Хабарнигори Озодагон, ки зимни қабули ин тарҳ ширкат дошт, иттилоъ дод, ки Олимҷон Салимзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи мазкур иброз доштааст, ки тарҳи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» имрӯз дар он шакле омода шудааст, ки ҳам аз нигоҳи услуб, аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳамчунин аз нигоҳи забон ва тарзи баён такмил ёфтааст.
Номбурда гуфтааст, бо қабул гардидани ин қонун ҳамакнун ба саволу номаҳои намояндагони ВАО мақомоту идораҳои давлатӣ дар давоми се рӯз бояд ҷаввоб гардонанд.
Гуфта мешавад, қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» аз 6 бобу 36 модда иборат буда, дар он як боби махсус роҷеъ ба дастгирии намояндагони ВАО барои дарёфт кардани иттилоот ворид карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ин лоиҳаи қонун беш аз 18 маротиба аз ҷониби гурӯҳи кории парлумон бо иштироки намояндагони ВАО баррасӣ гардида буд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |