Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти таъминоти техникии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оид ба татбиқи масъалаҳои амнияти физикӣ ва идоракунии захираҳои аслиҳа дар Тоҷикистон мавриди баррасии аъзоёни Шӯрои МН қарор гирифт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, масъалаи мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов шарҳ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки санади мазкур аз тарафи президент барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод гардидааст. Гуфтанист, ин санад 31 январи соли 2012 дар шаҳри Брюссел ба имзо расида, мақсад аз таҳияи он беҳтар намудани амнияти физикӣ ва идораи захираҳои аслиҳа дар Тоҷикистон ва бахусус кӯмак ҷиҳати таъмини бехатарии захираҳои аслиҳа дар қисми ҷанубии сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин протокол оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш доир ба таъсисёбии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созишномаи байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой баррасӣ гардид.
Мӯҳр