АГАР коммунистони ёвонӣ намебуданд, эҳтимол анҷумани 29 -уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон паҳлўи хотирмоне намедошт. Албатта ин нуктаро низ бояд маълум намуд, ки то куҷо галстукҳои овардаи ёвониҳо барои вакилони анҷуман ноу - хау ҳисоб мешавад. Вале ин галстукҳои сурхи пионериро имкон дошт ба маънои месиҷ ё рамз низ фаҳмид. Зеро пионери шўравӣ ду хусусият дошт: яке ин ки онҳо ҷавон, ҳатто наврас буданд ва дигарӣ - пешқадам. Ҳардуи ин сифатҳоро ба коммунистони феълии тоҷик нисбат додан, агар малеҳ карда гўем, ҷабр мебуд. Ҳади ақалл барои онҳое, ки ба майдони сиёсии Тоҷикистон бе таваҷҷўҳ нестанд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон анҷумани худро дар шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон даъват карда буд. Ин ҳолате аст, ки мавҷи инқилобу табаддулотҳо дар кишварҳои ҷаҳон, хоса мамолике, ки дар онҳо раҳбарон муддати тўлонӣ қудратро дар дасти худ қабза кардаанд, коҳиш намеёбад. Зимнан, аз анҷумани 29 -уми коммунистони тоҷик низ як интизор бештар буд: ба ҷои Шодӣ Шабдолов, ки 20 сол аст сарварии собиқадортарин ташкилоти сиёсии Тоҷикистонро ба ўҳда дорад, кӣ меояд?
Маълум аст, ки коммунистон феълан ҳукумат нестанд. Мисли 20 соли пеш. Пас суоли дигаре рў мезанад: оё онҳо аз нав ба қудрат мерасанд? Ин пурсиш хоса дар шароите, ки бархе хабарнигорон зимни сўҳбат бо сиёсатмадорони тоҷик саволи "бо Шумо аз Маскав касе маслиҳат кардааст" - ро асосӣ медонанд, бисёр муҳим ба назар мерасад. Бахусус дар назардошт бо ин ки коммунистон барои русҳо чандон бегона ҳам нестанд. Вале аҷиб буд, ки дар анҷумани коммунистони тоҷик бо кадом сабабе намояндагони сафорати Русия ширкат накардани худро беҳтар донистанд. Дар ҳоле, ки Шабдолов матни суханронии худро комилан бо забони русӣ омода карда буд ва …намояндагони сафорати Хитой дар анҷуман иштирок доштанд.
Шабдолов ҳам дар бораи Русия чизе нагуфт. Ҳол он ки оид ба Хитой хеле боҳарорат сўҳбат мекард. Аз ҷумла иқтисоди ин кишварро сахт таъриф мекарду мисли пешин аз капитализму иқтисоди бозаргонӣ интиқод:
- Ҳолате, ки кишвари мо дорад, арбобкамолҳои давраи Амири Бухороро ба хотир меорад. Ҳамагӣ амволи давлатӣ дар мо тақрибан 13 аз сад боқӣ мондааст. Дигар ҳамааш хусусӣ шуд. Шарт нест, ки ҳамаро давлатӣ намуд, аммо давлат бояд ҳастаи (ядро) мустаҳкам дошта бошад. Модели иқтисодие, ки дар Тоҷикистон мавриди роҳандозист, агар 5 - 6 соли дигар идома ёбад, моро ба ҳолати Юнон мерасонад. Бубинед, қарзамон чӣ қадар шудааст. Оё дар ин бора фикр кардаем, ки пагоҳ соҳибони қарз аз мо онро бозпас хоҳанд пурсид? Агар имкони баргардонии онҳоро надорем, ин кишварҳо ҳатман аз мо дар иваз чизи дигаре талаб хоҳанд кард. Масалан корхонаҳоямон, ё заминамонро.
Бо ҳамин ў сўҳбатро сари истиқлолияти Тоҷикистон бурд ва ишора кард, ки озодии миллӣ пеш аз ҳама озодии иҷтимоиву иқтисодист. " Вақте озодии миллӣ мегўему ба як нон мўҳтоҷ ҳастем, бо дасти дароз аз давлатҳо қарз мекобем, як миллион мардуми бенавои худро аробакаш кардаем, дар ин ҳолат мустақил нестем. Ин истиқлолият нест. Охир ба ҳама чиз мўҳтоҷ ҳастем. Ҳатто маблағҳои интиқолмедодаи муҳоҷиронамон аз даромади буҷет бештар мебошад. Вақте истиқлолияти энергетикӣ набошад, озуқа набошад, коммункатсияро тамом накардаем, истиқлолияти воқеъӣ вуҷуд надорад. Маош дар мо чунон паст аст, ки дар Аврупо онро маош ҳам ҳисоб намекунанд, кўмак барои бекорҳояшон ду-се маротиба аз маоши мо зиёдтар аст. Ин истиқлолият нест, ин фақат хоҳиши мустақил шудан аст!" гуфт ў.
Бо ин ҳама интиқодоти ҷиддӣ коммунисти №1 мегуфт онҳо бо ҳукумат ихтилофоти ҷиддӣ надоранд ва танҳо тафовути дидгоҳашон дар масоили иқтисодист. Дуруст аст, ки барои иштирокдорони анҷуман номаълум боқӣ монд, ки интиқодҳои Шабдолов то куҷо иқтисодианд ва чаро дар ҳолати баамаломада коммунистонро муттаҳам кардан имкон надорад. Зеро ба гуфтаи раиси ҲКТ Эмомалӣ Раҳмон то соли 1994 дар ин ҳизб узвият дошт ва аксари барномаҳои иқтисодии мамлакатро маҳз он замон асос гузоштаанд.
Илова ба ин, иттиҳомоти коммунистон ба аҳзоби дигар, ки дар он замон фаъол набуданду бо ҳамин ватандўстии худро нишон надоданд, як муамморо мемонд. Маълум буд, ки пас аз омадани ҳукумати Раҳмон ба қудрат на Ҳизби демократ ва наҳзати ислом дар Тоҷикистон амал карда наметавонистанд. Бо сабабҳои ҳуқуқӣ низ: Суди олӣ фаъолияти ин нерўҳоро расман қатъ карда буд.
Ба назар мерасид, ки коммунистон зиёд мехостанд ҳамаро, аз ҷумла ҳукуматро бо ҳар имконе, ки доранд, танқид кунанд. Вале кадом чизе, шояд иродаи кам ин имконро маҳдуд мекард. Ин ҳам дуруст аст, ки дар толор қабули назарҳои интиқодӣ аз ҷониби вакилон бештар эҳсос мешуд. Аз ҷумла, вақте як вакили суғдӣ бо танқиди муҳофизакорона суханронӣ мекард, мавҷи қарсак аз кафкўбиҳо ба суханронии Шабдолов низ баландтар садо доданд.
Хулоса ин аст, ки зарфиятҳои (потенсиали) интиқодӣ дар ҲК бамаротиб аз он аст, ки раҳбарияти ҳизб ошкор кардан мехоҳанд. Ин аст, ки бархе аз ҳамкасбони мо зуд хулоса карданд: ҳизб дар панҷаи ду нафар ва аз даст надодани мавқеи парлумонии онҳо маҳв шудааст!
Аммо барои ҳукумат ин ҳизб, ки мавқеаш рўз ба рўз коҳиш меёбад, барои чӣ зарур аст? Чаро, масалан, намехоҳад ба ҷои ду коммунист намояндагони аҳзоби дигари мухолифро ба парлумон ворид намояд ва аз интиқодоти дохиливу хориҷӣ раҳо ёбад?
Магар бо он ки дар парлумон намояндагони ду ҳизби дигари навпайдо ворид шуданд, акнун модели тарҳрезикардаи ҲХДТ "агар мо аз қудрат биравем, ба ҷои мо коммунистон ё исломиҳо меоянд, оё инро қабул доред?" имрўз кўҳна нашудаст?
Як баҳси дигар ҳам ҳаст, ки бо ҳузури авҷмандонаи иқтисодиву молии Хитой ба минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон коммунистон метавонанд ҳисоби дурусте дошта бошанд. Ин модели муносибат, ки "сиёсат аз тариқи иқтисод"-ро дорад, шояд ба коммунистони тоҷик низ сахт асар кардааст. Эҳтимол аз ин рў буд, ки онҳо дар анҷумани худ тақрибан ҳарф ва мавқеи сиёсие нагуфтанд. Ҳарчанд аз анҷумани қаблиашон то ин замон ду маъракаи сиёсӣ - интихоботи президентиву парлумонӣ баргузор шуда бошад ҳам, коммунистон зарур надонистанд, ки дар бораи наҳваи баргузории ин интихоботҳои пуршару шўр чизе бигўянд.
Оё чунин мавқеъгирӣ онҳоро то куҷо муваффақ мегардонад, саволи рўз аст. Чун дар Тоҷикистон ҳолате низ пешгўӣ мешавад, ки бо сабаби заъфи ташкилотҳои сиёсӣ акнун азнавсозии ҷомеа бидуни иштироки аҳзоби сиёсӣ сурат хоҳад гирифт. Ва интизор мерафт, ки коммунистон бо пешвои наву ҷавон ин ҷараёнро пешгирӣ мекунанд. Чизе, ки ҳосил нашуд. Шабдолови 67 - сола бидуни пешниҳоди номзади алтернативӣ боз ҳам раис интихоб (онро интихоб гуфтан мушкил аст) гардид. Яъне гўё онҳоро ҳолати мавҷуда комилан қонеъ мекунад. Танҳо як падидаи нав ин буд, ки пас аз президент Раҳмон раиси ҲКТ дуввумин сиёсатмадори тоҷик буд, ки интихоботашро бо қасам пешвоз гирифт. Ва чӣ қасаме:
"Ба тамоми виҷдонам, ба тамоми ормонам қасам. То ҷон дар бадан ҳаст, то хун дар рагҳои мо ҳаст, ба партияи коммунистӣ, ба Давлати Советӣ, ба марксизм - ленинизм содиқ мемонаму хиёнат намекунам."
Аммо пеш аз ин дар суханронии худ Шабдолов буд, ки ишора мекард, сўҳбату нишастҳои эшонро гўё мақомоти ҳукумат пайгирӣ дораду дар анҷуман ҳам бо ишора гуфт, гўё ҳамаи ҷараёни онро "гўш" мекунанд.
Ростӣ, аз қасами хўрдаи ў ман ҳам хеле дар ташвиш шудам. Як бори дигар онро хонед, шояд шуморо ҳам чунин эҳсос фаро бигирад. Аммо мақомоти ҳукумат эҳтимол далелҳои дигаре ҳам доранду тарси Шабдолов низ асос дорад?
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |