Бахшҳо
03 сен 2011 06:33Минбари Шумо

Баёнияи муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев

2 сентябри соли 2011 бо даъвати президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев ва гуфтушунидҳо дар сатҳи ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар баргузор шуданд.

Ҳар ду ҷониб рушди устувори муносибатҳои шарикии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкории байнидавлатиро, дар асоси усулҳои Аҳднома дар бораи дўстӣ, ҳамкорӣ ва кўмаки байниҳамдигарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 25-уми майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи ҳамкории мутақобилаи иттифоқии мутобиқ ба асри XXI-и байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 16 апрели соли 1999, таъкид карданд.

Манфиатдории тарафайн ба таҳкими муносибатҳои анъанавии дўстона ва шарикии стратегӣ, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба байни ҳарду кишвар тасдиқ гардид.

Таъкид гардид, ки мувофиқаҳои дуҷонибаи дар сатҳи олӣ ба даст омада, ҷиҳати рушди амиқи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия ва дар соҳаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ, илмию фановарӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ зербинои мустаҳкамеро фароҳам меоваранд.

Дар ин робита роҳбарони ҳарду давлат аҳамияти такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкории байниҳукуматию байнидавлатиро, ки ҷиҳати татбиқи самараноки мувофиқаҳои бадастомада равона гардидааст, таъкид намуданд.

Президентҳо саъю кўшишҳои тарафайн ҷиҳати тавсеаи робитаҳо дар сатҳи баланду олиро изҳор намуда, зарурати ба кори Комиссияи байни Ҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ додани хусусияти боризи прагматикиро ба мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо масъалаҳои ҳамкории тиҷорию иқтисодии тарафайнро ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор доданд.

Таваҷҷўҳи хос ба чунин самтҳои асосии ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистон ва Русия, ба монанди энергетика, сармоягузорӣ ва кооператсия зоҳир карда шуд. ҷонибҳо ҳамчунин манфиатдории хешро ҷиҳати татбиқи муштараконаи лоиҳаҳои мушаххаси соҳаҳои гидроэнергетикӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва алоқа изҳор намуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти мубрами рушди муносибатҳоро дар соҳаи инноватсионӣ, инчунин дар самтҳои анъанавии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла саноати кўҳию маъданӣ, сохтмон, саноати сабук ва ғизоӣ, телекоммуникатсия, алоқа, истеҳсоли молҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро таъкид карданд.

Эътироф гардид, ки татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва коркарди маводи сўхт, аз ҷумла пешбурди корҳои кашфиётию геологӣ оид ба омўзиш ва азхудкунии конҳои гази табиӣ аз тарафи ҶСК «Газпром»-и Русия дар Тоҷикистон, ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ ҳамчунин мусоидат хоҳад кард. Дар ин робита роҳбарони ҳарду давлат зарурати тезонидани корҳо оид ба коркард ва азхудкунии конҳои гази табиӣ ва истифодаи истеҳсолии мутақобилан судманди он дар ояндаро ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо масъалаи қарзи ШХСК «Барқи Тоҷик» дар назди «НБО Сангтуда-1» оид ба хариди нерўи барқро муҳокима намуда, ба тааҳуд расиданд, ки қарзи аз ҳисоби хариди нерўи барқ ба вуҷуд омада, аз Тарафи Тоҷикистон пурра то охири соли ҷорӣ комилан пардохт мегардад. ҷониби Тоҷикистон имкониятҳои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ барои содироти нерўи барқи ҶСК «НБО Сангтуда-1» мувофиқи банди 2 Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Федератсияи Россия оиди ҳамкорӣ ҷиҳати истифодабарии НБО Сангтуда-1 аз 30 июли соли 2009 баррасӣ менамояд.

Президентҳо иқдоми Тарафи Русияро ҷиҳати иштирокаш дар лоиҳаи CASA-1000, ки мақсади асосии татбиқи он таъмини содироти нерўи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон мебошад, дастгирӣ намуданд.

Президентҳо аз сатҳи афзоишёбандаи тиҷорати тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати вусъат додани гардиши мол ва беҳтарсозии сохтори он байни ду кишварро таъкид карданд.

Дар ин замина Роҳбарони давлатҳо ба мақомоти марбутаи кишварҳои худ ҷиҳати тезонидани раванди баррасии созишномаи байниҳукуматӣ оид ба воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд.

Президентҳо хусусияти вусъатноки рушди ҳамкориҳои халқҳои ҳарду кишварро дар соҳаи маънавию гуманитарӣ таъкид намуда, манфиатдории тарафайнро дар фаъол гардонидани робитаҳо байни созмонҳо ва ходимони фарҳангу санъат, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма тасдиқ карданд.

Дар ин робита, роҳбарони давлатҳо ҷонибдории худро ҷиҳати татбиқи амалии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва шароити фаъолияти марказҳои фарҳангию иттилоотӣ, ки 1-уми феврали соли 2011 имзо гардидааст изҳор намуданд.

Идомаи ҳамкориҳои зич дар самти маориф ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои энергетика, металлургия, кўҳканӣ ва ғайра низ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Бо ин мақсад Президентҳо ҷиҳати тезонидани ҳалли амалии масъалаи дар ш.Душанбе кушодани филиалҳои Муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ «Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ)» ва Муассисаи таълимоти олии давлатии федеролӣ «Донишгоҳи технологии таҳқиқотии миллӣ («МИСиС»)», ҷонибдории худро баён намуданд.

Президентҳо ба сатҳи ҳамкории мутақобилаи кишварҳои худ дар соҳаи таъмини амният баҳои баланд доданд ва ҷиҳати дар оянда ҷоннок намудани саъю кўшишҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояти муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию байналмилалӣ дастгирии худро баён намуданд.

Дар ин замина Тарафҳо аҳамияти муҳими ҳамкориҳои мутақобилаи минбаъдаро дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, байни қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия, инчунин дар соҳаи таҳкими марзҳои берунии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тасдиқ намуда, аҳамияти ҳамкории мазкурро ҳамчун омили таъмингари амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

Дар ин робита ба мақомоти салоҳиятдори ҳарду давлат супориш дода шуд, ки татбиқсозии чораҳо оид ба такмили ҳамкориҳои мутақобила ва ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самтҳо, аз ҷумла оид ба таҳияи заминаи ҳуқуқии зарурӣ ҷиҳати ҷойгиршавии минбаъдаи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро идома диҳанд.

Роҳбарони давлатҳо татбиқи минбаъдаи чораҳо ҷиҳати ҳамкории амиқ дар масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро ҷонибдорӣ карданд.

Аҳамияти муҳими андешидани чораҳо ҷиҳати ташкили шароити мусоид дар қаламрави Федератсияи Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба ҷалби бонизоми онҳо, ки фарогири масъалаҳои омодагирии то муҳоҷират барои фаъолияти меҳнатӣ, коркард ва татбиқи амалии санадҳои дахлдор бошад, таъкид гардид. Тарафи Тоҷикистон зарурати аз ҷониби

муҳоҷирони меҳнатиаш қатъиян риоя намудани қонунгузории тарафи пазирандаро эътироф мекунад.

Сарони кишварҳо зуҳуроти миллатгароӣ ва тамоюли бегонаҳаросиро (ксенофобия), ки боиси барангехтани ҷудоиандозии миллатҳо ва ё иғвогарӣ ҷиҳати таҷовуз бар зидди дигар миллатҳо мегардад, маҳкум намуда, аҳамияти қабули чораҳои дахлдори қонунгузории аз чунин зуҳуроти хатарнок пешгирикунандаро зикр карданд. Ба ин мақсад ҷонибҳо зарурати тавсеа ва беҳтарсозии ҳамкории байниидоравиро миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти муҳоҷирати ҳарду кишвар таъкид намуданд.

Роҳбарони давлатҳо бо зикри мувофиқат ва ё наздикии мавқеҳои тарафайн оид ба мушкилиҳои калидии минтақавию байналмилалӣ, сатҳи баланди ҳамкориҳои кишварҳои худро аз лиҳози сиёсӣ таъкид доштанд. Дар ин робита онҳо бори дигар тасмими худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, ки ба усулҳои деринаи ҳусни эътимоди тарафайн ва назардошти манфиатҳои дуҷониба дар сатҳи байналмилалӣ асос ёфтааст, тасдиқ намуданд.

Президентҳо манфиатдорӣ ва омодагии давлатҳои худро ҷиҳати идомаи ҳамкории самаранок дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва дигар созмонҳои байналмилалӣ қайд карданд. Мавҷудияти иқтидори фаровон барои амиқ гардонидани чунин ҳамкориҳо таъкид гардид.

ҷониби Русия саъю кўшишҳои Тоҷикистонро дар самти татбиқи муваффақонаи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил, дар доираи раёсати он дар ин созмон, инчунин ташаббусҳои онро марбут ба тақвияти самаранокии амалии ИДМ барои ҳар як давлати аъзо дастгирӣ намуд.

Президентҳо вазъияти Афғонистон ва хатарҳои аз қаламрави он бархезандаро мавриди муҳокима қарор дода, аҳамияти мусоидат ҷиҳати барқарории сулҳ ва ризоияти умум дар ин кишвари азиятдидаро тасдиқ намуданд. Дар баробари ин, президентҳо дар хусуси он, ки ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ омили асосӣ ҷиҳати расидан ба ризоияти дохилӣ ва тағйироти мусбати вазъият дар Афғонистон ба шумор меравад, ҳамфикр буданд.

Роҳбарони ҳарду давлат муътақид ҳастанд, ки муносибатҳои дар асоси робитаҳои мустаҳками таърихӣ ташаккулёфтаи Тоҷикистону Русия, ки дар марҳилаи кунунӣ комилан мувофиқ ба ҳусни тафоҳум ва дўстӣ буда, ҷавобгўи манфиатҳои асили мардуми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошанд, бояд ба сатҳи сифатан наву баланд бароварда шаванд.

Ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ, инчунин Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Федератсияи Русия барои солҳои 2011-2014-ро ба имзо расониданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)