Бахшҳо
01 июн 2011 07:18Гузориш

Соҳибкорони тоҷик «бедарак» шудаанд

Вақте президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон ба Покистон барои гуфтушунид рафт, ҳамроҳашон ҳудуди 50 нафар тоҷир буд, ҳоло аз онҳо ғайр аз 2-3 нафар касе ёфт намешавад, ки бо соҳибкорони покистонӣ барои ҳамкорӣ кардан гуфтушунид намоянд.

Ва сафир ҳайрон аст

Ҳоло дар ин ҳамоиш ба ҷузъ аз 2-3 тоҷир дигар касе нест, ки бо ҳамкасбони покистонияшон ҷиҳати ҳамкорӣ гуфтушунид кунанд, ҳол он ки ҷониби Покистон ба ин ҷо ташриф овардааст ва омодаанд, ки дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар давлати исломии Покистон ин ҳарфҳоро зимни баргузории анҷумани муштараки тоҷирон ва бозаргонони ду кишвар дар Душанбе иброз дошт. Дипломати тоҷик афзуд,   бубинед вақте президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон ба Покистон барои гуфтушунид рафт, ҳамроҳашон ҳудуди 50 нафар тоҷир буд, ҳоло аз онҳо ғайр аз 2-3 нафар касе ёфт намешавад, ки бо соҳибкорони покистонӣ барои ҳамкорӣ кардан гуфтушунид намоянд. Барои тиҷорат ҳар ду ҷониб бояд майлу рағбат дошта бошанд, ки он ба хотири манфияти тарафайн бошад, на ба манфияти шахсе.

Бино ба қавли Зубайдов, дар ин ҷо 111 тоҷири покистонӣ аз ҳама бахшҳо аз қабили саноати доруворӣ, савдои озод, коркарди пӯст, нуриҳои минералӣ, канданиҳои фойиданок, электроэнергетика ва ғайра намоянда доранд ва мунатазири имзои санади ҳамкорӣ бо соҳибкорони Тоҷикистон мебошанд, вале мутаасифона дар ин росто  соҳибкорони тоҷик фаъол нестанд. Ӯ мегӯяд, ҷониби Покистон барои ҳамкорӣ намудан ҳоло қонунҳои Тоҷикистонро омӯхта истодаанд ва гузашта аз ин корхонаҳои зиёде низ ҳастанд, ки аллакай ҳамкориро дар соҳаи оҳанбарорӣ, маснуотбарорӣ, доруворӣ ва ғайра шурӯъ намудаанд.

Хати ҳавоӣ зарур аст

Сафир мегӯяд, роҳандозӣ намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Покистон дар рушди иқтисоди ҳар ду ҷониб яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба ҳисоб рафта ,дар амалӣ намудани ин иқдом ҷониби Покистон омода аст ва мо фақат  дастуру супориш ва кӯмаки президент Эмомалӣ Раҳмонро интизорем. Зубайдулло Зубайдов аз қимат будани нархи сементи Покистон дар Тоҷикистон изҳори ташвиш намуда гуфт, сементе, ки дар Покистон як тонааш 48 доллар арзиш дорад, ба Тоҷикистон омада, нархаш 170-180 доллар мешавад. Мушкил дар он аст, ки мо созишномаи се ҷонибаи тиҷоратӣ байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон надорем ва дар назар аст дар ояндаи наздик чунин созишномаро ба тавсиб расонем. Номубурда қайд кард, ки нарху наво дар Покистон нисбати Чин 2-3 маротиба арзон  аст ва бино бар ин ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Покистон барои Тоҷикистон хеле фоидаовар аст.

Тоҷирони тоҷик ва сементи покистонӣ

Шоҳин Салимов, муовини директори генералии КВД «Тоҷинвест»-и назди  кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтаҳои сафирро дар хусуси камфаъолиятии соҳибкорони тоҷик дар ин мулоқоти дуҷониба тақвият бахшида мегӯяд, шояд сабаб дар он бошад, ки соҳибкорони точик дар бораи иқтисодиёт ва ё бахши тиҷоратии Покистон иттилои кам доранд. Ӯ мегӯяд, бо чанд нафар соҳибкори покистонӣ сӯҳбат кардам, онҳо хоҳиши таъсис додани корхонаи сементбарориро дар Тоҷикистон доранд, ки барои истеҳсоли семент дар Тоҷикистон шароити мусоид вуҷуд дорад. Номбурда гуфт, чизе ки барои соҳибкорони тоҷик намерасад, сармоя аст ва бинобар ин, онҳо ба таъсиси корхонаҳои муштарак бештар таваҷҷӯҳ доранд. Салимов, афзуд тӯли солҳои ахир бахши хусусии Покистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 26 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст, ки ин  дар муқоиса ба ба ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ, ки таи 5 соли ахир ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар дохил шудааст, нокифоя аст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми додугирифт миёни Тоҷикистон ва Покистон дар 4 моҳи ахири соли равон  3,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон дар дасти 7-8 одам аст

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, фаъол набудани соҳибкорони тоҷикро дар чунин ҳамоишҳо аз як ҷиҳат ба беҳунарӣ ва ба як барномаи қаблан таҳрезишуда унвон кард ва аз тарафи дигар чунин камбудиро дар набудани соҳибкори воқеан ҳам сармоядор ва озод арзёбӣ намуд: "Дар ҳамоишҳои дуҷонибаи гузашта низ чунин манзара  мушоҳида мешуд, ки соҳибкорони мо ҳунари пешниҳоди барномаҳо, ҳамкори намудан ба тоҷирони хориҷиро надоранд. Гузашта аз ин, ҳамон утоқи бозоргонии мо, ки дар Тоҷикистон аст, нафарони махсуси худро доранд, ки барномаҳои худашонро пешниҳод мекунанд, дар бораи дигарҳо фикр намекунанд. Борҳо мушоҳида кардаам, ки ин гуна нишастҳои тиҷоратӣ  воқеӣ нестанд ва як навъ хислати таблиғотӣ доранд" . Ба қавли Зулфиқори Исмоилиён, феълан тичорати Тоҷикистон дар дасти  7-8  нафар тақсим шудааст, ки номбурда номҳояшонро намедонад, вале мегӯяд дар ин бора созмонҳои байналмилалӣ зиёд гуфтаанд.

Иддае аз коршиносони дигар бар онанд, ки сармоягзорони мустақил ба хотири номусоид будани фазои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон кам таваҷҷӯҳ доранд ва он сармоягзорони давлатие, ки меоянд, ба хотири чизе ба кишвар ташриф меоранд, ки ин ҳама хислати геополитикӣ доранд. Лозим ба ёдоварист мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Покистон то 3-уми июн идома меёбад.{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)