Зимнан, раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти ғайриқаноатбахшу камранги кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ интиқоди шадид намуда афзуд, «аксари аҳолӣ ҷавонанду бубинед, қонун аз тарафи вакилон пешниҳод шудааст». Ҳол он ки дар муаррифии бештари лоиҳаҳо «бо ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ» гӯён ба минбари парлумон роҳбари ин ё он ниҳодеро, ки лоиҳа ба он соҳа марбут аст, даъват менамоянду ин нафар лоиҳаи қонуну қарорро васф менамояд.
Яъне кам ҳолатҳое ҳаст, ки аз ҷониби кумитаҳои парлумон лоиҳаи қонуне пешниҳод шуда бошад. Дар панҷ моҳи соли равон ёд дорам, танҳо лоиҳаи Қонун «Дар бораи амният»-ро Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон таҳияву пешниҳод намуд, ки Шукурҷон Зуҳуров ба кори кумита ва муаллифони лоиҳа таҳсин гуфт. Ҳамчунин, дар он вақт ин қонун якдилона қабул гардида буд.
Баъд аз суханронии Махфират Хидирова дар мавриди нуктаҳо аз тағйироти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» муовини раиси кумитаи ҷавонон Кабир Ҷӯраев «иншо»-еро дар васфи ҷавонон ва таваҷҷӯҳи ҳукумат ба ҷавонон ироа дошт, ки ба назарам ба масъалаи матраҳшавандаи парлумон иртибот надошт ё агар дошт, шояд камтар.
300 доллар ва ҷавонони гумроҳ дар Рашт
Эҳсос мешуд, ки аз иштирок накардани раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷаласаи парлумон Шукурҷон Зуҳуров нороҳат буд.
Райиси палатаи поёнии парлумон ба муовини раиси кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Кабир Ҷураев гуфт: «Ба раисатон расонидан даркор, ӯ ба мо даркор буд». Ҳамчунин дар идомаи сӯҳбаташ хитоб намуд: Бояд чандин тағйиру илова аз ҷониби шумо бошад. Имрӯз ҳама проблема сари ҷавонон, ҷавондухтарон, духтараконе, ки нав таваллуд мекунанд, духтароне, ки шавҳарҳояшон дар кишвар нестанд, ҷавононе, ки бекоранд. Агар бо ин нафарон шумо кор набаред, воқеаҳое, ки дар дунё шуданд, ҷавонон иштирок карданд. Мо бо онҳо кор накардем, фазо холӣ аст, фазои кори тарбиявии насли наврас холӣ аст. Барои ин кумитаи ҷавонон ташкилоти ҷамъиятӣ, органи ҳукуматӣ аст. Агар дар ин ҷо корро пурқувват нанамоед, кори бисёре аз вазорату корхонаҳо пеш рафта наметавонад.Ҷавононро омӯзондан даркор. Имрӯз чанд марказҳо дар Душанбе доред, ки ҳамаи онҳо интернет васл ҳастанд? Не, нестанд!
Худат фикр кун 10-15%-и ҷавонон аз шабакаи интернет истифода мебаранд. Ҳозир бе ин намешавад, чӣ хел мо дар ноҳия марказ дорему бо шабакаи интернетӣ васл нест ва аз гапу хабари дунё ҳеч кас хабардор нест! Мебахшед, гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҷавононро ҷамъ мекунанд, лексияҳо мехонанд. Чандин ҷавонмард дар водии Рашт бехабар рафта гумроҳ шуданд. Кӯшиш кардем, ки берунашон намоем, чунки як қисмашон гуноҳ надоштанду навакак аз Русия омада, барои 300 доллар бо гурӯҳҳои эктремистӣ ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа ҳалок гардиданд.
Ҳамчунин, Зуҳуров дар мавриди омода намудани пешвоёни (лидерҳо) ҷавон ва соҳибӣ кардани парлумон таъкид кард.
Ба қавли ӯ се зерсохторе, ки дар як ниҳод муттаҳид шудаанд (сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) дар кишварҳои дигар вазорат ва кумитаҳои алоҳида доранд. Зуҳуров гуфт, соҳаи туризми кишвар низ рушд надорад.Ба ҷузъ ин ӯ кишвари Индонезияро тавсиф карда гуфт, ки дар он ҷо аз туризм миллионҳо доллар фоида мегиранд. Агарчи ҳавои тозаву мусаффо мисли Тоҷикистон надорад.
«Қисме аз сайёҳон намехоҳанд, ки дар баландошёна зиндагӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд дар Сағирдашт ё Сарихосор хаймае дошта бошанду шикор кунанд»-мегӯяд ӯ.
Зуҳуров чаро норозист?
Зуҳуров гуфт, як гурӯҳе аз ташкилотчиёни хубе ба кумита муроҷиат намуда хостаанд, як ширкати сайёҳиро таъсис диҳанд, аммо аз комиссия нагузаштаанд. Масъули бахши туристии кумита Лочин Файзуллоев бошад мегӯяд, барои ширкати сайёҳӣ гирифтани санади расмӣ соддаву оддӣ карда шудааст. «Ҳар нафаре, ки барномаҳои ҷолиб дораду мутахассиси соҳибмаълумот аст, барои мо дархост намояд, мо бо тартиби муқарраргардида дархостҳои онҳоро дастгирӣ менамоем».
Тибқи маълумоти Файзуллоев, кумита давоми 5 моҳи соли 2011 ҳафт маротиба комиссия ташкил намудаву дархостҳои ширкатҳоро қонеъ гардонидааст. Айни замон 65 ширкати туристӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва фаъолияти ин ширкатҳо тибқи қонунгузорӣ роҳандозӣ шудааст.
Аммо суоли бозу кушода ин аст, ки чаро райиси МН Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти кумита норозист ва онро зери интиқоди шадид қарор дод? Ба андешаи Лочин Файзуллоев, аз беиттилоии ҳокимияти қонунбарор будааст ва ҳамчунин кумита то ба ҳол дар бораи фаъолияташ ба парлумон маълумот ироа намекардааст, вале аз ин ба баъд баҳри бартараф намудани ин камбудӣ чораҷӯӣ хоҳад кард.{jathumbnail off}
Сафари Халил
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |