Бахшҳо

Дипломати тоҷик ба саволҳои донишҷӯёни Берлин ҷавоб гуфт

Имомудин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар  Олмон бо устодону пажӯҳишгарон ва донишҷӯёни Донишгоҳи озоди Берлин (Freie Universität Berlin) мулоқот намуд.

Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Сатторов дар ин вохӯрӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон  суханронӣ намудааст: « Дар маърӯзаи худ Имомудин Сатторов дар бораи рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир ва инчунин ислоҳоту барномаҳое, ки бо ҳадафи тақвияти нақши институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили соҳаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи бемайлони иқтисодиёти миллии кишвар равона шудаанд, нақл намуд».

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҳамчунин иқтидори сармоягузорӣ, муҳимтарин лоиҳаҳои иқтисодию энергетикӣ ва шароити мусоиде, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст, муаррифӣ шудааст.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба саволҳои сершумори донишҷӯён дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақа ва иштироки кишварамон дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон посухҳои муносиб дод.

Мавриди зикр аст, Донишгоҳи озоди Берлин бузургтарин ва яке аз муҳимтарин марказҳои омӯзиш ва илмии Олмон маҳсуб мешавад. Ин донишогоҳ соли 2007 ба рӯйхати нӯҳ донишгоҳи маъруфи Олмон ворид карда шуд. Дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 36 ҳазор донишҷӯ дар 16 риштаи мухталиф таҳсил мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)