Тазоҳургарон ва мақомоти Покистон ба мувофиқа расиданд, ки парлумони кишварро мунҳал намуда, то 90 рӯзи дигар бояд интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар баргузор карда шавад.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», гурӯҳе аз вазирон ва раҳбарони сиёсии Покистон бо тазоҳургарони Исломобод тавофуқномаеро ба имзо расонидаанд, ки бар асоси он Парлумон бояд мунҳал гардида, интихоботи парлумонии зудҳангом гузаронида шавад.Бояд гуфт, Тоҳир Қодирӣ, раиси Ҳизби минҳоҷ ал-Қуръони Покистон чаҳор рӯз мешавад, бо ҳамроҳи даҳо ҳазор аз ҷонибдорони худ дар Исломобод, пойтахти ин кишвар даст ба тазоҳурот зада, хостори мунҳал шудани парлумон ва ташкили давлати интиқолӣ бо ҳамдастии артишу қувваи қазоӣ мебошад. Бар асоси ин гузориш, бояд нахуствазири Покистон санадеро ба имзо расонад, ки тибқи он парлумони ин кишвар то 16-уми моҳи марти соли ҷорӣ мунҳал гардида, тайи 90 рӯзи оянда интихоботи парлумонӣ баргузор карда шавад. Ин дар ҳолест, ки оқои Қодирӣ мегӯяд, то ин санад аз тарафи нахуствазири кишвараш имзо нашавад, ӯ ва ҷонибдоронаш майндонҳро тарк нахоҳанд кард.
Мӯҳр