Ҷаноби додситони кулл гуфт, тафтиши парвандаи Шерик Карамхудоев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хоруғ алъон идома дорад ва рӯзҳои наздик он ба суд ирсол мешавад: “Вақте Карамхудоев дастгир карда шуд аз ӯ як автомат, як граната, ду магазин бо тирҳояш мусодира карда шуд”.
Бино ба қавли пурокурори генералӣ, Карамхудоев нишондод додааст, ки силоҳҳоро аз додари Имомназаров Имомназар (собиқ қумандон, ки тобистони соли равон дар Хоруғ ба ҳалокат расид) гирифтааст. Ҳамчунин, ӯ дар нишондоди худ қайд кардааст, ки яроқҳоро барои муҳофизати ҷинояткорон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайри қонунии ҷиноятӣ ва ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон додан гирифта будааст.
Ёдовар мешавем, ки Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон боздошт шуда буд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |