Дар ин бора Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳузури журналистон иброз дошт.
Оқои вазир гуфт, аз аввали давраи бақайдгирии ангезандаи норасоии масъунияти одам (АНМО) яъне аз соли 1991 то имрӯз дар ҷумҳурӣ 4500 нафар ҳодисаи сироятии он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 268 нафарашон фавтидаанд: “Аз ҷумла танҳо дар соли сипаришуда 79 кӯдак ба АНМО гирифтор шудаанд”.
Бино ба қавли вазир дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 752 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси АНМО гузаштаанд, ки ин тақрибан 10 дарсади аҳолии ҷумҳурии кишварро ташкил медиҳад: “Агар дар солҳои пеш 60 дарсад мубталои ин беморӣ мешуданд, ҳоло ин рақам ба 46 фоиз пойин омадааст. Солҳои охир сафи гирифторони бемории АНМО аз тариқи алоқаи ҷинсӣ ва дигар роҳҳо афзудааст. Аз ҳамин хотир, ба ҳамаи сартарошхонаҳои кишвар дастур дода шудааст, ки аз гирифтани риши мардон худдорӣ кунанд. Зеро ин ҳам яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба бемории ВНМО мебошад”.
Мӯҳр