Мутахассиони кор бо ҷавонони Тоҷикистон мехоҳанд донишҳои сиёсии худро дар Хитой мукамал намоянд.
Аз 2 то 12-уми декабри соли равон мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ҷумҳурии халқии Хитой сафари таҷрибаомузӣ доранд.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки сафари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ ва малакаи кори мутахассисон дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва шиносои пайдо кардан аз таҷрибаи Хитой дар ин самт мебошад.
Рӯзи аввали сафар нахуст иштирокчиён дар шаҳри Пекин аз котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дидан намуданд ва сипас нимаи дуюми рӯз бо масъулони шўъбаи байналмилалии Ҳизби коммунистии Хитой мулоқот анҷом доданд.
Мӯҳр