Бахшҳо
13 дек 2012 05:01Хабарҳои ҷаҳон

Cарвазири Британия ғояи қонунигардонии маводи нашъадорро рад кард

Сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон рӯзи душанбе қисман қонунигардонии маводи мухаддир дар мамлакаташро,ки аз ҷониби кумитаи умури дохилаи парламон пешниҳод шуда буд, рад кард.


Чанде пеш ин кумитаи парламонӣ маърӯзаеро интишор дод, ки тибқи он ба ҳукумат пешниҳод мешуд дар равиши мубориза бо маводи мухаддир таҷдиди назар кунад. Муаллифон пешниҳод карданд, ки як комиссияи солоҳиятноки Шоҳигарӣ созмон дода шавад, то дар мавриди аз нав дида баромадани қонунгузории ин соҳа чораҷӯӣ кунад.

Тавре сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ менависад, ба андешаи узви кумитаи парламон ҳукумати Британия бояд доштани меъёри муайяни маводи мухаддир, ҳамчунин мухаддироти пуртаъсире аз қабили героин ва кокаинро қонунӣ кунад. Дар ин маврид онҳо ба таҷрибаи кишварҳое чун Португалия ва Уругвай такя мекарданд, ки роҳи қисман қонунигардонии маводи нашъадорро интихоб карда буданд.

«Ман қоунунигардонии истеъмоли мухаддиротро қабул надорам. Сёсате, ки мо дар Британия Кабир пеш мебарем, натиҷаҳои худро медиҳад. Истеъмоли маводи нашъадор дар кишвар коҳиш меёбад», - изҳор дошт Дэвид Кэмерон дар Кембриҷ.

«Комилан дуруст мебуд агар мо ба табобат таваҷҷуҳ мекардем, бояд ба ин роҳ идома диҳем, то ки вазъро тағйир диҳем. Мо бояд сади роҳ шавем, ки маводи мухаддир ба зиндонҳо роҳ наёбад. Ин аст роҳе, ки ҳукумат интихоб кардааст ва ман фикр мекунам бояд ҳамин гуна пеш равем, на ки Комиссияи Шоҳигарӣ созмон диҳем, ки кори он муддати тӯлонӣ идома хоҳад кард», - гуфт сарвазири Британияи Кабир дар хотимаи суҳбаташ.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)