Раҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ барои муқобила бо бӯҳрони Сурия ва Малӣ гирдиҳам хоҳанд омад.
Бино ба гузориши хабаргузории «Бохтар»-и Афғонистон, ҷаласаи мазкур, ки қарор аст, рӯзи 6-уми феврал дар шаҳри Қоҳира баргузор шавад, раёсати навбатии онро Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури Миср бар ӯҳда хоҳад дошт.
Бояд гуфт, ин иҷлос соли 2011 барномарезӣ шуда буд. Аммо ба хотири нооромиҳои минтақавӣ ва сарнагун шудани ҳукумати бархе аз раҳбарон, ба таъхир андохта шуд.
Интизор меравад, дар иҷлоси мазкур кашмакашиҳои умдаи ҷаҳони Ислом мавзӯи меҳвариро ташкил дода, ҳимоят аз истиқлоли кишварҳо ва тамомияти арзии онҳоро ироа хоҳанд кард.
Мӯҳр