Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири хос- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон ҷаноби А.Б. Бабар, ки бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Вазъ дар Афғонистон, зарурати муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва экстремизм аз масъалаҳои буданд, ки дар ин вохӯрӣ миёни ҷонибҳо матраҳ гардиданд.
Гуфта мешавад, дипломати покистонӣ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифиро аз номи ҳамтои покистониаш ба сафари расмӣ ба Исломобод даъват намуд.
Мӯҳр