Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, ки дар толорҳои хизматрасонии фурудгоҳ платформаи CUTE ULTRA DCS насб шуд.
«Платформаи мазкур ва нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкоридошта имконият медиҳад, ки мусофирони худро тариқи низоми худкори хеш ба қайд гиранд»,-афзуд номбурда. Ба гуфтаи вай барои идора намудани системаи нави бақайдгирӣ, ки ҳамакнун насбсозии он ба анҷом расидааст, мутахассисоне заруранд, ки тамоми дастгоҳҳоро идора намуда тавонанд. Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати «Рапискан» муҳандиси коршинос Бену Бинепал даъват шуд ва раванди омӯзиш шурӯъ гардидааст: «Алъон панҷ корманди Хадамоти истифодаи таъминоти радиотехникии алоқа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҷаноби Бинепал 63 сола буда, 37 сол таҷрибаи корӣ дорад. Тахассуси муҳандисиро дар Лондон аз бар карда, дар 50 кишвари ҷаҳон корбарии системаи мазкурро омӯзондааст. Дар кишварҳои Туркия, Сурия, Либия, Қувайт, Дубай, Россия, Мексика ва минтақаи аврупоию ҳинду индонезӣ кор кардааст. Дар ҳоле, ки дарсҳо бо забони англисӣ мегузаранд, ҷаноби Бинепал гуфт ҳудуди даҳ рӯз кофист, то мутахассисон тарзи идора намудани системаи навро азбар намоянд».
Мӯҳр