо, сиёсати пешгирифтае, ки айни ҳол дар ин бахш дар кишвари мо вуҷуд дорад, барои сармоягузорони ин давлат мусоид нест. Яъне ноустувории фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то ҷое таваҷҷӯҳи тоҷирону соҳибкорни арабро коҳиш медиҳад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди ин ҳама замина ва имкониятҳои мубодилаи молу коло байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вуҷуд дорад.
Ба қавли иддае аз коршиносон Арабистони Саудӣ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, хусусан ба ашёи хоми пахтаи Тоҷикистон ва алюминий ниёз дорад. Зулфиқори Исмоилиён, мегӯяд, Арабистони Саудӣ омода аст, тамоми асали дар кӯҳистони Тоҷикистон тайёр шударо бихарад. Зеро аз харидории ин навъи маҳсулот онҳо бо кишварҳои ғарб тиҷраташонро рушд медиҳанд. Яъне аз Тоҷикистон мехаранд ва онро хубтар дастабандӣ намуда ба дигар кишварҳо бо арзиши баланд мефурӯшанд, афзуд номбурда. Ба гуфти ин коршинос, ба Тоҷикистон воридоти таҷҳизоти замонавӣ аз Арабистони Саудӣ он қадар мусоид нест, албатта дар муқоиса ба давлатҳои Русияву Чин. Вале воридоти молу маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили либоса аз давлати Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон бештар манфиатовар аст.
Агар…
Аз мулоқоти масъулини палатаи савдо ва саноати кишвар бо намояндагони Арабистони Саудӣ, акнун боз равшантар гардид, ки ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар бахшҳои мухталифи ҳаётан зарур, ба ин кишвар ҳамкориҳояшро ба роҳ монад. Дар робита ба ин, гурӯҳе аз соҳибназарон мегӯянд, дар тӯли 20 соли истиқлолият, агар Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамдину ҳаммазҳаб ҳамкориҳояшро барвақттар ба роҳ мемонд, боз ҳам беҳтар буд.
Алишер Зарифӣ
{jathumbnail off}
Мӯҳр