«Як тоҷири афғон вақте борро ворид мекунад дар Афғонистон сад афғонӣ бояд ба давлат бидиҳад, ки андоз ҳаст ин, дар муқобили ҳар сад афғонӣ, ду афғонӣ барои Ҳилоли аҳмар медиҳад».
Дар ин бора Фотима Гелонӣ, сарвари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон бо хабарнигорон иброз дошт. Ба гуфти ӯ, 80 сол аст, ки тоҷири афғон ҳар андозе, ки барои давлат медиҳад, ду дарсади онро боз аз ҷайби худ медиҳад. Бону Гелонӣ ҳамчунин гуфт: «Аслан, бузургтарин даромади мо, ҳамин садақае аст, ки аз тоҷирон меояд ва ин бисёр муҳим аст, ки тоҷирон масъулияти худро дар баробари мардуме, ки надоранд, дошта бошанд». -- ----Имрӯз ман тоҷирони афғонро даъват карда будам, чанд тоҷири калони афғон ҳам буданд, ки онҳо ҳам дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хонаводашон ин ҷо ором зиндагӣ мекунад. Авлодашон мактаб мераванд, ки онҳо ҳам як масъулияте дар баробари Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дошта бошанд,..
Матни комили мусоҳибаро аз ин нишонӣ мутолиа карда метавонед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16826
Мӯҳр