Ахиран, китоби Самиюлло Сайфуллоев тахти унвони «Кохи нуру кохи меҳр бошанд з-умраш ёдгор» аз чоп баромад.
Ин асар ба ҳаёт ва фаъолияти собиқ раиси шаҳри Норак Яҳё Мирфозилов бахшида шудааст. Дар пешгуфтор он аз ҷумла омадааст, ки зиндагиномаи Мирфозилов барои ҷавонон ибратомўз буда, намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.
Ҳамзамон, шоир Низом Қосим менависад: «Ҳар гоҳе, ки ба Норак меравам, ё номи пуровозаю пурифтихори онро мешунавам, дар қатори мардони нурониву нурофари ин шаҳри машҳуру ин кохи беназири нур «раисии Мирфозилов» -ро ба некӣ ёд мекунам». Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Яҳё Мирфозилов инчунин вакили Маҷлиси намояндагон Шакарбек Самадов, адибон Ҳоҷӣ Содиқ, Ҷамолиддин Тошматов, Сироҷиддин Осимӣ, Ҳоҷӣ Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ ва Б. Елманов хотираҳои неки худро иброз доштаанд.
Мӯҳр