Русия сиёсати шаҳраксозии Исроилро, ки вақтҳои ахир густариш ёфта истодааст, ба шиддат интиқод намуд.
Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми 24-декабр изҳор намуд, ки шаҳраксозии Исроил роҳи ҳалли ду давлатро дар маърази таҳдид қарор дорадааст.
Номбурда таъкид бар он намуд, ки шаҳраксозии ин кишвар нақзи ошкорои қатъномаҳои Шӯрои амният маҳсуб гашта, дар ниҳоят боиси дар инзиво қарор гирифтани минтақаи Қудси шарқӣ мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки режими саҳюнистӣ ба хотири аксуламал нишон додан ба иртиқои мавқеи Фаластин дар СММ шаҳраксозии худ дар Каронаи бохтарӣ ва Байтулмуқаддасро густариш бахшидааст.
Мӯҳр