«Дарди кӯҳна»-и журналистони тоҷик=135 ва 136
Дар мавриди зарурати берун кардани моддаҳои марбут ба тӯҳмат ва таҳқир аз кодекси ҷиноӣ аз чанд соли пеш коршиносон ва журналистони тоҷик садо баланд мекунанд. Дар робита якуним сол қабл дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоише бори дигар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ карда шуд. Бидуни лағви моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноӣ имкони таъмини озодии баён дар кишвар ғайриимкон унвон шуд. Иноят Иноятов, ҳуқуқдони умури ВАО борҳо гуфтааст, ки таҳқир ва тӯҳмат қонунвайронкунии хусусияти шаҳрвандидошта буда, бояд дар доираи ҳуқуқи гражданӣ ҳал карда шаванд.
Бисёре аз коршиносон умед доштанд, ки бо таҷдид шудани қонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» ба ин масъала низ дахл мешавад, аммо дар пешнависи лоиҳаи нави қонуни мазкур, ки алъон дар баррасии вакилон қарор дорад, вобаста ба ин мавзӯъ чизе гуфта нашудааст. Гузашта аз ин бархе коршиносони дигар мӯътақиданд, ки бидуни ҳазфи ин ду модда аз кодекси ҷиноӣ ба рушди журналистикаи тоҷик умед бастан корест мушкил. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист»-ро метавон ба ҳамин гурӯҳ шомил кард. Номбурда иддао дорад, ки ҳадди аққал ин бандҳо бояд ба кодекси шаҳрвандӣ кӯчонда шаванд, дар сурати баръакс «аз ворид кардани тағиротҳо ба қонунҳои соҳаи матбуот ҳеч манфиате барои журналистика ба даст нахоҳад омад».
Аз Ҷумъаи Толиб то… беохир?!
Бархе аз журналистони ҷавон мегӯянд, дар бисёр маврид аз изҳори баёни озод ҳарос доранд. Тарси онҳо ин будааст, ки агар аз фаъолияти мансабдоре интиқод намоянд, нисбаташон парванда боз мешавад. Як рӯзноманигор, ки нахост номаш зикр шавад гуфт: «Ман кӯшиш мекунам дар мавзӯъҳои беҷанҷол мақола нависам. Тавре мебинем, имрӯз агар дар бораи порахӯрии мансабдоре матлаб нависӣ туро ба суд мекашанд. Судҳо бошанд ҳеч вақт ҷониби журналистро намегиранд». Инҷо маврид ба зикр аст, ахиран дар додгоҳҳои Тоҷикистон аввалин ҳукми сафеди як журналист, ки бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқир алайҳи ӯ парванда боз шуда буд, эълон гардид. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» Мирзомуроди Бозорро, ки дар пайи шикояти як корманди «Воҳиди махсус»-и ВКД ба додгоҳ кашида шуда буд, бегуноҳ донист.
Фарангис Набиева, яке аз се журналисти ҷавон аст, ки моҳи июли соли 2007 баъди матлабе ба додгоҳ кашида шуд. Райҳона Раҳимова, як овозхон онҳоро дар тӯҳмату таҳқири худ муттаҳам медонист. Фарангис мегӯяд, ҳарчанд судбозиҳои яксола ба фаъолияташ бетаъсир набуд, аммо ба ҳеч ваҷҳ ӯро аз ифшои ҳақиқат боз надошт:
-Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки маводи танқидӣ зиёдтар нависам, зеро вазифаи аслии журналист ҳамин аст. Қазияи судӣ барои ман таҷрибаи корие шуд, на зиёдтар аз ин.
Журналистоне, ки «кайф»-и моддаҳои 135 ва 136-ро чашидаанд
«Тӯҳмат» ва «таҳқир» чандин журналисти тоҷикро ба долонҳои судҳо кашида аст. Аз миёни журналистоне, ки алайҳи онҳо бо моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда буд, танҳо Ҷумъаи Толибро додгоҳе дар шимоли кишвар муҷрим шинохт. Дар ҳолатҳои дигар ҷониби даъвогар аризаи шикоятии худро бозпас гирифтаанд. Инак, феҳрасти нопурраи журналистоне, ки алайҳи онҳо бо моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст:
Саида Қурбонова, Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева (соли 2007). Даъвогар Райҳона Раҳимова, сароянда. Асос: матлаби «Райҳона пи-пи-пи Афғонистон» дар нашрияи «Овоза». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии пойтахт (баъди як сол бо мусолиҳаи ҷонибҳо қазия поён ёфт).
Маҳмадалии Мақсадуллоҳ (соли 2010). Дар асоси аризаи шикоятии вакили собиқ парлумон аз Қӯрғонтеппа Сайвали Нуров. Асос: матлабе бо унвони «Депутатро говсуд мекунанд?» дар нашрияи «Чархи Гардун». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (қазия идома дорад).
Рамзия Мирзобекова (соли 2011). Даъвогар: Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Асос: мақолаи "Тафтиш ё инкивизитсия?" дар ҳафтаномаи «Азия плюс». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (қазия идома дорад).
Нашрияи «Миллат» (соли 2009). Даъвогар: Вазорати кишоварзӣ. Асос: Нашри матлаби «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар нашрияи мазкур. Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (баъди як соли баҳсҳо ин қазия ба нафъи вазорати кишоварзӣ поён ёфт).
Нашрияи «Пайкон» (соли 2010). Даъвогар: Агентии "Тоҷикстандарт". Асос: Нашри як муроҷиатномаи соҳибкорон ба президент. Додгоҳ: Суди шаҳри Душанбе (ин қазия баъди як сол ба нафъи даъвогар анҷом ёфт. Ҳоло ин баҳсро Суди олӣ баррасӣ дорад).
Нашрияҳои «Озодагон», «Фараж», «Азия плюс» (соли 2010). Даъвогарон: Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев, судяҳои суди олӣ ва Фахриддин Додоматов, судяи додгоҳи шаҳри Душанбе. Асос: нашри «Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оиди нақзи ҳуқуқи инсон» дар нашрияҳои номбаршуда. Додгоҳ: ноҳияи Синои пойтахт. (баъди як сол бо мусолиҳаи ҷонибҳо ҳал шуд.{jathumbnail off}
Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |