Бахшҳо
17 июн 2011 09:04Иқтисодӣ

Хитой ва Ҳиндустон заминҳои Тоҷикистонро гирифтан нахостанд

Як шартномаи бесамари вазорати кишоварзӣ фарзияҳои гуногунро ба вуҷуд овард.


Ҳиндустон ва Хитой чанде пеш барои кишти маҳсулот дар заминҳои Тоҷикистон шартнома баста буданд, вале акнун аз ин иқдом худдорӣ кардаанд. Тилавмурод Дониёров, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати кишоварзӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки Ҳиндустон дар вилояти Хатлон барои кишти 1000 гектар замин шартнома кард, аммо бо сабабҳои номаълум баъдан барои идомаи кор ҳозир нашуд. Хитой низ аз иҷора гирифтани заминҳои кишоварзии Тоҷикистон даст кашидааст. Яке аз сабабҳои чунин мавқеъгириҳои Ҳиндустон ва Хитойро ба он вобаста медонанд, ки заминҳои Тоҷикистон моликияти истисноии давлат аст. Дар ҳоле, ки намояндагони ин давлатҳо хостаанд ин заминҳоро ба онҳо на ба сифати иҷора, балки ҳамчун моликияти шахсӣ бидиҳанд.

Ҷаноби Дониёров гуфт, ки намояндагони давлатҳои номбаршуда феълан қонунҳои моро омӯхта истодаанд ва ба онҳо асосан давлатӣ будани замин маъқул нест. Шахсӣ кардани замин бошад ба қонунгузории мо мутобиқат намекунад.

Сармоягузоронро фасод гурезонд?

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон чунин мешуморанд, ки дар чунин ҳолатҳо эҳтимоли мавҷудияти омилҳои дигар, аз ҷумла фасоди моливу пораситонӣ дар сохторҳои кишвар вуҷуд дорад ва дар натиҷа сармоягузорони ватаниву хориҷӣ водор мегарданд аз баҳри иқдомҳои худ бигзаранд.
Шореҳи масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён ба ин андеша аст, ки ҳар як тоҷиру соҳибкоре, ки ба Тоҷикистон меояд ва мехоҳад, ки ҳамкорӣ кунанд, ба бюрократия ва фасоди молӣ рӯ ба рӯ мешавад ва ҳатман аз ҳамкорӣ даст мекашад. Ба хотири он ки вазорату идораҳои давлатӣ барои иҷрои барномаҳое, ки аз сӯи созмонҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, аввал тавофуқ мекунанд. Баъдан вақте, ки аз соҳибкорон шояд ягон чиз талаб мекунанд, онҳо аз фаъолият даст мекашанд. Вай гуфт: «Дар Тоҷикистон ин як кори маъмулист ва дар ин бора бо якчанд намояндаи мардумӣ сӯҳбат доштам. Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки агар мо гӯем, ки дар Тоҷикистон фасод нест, иштибоҳ мекунем. Ҳатто аз сармояи хориҷие, ки сармоягузорон ворид кардан мехоҳанд, аз он ҳам пора мепурсанд ва ба ин сабаб хориҷиҳо аз ҳамкорӣ даст мекашанд. Ана ҳамин фасод асоси адами ҳамкориҳо мешавад. Хоҳ бо соҳибкори ватанӣ бошад хоҳ бо хориҷӣ монеа эҷод мекунанд».

Коршиносон мегӯянд, ки барои ҷалби сармоя ва сармоягузорон бояд пеш аз ҳама муҳити сармоягузории кишвар мусоид бошад. Вагарна онҳо аз ворид кардани сармоя ба хотири хисорот надидан худдорӣ меварзанд.
Аммо Тилавмурод Дониёров, як масъули вазорати кишоварзӣ, зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки сабаби наомадани сармоягузорони ин кишваҳоро онҳо худашон медонанд. Зеро онҳо ба мо ҳисобот намедиҳанд, ки бо кадом далел наомадаанд: «Бисёр давлатҳо шартнома мекунанд ва агар лозим донистанд, кор мекунанд, лозим надонистанд, мо ҳуқуқи муҳокима кардани онҳоро надорем. Мо барои ҳамкорӣ омода ҳастем, лекин онҳо наомаданд. Мо тамоми шартҳои онҳоро қабул кардем. Вале онҳо гуфтанд, ки мо иҷора намегирем, балки мехарем».

Сабаб: бетаҷрибагии масъулин?

Аммо ин дар ҳолест, ки ба андешаи бархе аз соҳибназарон дар мавриди бастани шартномаву қарордодҳо масъулини ниҳодҳои давлатии мо ҳанӯз таҷрибаи чандоне надоштаанд. Муҳаммад Фармонзода, таҳлилгари тоҷик аст, ки мегӯяд ба ин гуна мавқеъгирии масъулини Вазорати кишоварзӣ бо тардид менигарад: «Ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз ҳам масъулини мо дар таҳия ва имзо кардани қарордодҳои байнисоҳавӣ ва байнидавлатӣ ба иштибоҳҳо рӯ ба рӯанд. Агар лағви қарордод барои замин бошад, пас чаро ниҳодҳои марбутаи кишвар дар омода кардани шартномаҳо ба иштибоҳ роҳ додаанд? Бояд дар ин самт мақомоти ҳуқуқии кишвар тафтишот бубаранд» андеша дорад ӯ.
Ба гуфтаи коршиносон мақсад аз иҷора додани замин ба сармоягузорони кишварҳои Чину Ҳиндустон дар он ифода меёфт, ки заминҳои шӯразору бекорхобидаи Тоҷикистонро ба кишту кор омода кунанд ва бо истеҳсоли маҳсулот фоида ба даст оранд. Муҳаммад Фармонзода, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар ин маврид чунин гуфт, ки дар шароити феълӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ва бевосита мушоракатҳои кишварҳои дорои имконият дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои бекорхобидаи навоҳии Хатлону Бадахшон аз манфиат холӣ нест. Зеро барои мавриди истифода қарор додани заминҳои мазкур, маблағҳои зиёд, техникаву таҷҳизоти зиёд лозиманд. Вале шароитҳои имрӯзи кишвар имкон намедиҳад, ки ин гуна заминҳоро бо дасти кишоварзони худӣ ба истифода диҳем.
Воқеан, дар сарзамини мо заминҳои бекорхобидаи корам хеле зиёд аст ва бештарашон дар навоҳии минтақаи ҷануб ва баъзе навоҳии вилояти Бадахшон аст. Солҳост, ки заминҳои мазкур беистифода қарор гирифтаанд ва ҳамин омил боис шуда, ки ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳои Чину Ҳиндустон шартномаҳо бубандад, то дар заминҳои бекорхобидаи мо ба зироаткориву сабзавоткорӣ машғул бошанд, ки тарафайн даромад бигиранд. Вале мутаассифона, лағви ин қарордод тавре расонаӣ шуд, ки ҳадсу гумонҳоро ба вуҷуд овард.  

Андози тоҷикӣ ҳинду ва хитоиҳоро тарсонд?

Вале ба гуфтаи Муҳаммад Фармонзода шояд, яке аз сабабҳои бекор кардани қарордодҳо ин ҷалби коргарҳои чиниву ҳиндӣ бошад. Зеро Ҳиндустону Чин аз кишварҳоеанд, ки ҳар куҷое сармояи худро фиристанд, ҳатман шарти аввалашон ҳамин аст, ки  иштироки 70-80%-и кормандонашонро аз ҳисоби мардумашон таъмин хоҳанд кард, ки ин барои кишвари мо ҷуз хатари бекориву иқтисодӣ чизе беш нест. Вале ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам дар қонунгузории мо ба ин нукта аҳамият надодаанд, то дар ин самт маҳдудиятҳоро ҷорӣ кунанд, мегӯяд ӯ.

Гуфта мешавад, ки агар ин кор амалӣ мешуд, истеҳсолот дар дохил зиёд мегардид, нархҳо мӯътадил мешуданд, ҷойҳои кории бештар ҳосил, заминҳои бекорхобида ҳосилхез ва технологияҳои нав ворид мешуданд. Тухмиҳои наву гуногун ворид мешуд, таҷрибаи кишварҳои мазкурро меомӯхтем, мардум музди меҳнат мегирифт ва ғайра.

Аммо дар ин самт низ мушкилиҳои зиёд ба назар мерасад. Тавре коршиносон иброз медоранд, дар Чин аз деҳқонон тамоман андоз ситонида намешавад ва ин боис ба зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гашта, соҳибкоронро ҳавасманд мегардонад. Аз ҳамин хотир гуфта мешавад, ки шояд яке аз сабабҳои лағв шудани шартнома аз ҷониби чиниҳо андози гарон дар замини кишоварзии мо бошад. Зулфиқори Исмоилиён бар ин бовар аст, ки чиниҳо дуруст мегӯянд, ки аз замин андоз ситонида нашавад. ӯ гуфт: «Дар Тоҷикистони мо касе замин гирад, худо ба сари ӯ мезанад. Ба хотири он ки замин аз андоз қарздор аст. Ба ҳамин хотир заминҳои мо бекор мехобанд ва касе наметавонад, ки онро истифода барад. Ҳоло мегӯянд, ки ин қадар боғ кардаанду заминҳоро ба кор андохтаанд, аммо ба фикри ман аксари ин ҳисоботҳо дурӯғ аст. Дар вилояти Хатлон бисёре аз заминҳо бекор хобидаанд, шӯра задааст, аллакай вайрон шудаанд. Мардум дар чунин заминҳо кор намекунанд. Ба он хотир, ки андозаш зиёд аст. Холо агар як гектар замин гирӣ, бар сарат меоянд ва мегӯянд, ки 20 сол шуд ин замин аз андоз қарздор аст, авал андозро супор, баъд кор кун! Аз ин замин чӣ хел фоида мебинӣ? Ба ин хотир ҳам кишоварзону соҳибкорони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ аз фаъолият дар чунин заминҳо даст мекашанд».

Инчунин ба гуфтаи коршиносон бӯҳрони сӯзишворӣ ва боло рафтани нарху наво шояд яке аз сабабҳои лағв шудани шартномаи миёни ин ду кишвар ва Тоҷикистон шуда аст. Зеро аз як сӯ андози гарону зиёд аз замин ва аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бар зарари кишоварзон тамом шавад, аз ҷониби дигар қимати сӯзишворӣ, дар ҷуфту кишти замин ва харидани нуриҳои минералӣ боис ба он мегардад, ки деҳқон фоида намебинад.
Дар шароити феълӣ камшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи нуқоти олам эҳсосшаванда аст ва ҳамчунин ниҳодҳои омӯзишии СММ ҳушдор медиҳанд, ки ҷаҳони саввумро гурӯснагӣ таҳдид мекунад. Дар ҳамин маврид мақомоти давлатӣ асосан рӯи соҳаи кишоварзӣ такя мекунанд ва мегӯянд, ки машғулият дар ин соҳа ба рушди иқтисодиёт оварда мерасонад. Вале бо бӯҳрони сӯзишвориву андозҳои гарон ба гуфтаи таҳлилгарон такя кардан танҳо ба ин соҳа наметавонад боиси рушди иқтисодӣ гардад.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)