Фирӯз Саидов, корманди масъули маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, вобаста ба қарорҳое, ки аз сӯи ҳукумати Федератсияи Русия ба тавсиб расиданд, масъулини ҳукумати Тоҷикистонро мебояд барои таъмини бозор бо маводи сузишвории арзонтар ҳамкориро бо дигар кишварҳо тақвият бахшанд. Ӯ меафзояд, баландшавии содироти гумрукӣ барои маводи сӯзишворӣ, ки аз Русия ворид мегардад, бойиси болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар Тоҷикистон мегардад. Ғайр аз дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ аз ҳад зиёд баланд аст. Сабаби асосии ин истеҳсол накардани маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ аст, яъне Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷӣ аст. Дигар паҳлӯи масъала ин аст, ки маводи сӯзишвориро мо фақат аз Федератсияи Русия ворид карда, бо дигар манотиқ ҳамкорӣ надорем. Пас, хоҳем нахоҳем дар ҷумҳурӣ нархи маҳсулот бо ҳамин дараҷа омада мерасад.
Фирӯз Саидов мегӯяд, барои ҳалли ин масъала дар оянда бояд мо аввалан корҳои ҷустуҷуӣ-иктишофиро дар ин самт ба роҳ монем, бо кишварҳои дигар равобити соҳаро роҳандозӣ намоем. Ҳадди аққал дар Тоҷикистон 20- фойиз маҳсулоти худӣ (манзур маводи сӯзишворӣ аст) истеҳсол карда шавад, ё ҳамкорӣ бо дигар кишварҳое, ки содироти гумрукӣ барои маводи сӯзишворӣ арзон аст, дошта бошем ба ҷумҳурӣ таъсир камтар мешавад. Солҳои қабл нисбат бо дигар кишварҳо содироти маводи сӯзишворӣ аз Русия арзонтар буд, аз ҳамин сабаб ҷумҳурии мо бо Маскав дар ин самт ҳамкорӣ дошт. Аз Федератсияи Русия даст кашидан даркор нест, аммо имрӯз вақти он расидааст, ки мо роҳи ҳалли ин масъаларо ёфта бо дигар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дошта бошем.
Аз неруи эҷодкор истифода кардан даркор
Табаралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод, профессор бар ин назар аст, ки вақте дар бозор як шахс монопалист аст, ӯ дар ҳар як лаҳза шарту шароити худро пешниҳод мекунад. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсир накардан, махсусан дар соҳаи сузишворӣ чунин болоравии андозҳо мо бояд андешаи дигарро пайдо кунем барои ҳалли масъала. Яъне шартномаҳои дигаре бо давлатҳои ҳамсоя ба монанди ҷумҳурии исломии Эрон, давлатҳои Туркманистону Хитой ва дигар кишварҳое, ки имконият доранд, дошта бошем. Масалан, мо метавонем нерӯи барқро бо сузишворӣ бо дигар кишварҳо иваз кунем, энергияи офтобро истифода кунем, дар фикри дигар вариантҳои алтернативӣ бошем. Имрӯз як замони эҷодкории неруи инсонӣ фаро расидааст, гарчанде қадамҳои аввал ҳам бошад. Бояд мо андешаи рушди неруи касбӣ кунем, ки ба қатори давлатҳои ҷаҳони пешқадам баробар шавем.Хосияти равонии инсон ҳамин аст, ки танбал аст. Имрӯз мо бояд таваҷҷӯҳи иқтисодиётамонро пеш аз ҳама ба неруи эҷодкори созандаи касбӣ равона созем. Тавре дар урфият мегӯянд, «чумчуқро кӣ кушад, қассоб!»{jathumbnail off}
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |