Дар ин бора ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба гуфти манбаъ, рӯзи 21-уми ноябри соли равон, тахминан соати 19.30 дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Р. Набиеви шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи бинои дармонгоҳи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, шаҳрванд Ҷамшед Шамсиддинови 30-соларо, ки дар канори роҳ меистод, пахш намуда, аз ҷои ходиса ғайб задаст. Шамсиддинов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи Хуҷанд бистарӣ гаштааст.Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бо «изи гарм» дар худуди шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Мадина Холбекова, сокини 20-солаи ноҳияи Б. Ғафуров дастгир карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро содир намудааст.
Оиди ин ҳодиса чораҳо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 212 ( вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) ва 127 қисми 1 (дар хатар монондан, дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъити барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад)-и КҶ ҶТ андешида шуда истодааст.,
Мӯҳр