Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар мегӯяд, шахсоне, ки ба синни нафақа расидаанд, дар корхонаҳои давлатӣ кам нестанд, аммо ихтисори онҳо аз бахши молияву иқтисодӣ боиси паст шудани иқтисоди кишвар мегардад.
Ба гуфти вазир, соли гузашта 3 нафар шахсони ба синни нафақа расидаро вазорат ба нафақа гусел кардааст ва бо чанд тани дигар шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Дар ҳамин ҳол, дар нишасти имрӯзаи матбуотӣ дар вазорати молия қайд шуд, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 118 миллион доллар афзуда, алъон ба 2 миллиарду 169,4 миллион доллар расидааст. Ба қавли масъулини ин вазорат, ин рақам баробари 28,5 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон аст.
Мӯҳр