Дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт, имрӯз, 19-уми январ нахустнамоиши филми ҳунарии “Журналист” баргузор мешавад.
Тавре Аъзами Розиқ, коргардони ин филм ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ин филм аз рӯи асари «Марги журналист”-и Хуршеди Атовулло ба навор гирифта шудааст: «Ман ин романро овони ҷавониам хонда будам ва дар сар ҳавои наворгирии сужаи онро доштам».
Маврид ба тазаккур аст, ки зиндагиномаи журналистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар он давра ва мушкилоти иҷтимоию сиёсии шаҳрвандон хати асосии сужаи филмро ташкил медиҳад: «Филм ба ёди онҳое, ки дар талоши ҳақиқат ҷон бохтаанд ва ба хотири онҳое, ки адолатро меҷӯянду ҳақиқат барояшон аз ҳама чиз болост, бахшида мешавад».
Дар ин филм ҳунармандон Қурбони Собир, Давлат Убайдулло, Нозим Мелик, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон нақш бозидаанд.
Оғози намоиш: Соати 14-00
Мӯҳр