Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дидие Леруа, сафири Фаронса дарТоҷикистон мулоқот намуд.
Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷӣ дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла азнавсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Робитаҳо дар соҳаи илму маориф, нақлиёт ва воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз мавзӯҳое буданд, ки дар ҷараёни ин вохӯрӣ матраҳ шуданд.
Гуфта мешавад ҷонибҳо зимни ин нишаст ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Мӯҳр